Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши хатари Толибон ба амнияти Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз таҷаммӯи қисмате аз нерӯҳои ҳаракати Толибон дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Афғонистон огоҳанд ва барои ҷилавгирӣ аз вуруди онҳо ба қаламрави худ қувва ва имконоти кофӣ дар ихтиёр доранд.

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, аз будубош ва ҳаракати ҷангиёни Толибон дар қисмати шимолии Афғонистон ниҳодҳои Тоҷикистон иттилло дар даст доранд ва гузашта аз ин бо нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон ва низ ниҳодҳои амниятии ин кишвар ҳамеша дар ин замина машварат ва табодули назар дар сатҳҳои мухталиф ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик низ хафв ва хатари ноором шудани кишвар ва дар маҷмӯъ минтақаи Осиёи Марказӣ аз сӯи ин гурӯҳҳои ифротӣ ва вобаставу ҳаводор ба онҳоро истисно намекунанд.

Шабаҳи Мулло Абдулло дар Рашт

Ин баҳсҳо баъди ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи ношинос ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон дар рӯзи 19 сентябр дар ноҳияи Рашт доғтар мешавад. Мақомот ин ҳамларо ба Мулло Абдуллло, яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик, рабт медиҳанд.

Дар ҳоле, ки гурӯҳи Мулло Абдулло кадом як даъво ва ё баёнияе дар мавриди бозгашти дубораи худропахш накардааст, коршиносон ҳадс мезананд, ки ҳадафи ҳамлаи ӯ болои корвони низомиёни вазорати дифои Тоҷикистон ноором кардани минтақаи Рашт ва заминагузорӣ ба даргирии доманадор аст.

Комёб Ҷалилов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, яке аз аҳдофи ҳамлаи Мулло Абдулло ба корвони низомӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, ки дар солҳои муқовимати дохилии солҳои навадум низ аз пойгоҳҳои аслии мухолифин буд, эҷоди ихтилофи тоза миёни давлати Тоҷикистон ва мухолифини пешин аст.

Зеро, меафзояд оқои Ҷалилов, табиист, ки нерӯҳои ҳукуматӣ барои таъқиби ин гурӯҳ манозили мардумро кофтукоб мекунанд ва дар натиҷа мардуми ин минтақа дубора ба таҳлука ва изтироб меафтанд. Дар ин миён, мегӯяд оқои Ҷалилов, афроди норозӣ аз сиёсатҳои ҳукумат метавонанд бо ин гурӯҳ бипайванданд.

Сукути кишварҳои ҳамсоя


Дар ин миён сукути кишварҳои ҳамсоя ва аксуламал нишон надодани онҳо ба ҳаводиси ахири Тоҷикистон, ба истиснои давлати Қазоқистон, ки гуфтааст, омодаи кӯмаки низомист, суолҳоеро барангехтааст. Дар ҳоле, ки бештари ин кишварҳо бо хатми ҷанги дохилии солҳои навадум дар Тоҷикистон тазмини сулҳу субот дар ин кишварро бар ӯҳда гирифта буданд.

Қосимшо Искандаров, коршиноси дигари тоҷик, мегӯяд, шояд иллати сукути кишварҳои ҳамсоя ба ҳаводиси Тоҷикистон надоштани иттиллои комил бошад. Вале ин нукта низ пӯшида нест, ки бархе аз кишварҳои ҳамсоя бо Тоҷикистон иртиботи хуб надоранд ва баъзеи онҳо худ дучори мушкилианд ва дар бақияи онҳо, ба мисли Покистон ва Афғонистон, афроди ин гурӯҳ таълими ҷангӣ дидаанд.

Бо он ки бархе аз масъулони ҳаракати Толибон изҳор медоранд, ки қасди ҳамла ва ноором кардани кишварҳои ҳамсояро надоранд, аммо коршиносон мегӯянд, дар сурати танг шудани авзоъ дар Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон барои онҳо пойгоҳи эҳтимолӣ хоҳад буд.

Ба бовари ин коршиносон аз вуқӯи чунин пешомад дар сурате метавон ҷилавгирӣ кард, ки манофеи кишварҳои абарқудрат ва махсусан дахил дар масоили Афғонистон бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG