Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони маҳрум аз неъмати савод


Дар Тоҷикистон то ҳанӯз оилаҳое ба сар мебаранд, ки ҳама аъзои он таҳсилнодидаанд ва бо ин вуҷуд, рӯзгори осудаву таъмин доранд. Фотима Давлатёрова, як зани тақрибан 50-сола аз деҳаи дурдасте дар ноҳияи Балҷувон аст, ки мегӯяд, 7 фарзанди болиғи нохонда дорад.

Азбаски дар деҳае, ки ин хонавода ба сар мебарад, дабистоне мавҷуд набуда, наздиктарин мактаб 5 километр дуртар аз маҳалли иқомати онҳо воқеъ аст, кӯдакони ин деҳа наметавонанд дар он таҳсил кунанд.

Бахши аъзами кӯдакони русто аз неъмати савод маҳруманд

Сокинони деҳаи дурдасти мавсум ба Ниса дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон мегӯянд, бахши аъзами кӯдакони ин русто дар ҳеҷ мактабе таҳсил накардаанд ва хату савод надоранд.

Деҳи мазкур аз маркази ноҳияи Балҷувон тақрибан 40 километр ва аз шаҳри Душанбе, пойтахт, беш аз 240 километр дуртар воқеъ буда, дар наздикии он на дабистоне ва на бунгоҳи тиббӣ мавҷуд будааст.

Фотим Давлатёрова - сокини ноҳияи Балҷувон
Фотима Давлатёрова, зани тақрибан 50-солаи сокини деҳаи Ниса, мегӯяд, ҳеҷ яке аз 7 фарзанди болиғаш ба сабаби набуди дабистон таҳсил накардаанд ва хату саводи андак ҳам надоранд:

«Кӯдакони мо мактаб намехонанд, тамоман савод надоранд, ҳарфро ҳам намешиносанд. Ҳамин 7 кӯдак дорем, таҳсил намекунанд, охир мактаб дар ин наздикиҳои мо нест. Ҳамаашон армони таҳсил кардан доранд. Фарзанди калониам, агар ба ҳамсолонаш дар шаҳру ноҳия нигоҳ кунем, ҳоло мебоист ба синфи 10-ум биравад. Ӯ ва ҳамсолонаш аз деҳаи худамон ҳам мактаб надоранд, саросар бесавод мондаанд. Духтур нест, мактаб нест, роҳҳоямон харобу валангор. Ба мактаби дигар рустоҳо ҳам рафта наметавонанд, дур аст бисёр, дарё мегузарад, азоб аст рафту омад, бемор мешаванд. Бисёр зиқ мешавам гоҳо, аммо чора надорем…»

Хонум Давлатёрова меафзояд, худи ӯ ва шавҳараш дар мактаби Шӯравӣ таҳсил карда, ба фарзандон қисса мекунанд, ки он замон соҳибхатту савод шудан барои кӯдакони деҳаҳои дурдаст ҳам осон даст медод.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Ниса, наздиктарин дабистон 5 километр дуртар аз маҳалли иқоматашон воқеъ буда, ба сабабии дурии роҳ, харобии ҷодаҳо ва набуди васоили нақлия, кӯдакони ин деҳа ба он мактаб рафта наметавонанд.

Дар рустоҳои дигар вазъ аз ин беҳтар нест

Умед Давлатёров, фарзанди дуввуми хонум Фотима аст, ки агар мактаб мехонд, ҳоло мебоист дар синфи 9-ум таҳсил мекард.

Вай мегӯяд, ба ҷуз аз навиштани ном ва насабаш, ки аз падар ёд гирифтааст, ҳарфи дигаре рӯйи коғаз навишта наметавонад:

«16-солаам. Хай, хондаву навишта наметонам, шарм медорам, аммо ҳама ҷӯраҳоям ҳам хондагӣ нестанд. Корамон ҳамин
Умед - писари хонум Фотима Давлатёрова
чорводорӣ ва боғдорӣ аст. Орзу дорам, ки дар оянда соҳиби мактаб шавему хату савод ёд гирем…»


Меҳрӣ Каримова, як сокини дигари ҳамин деҳ, мегӯяд, замоне духтараш дар маркази ноҳия дар хонаи пайвандон мезист ва дар мактаби маҳаллӣ таҳсил мекард.

Аммо ҳоло, ки имконияти молӣ даст намедиҳад, хонум Меҳрӣ водор шудааст, ки духтарашро бо худ ба деҳа биёрад, деҳае, ки таълимгоҳ надорад ва аксари кӯдакон ҳам хонашин ҳастанд:

«Духтари ман ҳоло бояд дар синфи 6 хонад, аммо аз синфи 4-умияш баровардем. Шароит надоштем, ки ӯро дар маркази ноҳия ё шаҳр фиристем, то таҳсил кунад. Хату саводаш бад нест, хуб таҳсил мекард, донишаш ҳайф мешавад, аммо чӣ кунем, ки мактаб нест. Мактаби наздиктарин 4-5 километр дур аст, он ҷо кӯдакони бечора аз куҷо рафта омада метавонанд?!»

Ба мисли деҳаи Ниса дар ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон, тақрибан 30 рустои кӯчак ва дурдасти дигар мавҷуд аст, ки дорои мактаб нестанд ва наврасони ин деҳаҳо шароити таҳсил кардан надоранд ё имкони бисёр маҳдуд доранд.

Дар орзуи мактаб

Идораи маорифи вилояти Хатлон дар пешниҳоди маълумоте дар бораи шумораи дақиқи кӯдаконе, ки дар рустоҳои канории Балҷувон (ва кулли вилояти Хатлон) аз таҳсил дур мондаанд, оҷизӣ мекашад.

Бо вуҷуди ин ҳама, агар ҳам ҳеҷ кадоме аз 7 фарзанди Фотима Давлатёрова ва фарзандони сокинони дигари деҳаи Ниса мактаби миёнаро хатм накардаанд ва ё аслан ба мактаб нарафтаанд, онҳо феълан бо ҳунарҳои мухталиф, мисли боғдорию кишоварзӣ машғул буда, аз он ҳисоб зиндагии осуда доранд ва дар орзуи таъсиси мактабу бунгоҳи тиббӣ ва бунёди роҳҳои мошингузару хатҳои барқ рӯзи худро пушти сар мекунанд.
XS
SM
MD
LG