Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии авзоъи минтақаи Рашт дар порлумон


Иҷлосияи дуввуми Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа бо баррасии авзои шарқи Тоҷикистон оғоз ба кор кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва вакили навоҳии Рашт дар порлумон, зимни суханронии худ гуфтааст, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба саҳнаи бархурди манфиати қудратҳо табдил шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ дар соли гузашта ва имсол низ дар шарқи Тоҷикистон ҳузур ёфтаанд ва талош доранд авзоъи ин минтақаро бӯҳронӣ кунанд.

Ӯ дар суханронии худ аз минбари парлумон аз ҷавонони минтақаи Рашт даъват кард, ки ба таблиғи ин гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав дода нашаванд ва бо хитоб ба ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои тундрав аз сари ноогоҳӣ пайвастаанд, гуфт, бояд силоҳҳои худро бигузоранд ва ба зиндагии осоишта бозгарданд.

Аммо намояндагони матубот, ки ҷараёни ҷаласаро пайгирӣ мекарданд, мегӯянд, ба сурати умум раиси парлумони Тоҷикистон ҳарфи наве нагуфт. Ӯ танҳо ҳушдореро такрор кард, ки дар изҳороти ахири раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо садо додааст.

Бархе аз рӯзноманигорон ва таҳлилгарон дар пайи шарҳи ошкортар ба изҳороти ахири дабири Шӯрои амният Амриқул Азимов будаанд, ки гуфтааст, Тоҷикистон кишварҳои манфиатдор ба нооромиро мешиносад. Дар сухани ифтитоҳии раиси парлумон ба ин нукта ишора нашуд. Намояндагони мардумӣ аз доираҳои наздик ба ҳукумат аз посух ба ин пурсиш, ки кадом кишвар ҳаводори ҷангу ҷидол дар Тоҷикистон аст, худдорӣ карданд.

"Дасти хориҷӣ" дар нооромиҳои Рашт

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲНИТ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, шояд далели ошкор накардани исми "дастандаркорон"-и нооромиҳои Камароб дар он бошад, ки ҳукумат бовар дорад ин кишварҳо аз идомаи мудохила ба ҳаводиси дохили Тоҷикистон даст мекашанд.



Вале Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизби коммунист, то андозае дар бораи кишвари мухотаби мақомот, ки хоҳони бесуботӣ ва монеи рушди кишвар аст, рӯшанӣ андохт. Оқои Шабдолов гуфт, ки дар ҳоле ба тарҳҳои энержии давлат ва равуои қаторҳо мамониат мешавад, пас маълум аст, ки кадом кишвар дар назар аст.



Ёдовар мешевем, ки бинобар қатъ будани робитаи телефонӣ ва интернетӣ дар водии Рашт дар бораи идомаи амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат иттилое пахш нашудааст. Ҳамчунин то ҳол маълум нест, сафари дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов, ки гуфта мешуд талаби халъи силоҳро ба гурӯҳҳои мусаллаҳ мерасонад, чӣ натиҷа ба бор оварда бошад.
XS
SM
MD
LG