Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули қонуни манъи ниқоб дар Фаронса


Сенати Фаронса бо аксарияти оро тарҳи қонуни баҳсбарангези манъи пӯшидани бурқа ё ниқобро тасвиб кард. Ин қонун дар мазҳари ом пӯшидани ҳар навъ либосеро, ки рӯи инсонро комилан бипӯшонад, манъ мекунад.

246 сенатор ба ин тарҳи қонун раъйи мувофиқ ва ҳамагӣ як вакил раъйи мухолиф додаанд. Фаронса ба ин тартиб, баъд аз Белгия дуввумин кишвари Аврупост, ки пӯшидани бурқаъ ва ниқобро дар қаламраваш манъ мекунад. Нақзи ин қонун барои занони ниқобпӯш то 150 евро, муодили қариб 200 доллар ҷаримаро дар пай дорад, аммо барои мардоне, ки завҷа ва ё духтарони худро ба пӯшидани чунин либос маҷбур мекунанд, ҳамчун муҷозот то 30 000 евро ҷарима ва ё то 1 сол ҳукми зиндон муқаррар шудааст.

Тарафдорони қонун мегӯянд, ки ҳадафи он ҳимоят аз арзишҳои дунявии ҷомиаи Фаронса аст. Аммо мунаққидонаш бар ин боваранд, ки манъи бурқаъ мунҷар ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ хоҳад шуд. Фаронса дорои бузургтарин ҷамъияти мусалмонҳо дар қораи Аврупост, вале аз чанд миллион сокини мусалмони ин кишвар, ба ҳисоби вазорати умури дохилааш,ҳамагӣ зери 2000 зан бурқа ё ниқоб ба рӯ доштаанд.

Маҷлиси болоии парлумони Фаронса тарҳи қонуни зиддунақизи манъи пӯшидани бурқаъ ва ниқоб дар мазҳари оммро тасвиб кард. Маҷлиси поёнии парлумон ин тарҳи баҳсбарангезро ҳанӯз дар моҳи июл тасвиб карда буд. Акнун Шӯрои Қонуни асосии Фаронса бояд тайи як моҳи оянда машрӯъияти тарҳи мазкурро ташхис кунад. Дар сурати ахзи мувофиқати ин Шӯро барои заноне, ки рӯи худро куллан пӯшидаанд, дар зарфи 6 моҳи баъд давраҳои омӯзишӣ доир хоҳанд кард, то ки онҳо сарулибоси худро ба муқаррароти қонуни нав мутобиқ гардонанд.

Ин қонун фақат ба мусулмонҳо дахл надорад

Албатта, ин қонун махсуси фақат занони мусалмони ниқоб ё бурқаъ ба рӯ нест, балкӣ билккул пӯшидани либосеро, ки рӯи инсонро бипӯшонад, манъ мефармояд. Вале он ғолибан пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба он ақаллияти занони мусалмоне, ки пӯшидани ниқоб ё бурқаъро ихтиёр кардаанд, асар хоҳад дошт.

Ин қонун пӯшидани чунин навъи либосро дар маконҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои давлативу иҷтимоӣ ва ҳам дар мавокини тафреҳӣ манъ мекунад.

Тарафдорони қонуни манъи ниқобу бурқаъ мегӯянд, пурра пӯшидани рӯ таҳдидҳои амниятиеро ба дунбол дошта, бо арзишҳои дунявӣ ва ҷумҳурихоҳии Фаронса дар таноқуз аст ва шарафи инсонии занонро ҳам поймол мекунад.

Вазири адлияи Фаронса Мишел Аллио-Марӣ бо истиқбол аз тасмими вакилони Сенат гуфт: “Ба бовари ман, Ҷумҳурии Фаронса имрӯз бо ин Сенат ва ин сенаторҳояш метавонад ифтихор бикунад.”

Фаронса маскани бузургтарин ҷамъияти мусалмонҳо дар Аврупои ғарбист. Бино ба оморҳо, мусалмонон аз 5 то 10 дарсад аз 64 миллион ҷамъияти Фаронсаро ташкил медиҳанд.

Аксари онҳо аз Алҷазоиру Марокаш будаанд. Аммо бино бар омори расмӣ, ҳамагӣ 1900 зани мусалмон дар Фаронса рӯи худро пурра мепӯшанд ва аксари онҳо ба пӯшидани ниқоб бартарӣ медодаанд.

Ниқоб либоси сиёҳи дарозест, ки тамоми бадани зан, ба ҷуз аз чашмони ӯро мепӯшонад. Бурқаъ аммо либосест, ки чашмони занро ҳам аз назари дигарон пинҳон мекунад.

Вокуниши мухолифони манъи ниқоб

Мухолифони манъи пӯшидани ниқобу бурқа мегӯянд, ки ин маҳдудият озодиҳои шаҳрвандиро зери по мекунад. Ба назари бархе, масъалаи манъи ниқобу бурқаъ як мавзӯъи сохта буда, ҳадафи аслӣ ҷалби таваҷҷӯҳи интихобкунандагони зидди афзоиши муҳоҷират ва ҳам аз мушкилоти иқтисодии Фаронса дур бурдани таваҷҷӯҳи мардум аст.

Ба назари бархе раҳбарони мусалмон, бо мавзӯъи ҳуввияти миллии Фаронса бастагӣ додани масъалаи манъи ниқобу бурқаъ тасаввуреро дар зеҳни мусалмонон талқин кард, ки ҳадаф мазҳаби онҳост. Муҳаммад Ҳенишӣ, дабири кулли Иттиҳодияи ҷамъиятҳои мусалмон дар ноҳияи Сен-Денӣ, ки 30 масҷидро дар шимоли Порис муттаҳид мекунад, мегӯяд, занонро набояд ба пӯшидани ин ё он навъ либос маҷбур кард:

“Ин як гоми хатарнокест, ки мо дар роҳи маҳдуд кардани озодиҳои шахсӣ мебардорем. Мо мегӯем, ки мухолифи ба комилан пӯшидани рӯ маҷбур кардани занон дар Эронему ҳам мухолифи манъи шим пӯшидани занон дар Судон. Ва дар айни ҳол айни корро дар Фаронса мекунем: мо ҳаққи аз комилан пӯшидани рӯи худ манъ кардани занонро надорем. Мо бояд ҳамеша дар ҷониби зан бошем. Мо набояд занро ба мисли як кӯдак адаб кунем.”

Аммо аксари мардуми Фаронса аз манъи пӯшидани ниқобу бурқаъ пуштибонӣ мекунанд. Бар асоси як назарсанҷии ахир, беш аз 80 дарсади пурсидашудагон аз он ҳимоят кардаанд.

Баҳс ба додгоҳи Аврупо кашида мешавад?

Айни бархӯрд дар кишварҳои дигари Аврупо низ ба чашм хӯрда, дар Олмону Бритониё ва Испания аз 65 то 71 дарсади пурсидашудагон ба тарафдорӣ аз чунин маҳдудият дар роҳи пӯшидани ниқобу бурқаъ ҷонибдорӣ кардаанд. Аммо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ин қонунро таҳқир ба мусалмонон хондааст.

Фаронса дар соли 2004 пӯшидани ҳиҷоб ва истифодаи боқӣ рамзҳои ошкори мазҳабӣ дар макотиби давлатиро низ манъ карда буд.
Ба назари таҳлилгарон, баҳси қонуни манъи ниқобу бурқа акнун ғолибан ба Додгоҳи ҳуқуқи башвари Аврупо кашида хоҳад шуд.
Як тоҷири мусалмон зимнан сандуқи вижае ҳам таъсис дода гуфтааст, маблағи ҷаримаи куллияи занонеро, ки бо ҷурми пӯшидани ниқобу бурқаъ ҷарима мешаванд, ҷуброн хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG