Дар сармақолаи маҷаллаи «Падида» омадааст, ки мардуми сайёраи замин авҷи таҳдидҳои аз байн рафтани фарҳангҳо ва ҳатто бархе аз забонҳоро аз сар мегузаронанд. Зикр шудааст, ки Бунёди Кристенсен маҳз ба манзури рисолати пурифтихори ҳифзи фарҳангҳо, расму оин ва суннатҳои мардумӣ лоиҳаи табъу нашри ин маҷалларо рӯи даст гирифтааст.
Истиқболи ҷамъияти тоҷикон аз нашри маҷалла
Қодиршои Муравват, ноиби раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, дар ин маросим гуфт, ҷои ифтихор аст, ки дар Бишкек ба нашри як маҷаллаи фарҳангиву кишоварзӣ ва этнографиву фолклорӣ камари ҳиммат бастаанд. Ба гуфтаи оқои Мурувват, нашри ин гуна маҷаллаҳо дар тарғиб ва ташвиқи расму оинҳо, забону фарҳангҳо мусоидат мекунад.
Эрҷен Ҳамагонова, раҳбари барномаҳои Бунёди Кристенсен дар Осиёи Марказӣ ва Туркия, ибрози умедворӣ кард, ки кормандони маҷаллаи «Падида» ҳамеша эҳтиёҷи муштариёнро мадди назар хоҳанд дошт ва дар рангорангии он талош ба харҷ хоҳанд дод.
Истода Турсунова, яке аз дастандаркорони нашри маҷаллаи «Падида» дар Бишкек, ба радиои Озодӣ гуфт: «Маҷаллаи «Падида» барои ошноии мардуми Қирғизистон бо фарҳанг ва суннатҳои тоҷикон арзи вуҷуд намуд. Дар маҷалла мақолаву гузоришҳое дарҷ ёфтаанд, ки олимону пажӯҳишгарон ва як гурӯҳи соҳибкорзанони тоҷик зимни фаолият дар арсаҳои мухталиф рӯи коғаз овардаанд. Академик Оғоназар Ақназаров - мудири пажӯҳишгоҳи биологии Помири Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ - мудири Маркази антропологии Ҳарҳангистони улуми Тоҷикистон, Муҳаббат Мамадалиева - мудири созмони иҷтимоии «Зан ва Замин» ва амсоли онҳо бо маҷалла ҳамкорӣ мекунанд».
Минбар барои тарғиби фарҳанги тоҷикон
Истода Турсунова изҳор кард, ки ҳар як мақолаи ин шумораи маҷаллаи «Падида» самти мушаххасеро баррасӣ кардааст ва муштариён аз мутолиаи он баҳраи зиёд хоҳанд бардошт.
Як нафар аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар маросими муаррифии маҷаллаи «Падида» ширкат дошт, нашри онро ба ҳамаи тоҷикони кишвараш табрик гуфт. Вай фзуд, тавассути маҷаллаи «Падида» онҳо бо соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва суннатҳои мардуми тоҷик аз наздик ошно хоҳанд шуд.
Қобили зикр аст, ки муштариёни маҷаллаи «Падида» роҷеъ ба мавқеи ҷуғрофии панҷ водии Тоҷикистон - Ҳисору Рашт, Зарафшону Истаравшан ва водии Вахши зарнисор низ маълумоти муфассал пайдо хоҳанд кард. Ҳамчунин силсилаи аксҳои фаровон, ки «Падида» ба муштариён пешкаш кардааст, аз ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳикоят мекунад.