Сарвари Тоҷикистон гуфт, ки пайомадҳои бӯҳронҳои саросарии молӣ, иқтисодӣ ва озуқа дар якҷоягӣ бо тағйри иқлим барои расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ халалдор мешавад ва барои посух ба ин чолишҳо бояд имконоти зарурии молиявӣ таъмин карда шавад.
Дастгирии пешниҳоди афзоиши ҳаҷми кӯмакҳои байналмиллилӣ
Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки даъвати кишварҳои дар ҳоли рушд барои ду баробар зиёд кардани ҳаҷми кӯмакҳои байналмилалиро дастгирӣ мекунад.
“Дар робита ба ин даъват барои ду баробар зиёд намудани ҳаҷми кӯмакҳои расмӣ барои рушд, ки ҷузъи муҳимтарини бо маблағ таъмин намудани рушд мебошад, мисли пештара аҳамияти хосса дорад. Ҷудо кардани маблағҳои иловагии берунӣ барои рушд набояд бори сангини қарзи мамлакатҳои рӯ ба инкишофро боз ҳам вазнинтар созад, зеро бе ин ҳам шароити молиявии аксари онҳо бар асари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ниҳоят мураккаб гардидааст.”
Оқои Раҳмон тавсеъаи тиҷорат ва сармоягузории байналмилалиро шартҳои асосии рушди истеҳсолот номида гуфт, ки махсусан ин омилҳо ба кишварҳое, ки ба баҳрҳо роҳи баромад надоранд муҳим аст.
“Мо бояд ҷидду ҷаҳди худро ба бунёди шабакаҳо ва роҳҳои нави байналхалқии нақлиётӣ ва истифодаи самарабахши шабакаву роҳҳои мавҷуда мутамарказ намоем, ки ба фаъолтар гардонидани ширкати ин гурӯҳи кишварҳо дар тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.”
Президенти Тоҷикистон ба ҷамъомадагон иттило дод, ки ҳукумати кишвараш бо дарназардошти аслҳои рушди устувори иқтисодӣ барои худ се ҳадафи стратегӣ гузоштааст ва инҳо, баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ мебошад.
Президент авлавиятҳои ҳукумати Тоҷикистонро баён намуд
Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори иқтисодӣ, осонтар сохтани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муқаррарии иҷтимоӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатиро аз ҷумлаи авлавиятҳои ҳукумати кишвар хонд.
“Бо вуҷуди душвориҳои бузурги вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, инчунин офатҳои табии, амалӣ сохтани нақшаҳои миллии стратегӣ дар давоми панҷ соли гузашта дар бобати ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола натиҷаҳои назаррас доданд.”
Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба мавзӯъҳои тағйири иқлим, партовҳои зараровар ба фазо, захираҳои об, обшудани пиряхҳо ва талошҳои байналмилалии ҳукуматаш дар ин робита низ сӯҳбат кард.
Ӯ таъкид намуд, ки «ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об ҳамкориҳоро дар самтҳои дигар ба нестӣ набурда, баръакс онҳоро бояд тавсеъа бахшад».
Дар ин робита ӯ пешниҳоди кишварашро дар бораи Соли дипломтияи об дар ҷаҳон эълон намудани соли 2012 такрор кард.
Зимни суханронӢ, роҳбари Тоҷикистон дар бораи мубориза бо терроризми саросарӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи Афғонистон сӯҳбат кард.
Қарор аст имрӯз роҳбари Тоҷикистон бо фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистону Покистон Ричард Ҳолбрук дидору гуфтугӯ кунад.