Аммо шеъри зебо ва хушоянди Искандар ҳамчунон дар хотираҳо зинда аст:
Худоё, беватан мемирам охир,
Ва бегӯру кафан мемирам охир.
Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,
Парешонҷону тан мемирам охир.
Куштори мармуз
Ин мисраъҳо бозгӯи он аст, ки шодравон аз марги худ хабардор буд. 21 сентябри соли 2000 Искандари Хатлонӣ дар ғарибӣ дар манзиле дар гӯшае аз шаҳри Маскав бо як бераҳмӣ ба қатл расид. Марге, ки то ҳол омилону қотилони он ифшо нашудаанд. Ҳатто парвандаи қатли Искандар ду сол баъд аз ҳодиса боздошта шуд ва то кунун дақиқ нест, ки чӣ касе ва чаро боғи адаби Тоҷикистонро аз як дарахти танӯманд маҳрум сохт.
Бо он ки, ба гуфтаи Алишер Идизода - бародари Искандари марҳум қазияи мармузи қатли бародараш ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст, аммо Қимат Розиева, ҳамсари Искандари ҷавонмарг мегӯяд, «ман инро пайгирӣ кардам, аммо то охир ин муамморо ошкор накардам. Баръакс саволҳои бисёре пайдо кардам. Парвандаро ба иллати наёфтани қотил боздошта буданд, вале ман се–чор бор шикоят бурдам ва боз барқарор карданд ва тафтиш бурданд. Искандарро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам ва ҳар гоҳе, ки Маскав меравам, ҳатман аз додситонӣ дар ин бора пурсон мешавам».
Хомушии мақомоти Русия
Ба таъкиди Мухтор Боқизода, раҳбари Созмони гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, талошҳои ин ниҳод дар ростои расидагии қазияи қатли Искандари Хатлонӣ ба иллати саҳлангории сохторҳои масъул дар шаҳри Маскав бенатиҷа мондааст.
Ӯ мегӯяд, «дар мавриди куштори бераҳмонаи Искандари Хатлонӣ борҳо аз ба мақомоти Русияи муроҷиат кардем ва хостори расидагии қазия ва пайдо ва дастгир кардани қотили ӯ шудем. Як комиссия ҳатто ташкил шуда буд ва мо унвонии ин комиссия нома ирсол кардем, вале аз чӣ бошад, ки ҳама чиз ба ҳукми хомӯшӣ рафт, касе аз ин қазия ёд накард. Гарчанде, ки мо ҳатто аз додситонии Тоҷикистон низ дархост кардем, то бо муроҷиат ба сохторҳои масъули Русия дар пайдо қотили Искандар кумак кунанд, аммо мо ягон посухе нагирифтем ва ин қазия ҳамин тавр сокит монд».
Рӯзноманигоре дар сатҳи байнулмилалӣ
Ҳарчанд куштори бераҳмонаи Искандари Хатлон то кунун бидуни ифшо мемонад, аммо Абдуфатоҳи Воҳид, хабарнигори тоҷик ва аз дӯстони Искнадари Хатлонӣ бар ин аст, ки ёду ном ва пайкори неки Искандар ба унвони як рӯзноманигори сатҳи байналмилалӣ ҳамеша дар дилу дидаи ёру дӯстон ҷо аст:
«Искандари Хатлониро аз даврони донишҷӯӣ мешиносам ва фаъолияти ӯ дар Радиоҳои Би–Би–Си ва баъдан то охири умр дар Радиои Озодӣ худ далели хабарнигори қавӣ ва ҳирфаӣ будани Искандар аст. Матлабу гузоришҳое, ки вай дар Радиои Озодӣ омода мекард, дар чаҳорчӯби меъёрҳои журнализми байналмилалӣ ва ҳирфаӣ омода мешуданд. Ҷаҳон дар бораи ҳаёти тоҷикони Русия аз забони Искандар мешунид».
“Гӯяндаи шеъри асили сафед”
Бо он ки шодравон Искандари Хатлонӣ, як хабарнигори ҳирфаӣ маҳсуб меёфт, аммо ба бовари бисёриҳо дар Тоҷикистон вай шоири муваффақе ҳам буд. Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Искандарро аз беҳтарин шоирони даҳаи 80–и қарни бист бад-ин сӯ дар адабиёти форсу тоҷик хонда ва ӯро гӯяндаи шеъри асили сафед дар адабиёти тоҷик медонад:
«Искандар, шоири зиндаёди мо, чӣ афсӯс, ки бармаҳал аз байн рафт, вале аз беҳтарин шоирон ва равшанфикрон буд. Шеъраш бисёр шеъри равшан аст ва ҳам нафис. Масалан:
Маҳтоб дар лаби бом,
Як коса шири гарм аст.
Овози модари ман,
Чу бӯи шир нарм аст.
Ин мисраъҳо хеле шоирона ва нафис гуфта шудаанд. Аввалин шеъри асили сафедро, ки шеъри озод мегӯянд, Искандар гуфт. Шоири навпардоз, навгиро буд. Албатта ғазал ва дигар абёти шеърӣ дорад, аммо талош мекард, то шеъри сафед гӯяд. Дар такя ба шеъри Нимоӣ ё шеъре, ки Сӯҳроби Сипеҳрӣ гуфтааст, эҷод кардааст ва он замоне, ки Искандар чунин шеърҳо мегуфт, мардум дар Тоҷикистон, дар назар дорам муҳити адабиро, ба пазируфтани ин навъи шеърӣ омода набуданд».
Умре бобаракат, вале кутоҳ
Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст ва 12 октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим ба дунё омадааст. Ба гуфтаи Алишер, бародари Искандари Хатлонӣ вай аз даврони мактаби миёна ба шеъру шоирӣ шавқу рағбат дорад ва ин буд, ки сарнавишт Искандарро ба Институти адабии Максим Горкии Маскав бурд.
Пас аз панҷ соли таҳсил дар Маскав ба Душанбе баргашт ва муддате ҳам дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» фаъолият кард. Аммо идомаи ҷанг дар Афғонистон Искандарро ба ҳайси тарҷумон ба Афғонистон бурд ва аммо идомаи ҷанг дар Афғонистон ӯро ба ҳайси тарҷумон ба ин кишвар бурд. Зеро ба гуфтаи дӯстонаш, Искандар на танҳо донандаи забони модарии хеш, балки муваффақтарин тарҷумони забони русӣ ба дарӣ буд.
Дар он замони мудҳиштарин барои мардуми Афғонистон Искандар тавонист шеър бигӯяд ва маҷмуаи «Садои пои вожаҳо»-яш, ки саввумин маҷмуаи шеърии ӯст, дар Кобул дар соли 1988 ба табъ расид. Бозгашти Искандар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба даврони горбачёвӣ ва инқилобҳои озодихоҳӣ дар бештари ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рост омад.
Искандар ба назди оилааш ба Маскав баргашт ва ба фаъолияти хабарнигории байнулмиллалӣ пардохт. Вай, ки дар даврони таҳсил дар Донишгоҳи адабии ба номи Горкий, ба унвони хабарнигори бахши бурунмарзии радиои СССР мавсум ба «Ин ҷо Маскав» кор карда буд, дар оғози даҳаи 1990 мелодӣ ба унвони хабарнигори бахши форси радиои Би–Би-Си фаъолият кард ва аз соли 1995 то лаҳзаи марг хабарнигори муваффақи радиои Озодӣ буд.
Осори Искандар
Ҳамакунун аз Искандари ҷавонмарг ба ғайр аз «Садои пои вожаҳо», чанд маҷмуаи шеърии дигар, назири «Парвоз» (1981), «Шукуфа» (1986), ва «Кушоиш» (1988) рӯи чоп омадааст. Аммо Искандар шеърҳои дигаре низ гуфтааст, ки то ба ҳол дар як маҷмуа гирдоварӣ нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол Алишер Идизода, бародари Искандар, гуфт, маҷмуаи наверо, ки ҳама ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия карда ва интизор меравад дар соли ҷорӣ дар нашриёти «Адиб» нашр шавад.