Зимни пахши як муроҷиатнома, аз тариқи телевизиони давлатӣ, ҳайати шахсии вазорати дифоъи Тоҷикистон бархе аз матолиб дар нашрияҳои мустақили чопи Душанбе дар ин бораро муғризона ва иғвоангез хондаанд.
Ноумедӣ аз амалиёти нерӯҳои мусаллаҳ ташвиқ шудааст
Фаридун Маҳмадалиев – сухангӯи вазорати дифоъ, гуфт чопи ин гуна матолиб аз ҷумла бархе аз гузоришҳо дар ҳафтаномаи « Фараж» боиси нигаронии сарбозон ва афсарон шудааст.
Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ин гузоришҳо ноумедӣ миёни аҳолӣ аз амалиёти нерӯҳои мусаллаҳ ташвиқ шуда ва гузашта аз ин ин амалиёти мазкур таҳти шубҳа ва гумон қарор дода шудааст.
Бештари нашрияҳои мустақили чопи Душанбе баъди вуқӯъи ҳамлаи хунин ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ, гузоришҳо мунташир карда наҳваи амалиётро баррасӣ ва ҳам танқид кардаанд.
Дар ин нашрияҳо аз ҷумла масъулони ниҳодҳои қудратӣ дар надоштани иттиллои дақиқ дар мавриди ҳузури гурӯҳи мусаллаҳ ва алайҳи онҳо ба масоф кашонидани сарбозону аскарҳои навомӯхт ва бетаҷриба мавриди интиқод қарор гирифтаанд.
Оҳанги таҳдид ва маҳкумсозӣ
Аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, минҷумла Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бар ин назаранд, ки муроҷиатномаи афсарони вазорати дифоъ оҳанги таҳдид ва маҳкумсозии расонаҳоро дорад.
Нуриддин Қаршибоев-раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, нашрияҳои мустақил дар доираи қонун ва бо риояти муқаррарот танҳо рисолати худро иҷро кардаанд.
Оқои Қаршибоев афзуд, дар матолиби нашрияҳои ҳафтаи гузашта доир ба нооромиҳои водии Рашт ғараз ва иғворо мушоҳида накардааст.
Ба эътиқоди оқои Қаршибоев, муроҷиатномаи вазорати дифои Тоҷикистон мудохила ба фаъолияти расонаҳои мустақил ва хилофи озодии баён аст, ки қонун онро ба унвони як рукни аслии демократия кафолат додааст.
Муроҷиатномаи сарбозону афсарони вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар он ҳамчунин аз рӯзноманигорон даъват мешавад дар чунин давраи ҳассос холисона ва бидуни эҳсос бинависанд, шоми рӯзи 25уми сентябр пораҳое аз сармақолаҳои баъзе аз рӯзномаҳо дар мавриди ҳодисаи Камароб аз тамоми шабакаҳои телевизонии кишвар ба такрор қироат шуд.