Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт раҳбари ҷанҷолӣ дар таърихи Маҷмаи умумии СММ


Вебсайти нашрияи "The Christian Science Monitor", ба муносибати чанд суханронии ҷанҷолии Маҳмуд Аҳмадинажод дар нишастҳои маҷмаи умумии СММ, нигоҳе андохтааст ба суханронии чанд раҳбари дигар дар солҳои гузашта аз минбари СММ, ки ҳар кадом, ба гуфтаи ин нашрия, ба далеле саҳифаи нафратангези таърихи СММ маҳсуб мешавад.

1. Муаммар Қаззофӣ, роҳбари Либия

Муаммар Қаззофӣ, барои аввалин бор пас аз чаҳор даҳаи ҳузур бар маснади қудрат, дар сентябри соли 2009 дар 64-умин Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кард.

Раҳбари ҷанҷолӣ ва ғайри одии Либия, фақат 15 дақиқа вақт барои суханронӣ дошт аммо суханронии вай беш аз як соат тӯл кашид .

Ӯ дар ҷараёни суханронии худ нусхае аз маншури СММ-ро пора кард ва Шӯрои Амнияти СММ-ро «шӯрои террор ва ваҳшат» хонд.

Ӯ дар вокуниш ба сӯҳбатҳое, ки дар он замон дар заминаи мубориза бо терроризм матраҳ буд. аз ҳозирин дар маҷмаъ пурсид : «Чаро мо бо Толибон мухолифем? Чаро бо Толибон, ки ба думболи таъсиси кишвари исломӣ ҳастанд, мухолифат мешавад?»

Ӯ дар айни ҳол гуфт, ки зукоми хукӣ як силоҳи биологии сохтаи инсон аст.

2. Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон

Маҳмуд Аҳмадинажод дар се давраи маҷмаи умумии СММ дар солҳои 2005, 2009 ва 2010 суханронӣ карда аст. Дар тамоми ин маворид, ӯ мавзуоти ҷанҷолӣ ва кинаварзонаро матраҳ кардааст.

Яке аз мавзӯоти ҳамешагии суханрониҳои вай, муттаҳам кардани Амрико ба анвоъ ва ақсоми ҷиноят алайҳи башарият аст. Ҳамчунин мавзӯъҳои зиддиисроилӣ аз дигар мазомини суханрониҳои ӯст.

Имсол низ, ӯ бо тарҳи ин мавзӯъ, ки ҳамалоти террористии 11 сентябри 2001 эҳтимолан кори бахшҳое аз давлати Амрико буд, ҷанҷоли дигареро ба по кард.

3. Ҳуго Чавез, раиси ҷумҳури Венесуэла

Ҳуго Чавез дар суханронии худ дар соли 2006 ба СММ ҳушдор дод, ки имперализм ҳанӯз хатари аслӣ аст ва гуфт имперализми Амрико мавҷудият ва ҳастии тамоми башариятро ба хатар меандозад.

Ӯ дар идомаи суханонаш гуфт онҳо, ки дар мавриди зоти имперализм шакк ва тардид доранд бояд китоби Чомский бо унвони «Гегемония ё бақои талошҳои Амрико барои иҳота бар ҷаҳон»-ро бихонанд.

Аммо ҷанҷолитарин бахши суханони оқои Чавез замоне буд, ки борҳо Ҷорҷ Бушро бо шайтон муқоиса кард. Ӯ гуфт : «Рӯзи гузашта раиси ҷумҳури Амрико аз ҳамин минбар сухан кард ва ман вайро шайтон хитоб мекунам. Ӯ тавре ҳарф мезад, ки гуё соҳиби кулли ҷаҳон аст».

4.Ҷорҷ Буши писар, раиси ҷумҳури собиқи Амрико

Ҷорҷ Буш дар суханронии соли 2006 –и худ дар маҷмаи умумии СММ ба шакли ошкоро ба ҳайати намояндагии давлати Куба тавҳин кард ва бо ишора ба Фидел Кастро гуфт : «Даврони тӯлонии як диктатори бераҳм рӯ ба поён аст».

Ӯ дар суханони худ изҳори умедворӣ кард, ки Куба замоне билохира ба озодӣ бирасад. Ҳайати намояндагии Куба ҷаласаи Маҷмаи умумиро ба нишони эътироз тарк кард.

Фидел Кастро дар соли 2008 аз мақоми худ ба унвони раиси давлати Куба истеъфо кард ва пас аз қариб ба 50 сол қудратро расман ба бародараш Раул Кастро намуд.

Даниэл Ортега ва Маҳмуд Аҳмадинажод
5. Даниэл Ортега, раиси ҷумҳури Никарагуа

Даниэл Ортега дар аввалин давраи раёсати худ дар соли 1987 ва дуруст дар шароите, ки Роналд Рейган раиси ҷумҳури Амрико аз нерӯҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Никарагуа ҳимоят мекард, дар маҷмаи умумии СММ суханронӣ кард.

Даниэл Ортега дар суханони худ ба Роналд Рейган дар мавриди дахолат дар умури дохилии Никарагуа ҳушдор дод.

Даниэл Ортега гуфт : «Оқои Рейган, қабл аз гӯш додан ба афроди тундмизоҷе, ки тарафдори ҷанг ва ҳамлаи низомӣ ба Никарагуа ҳастанд хуб ба ёд дошта бошед, ки ҷои Рембо фақат дар филмҳои синамоӣ аст.»

Амрико ҳеҷ гоҳ дар Никарагуа мустақиман дахолати низомӣ накард. Даниэл Ортега дар соли 1990 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Никарагуа шикаст хӯрд. Аммо дар соли 2006 дубора ба ин мақом интихоб шуд.

Фидел Кастро- раҳбари собиқи Куба
6. Фидел Кастро, раҳбари Куба

Суханронии Фидел Кастро раҳбари собиқи Куба дар соли 1960, дуруст як сол пас аз пирузи инқилоби ин кишвар, на ба хотири мазмуни суханони вай, балки ба хотири муддати замони он шӯҳрати таърихе дорад.

Ӯ чаҳор соату ним суханронӣ кард, ки аз ин лиҳоз тӯлонитарин суханронӣ дар тӯли таърихи СММ ба шумор меравад.

Дар бахше аз ин суханронии тӯлонӣ ӯ ҳамалоти шахсии тунде низ алайҳи Ҷон Кеннедӣ, раиси ҷумҳури вақти Амрико дошт. Ӯ гуфт : «Агар Кеннедӣ бесавод ва миллионери аблаҳ набуд, медонист, ки барои инқилоб кардан намешавад заминдоронро алайҳи коргарон басеҷ кард».

Ӯ дар айни ҳол, ҷои шак нагузошт, ки барои вай ҳеҷ яке аз ду ҳизби Амрико бо якдигар тафовуте надоранд. Ӯ гуфт : «То ҷое ки мо медонем Кеннедӣ ва Нексон ҳеҷ зеҳни сиёсӣ надоранд.»

Никита Хрушёв ва Юрий Гагарин
7. Никита Хрушёв, раҳбари Иттиҳоди Шӯравии собиқ

Солҳо қабл аз он, ки хабарнигори ироқӣ кафши худро ба сӯи Ҷорҷ Буш партоб кунад, оқои Хрушёв ба ҳангоми сару садои яке аз аъзои ҳайати Филиппин, ки аз сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Аврупои Шарқӣ интиқод мекард, кафши худро даровард ва барои сокит кардани ҳамҳама, онро маҳкам бар минбари Маҷмаи умумии СММ кӯбид.

Никита Хрушёв то соли 1964 раҳбари шӯравӣ боқӣ монд. Иттиҳоди Шӯравӣ низ назорати сахтгиронаи худро бар кишварҳои Аврупои шарқӣ тақрибан то се даҳаи баъд идома дод.
XS
SM
MD
LG