Мавзӯъҳои меҳвари ин нишаст, ки чаҳор рӯз идома хоҳад кард, танзими ҳаракати қаторҳои мусофирбар дар қаламрави кишварҳои ИДМ ва соҳили Балтик аст.
Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, гузаштан ба ҷадвали нави ҳаракати қаторҳо дар соли 2011 ва 2012 яке аз пешниҳодҳои аслии маъмурияти Шӯрои роҳи оҳани кишварҳо будааст.
ИНТИҚОД АЗ МАЪМУРОНИ РОҲИ ОҲАН
Дар нахустин рӯзи нишаст Александр Мишура, раҳбари раёсати Шӯрои марказии роҳи оҳани кишварҳои Муштаркулманофеъ ва Балтик дар таъхири қаторҳои мусофирбар дар марзи кишварҳо маъмурони роҳи оҳан гузаргоҳҳоро айбдор номид ва гуфт, онҳо на ҳама вақт барои анҷоми амалиётҳои гумрукӣ ва марзбонӣ омода ҳастанд.
Ҷаноби Мишура гуфт, ин хулоса дар пайи таҳлили ҳамаҷонибаи ҳаракати қаторҳо дар марзи кишварҳо ба даст омадаст. Вай бар ин назар аст, ки марзҳои байни давлатӣ набояд маҳдудият барои ҳаракати қаторҳо бошанд ва маъмурияти қатораҳо бояд сари мушкилоти фаннӣ дар марзҳо бештар фаъолият кунанд.
Ҷаноби Мишура аз ширкаткунандагони нишаст хост то ҷадвали ҳаракати қаторҳо дар марзи кишварҳоро дуруст таҳия кунанд. Бад-ин тартиб интизор меравад, дар поёни нишасти Душанбе гузариш ба ҷадвали нави ҳаракати қаторҳо барои солҳои 2010–2011 тасвиб шавад. Албатта ин мавзӯъ барои Тоҷикистон муҳим аст. Чун муддати чанд соли ахир таъхир дар ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба хусус ба ҳангоми убур аз марзи Узбакистон ба маротиб ба мушоҳида расидааст ва нигаронии ҷомеа ва масъулони давлатии Тоҷикистонро ба бор овардааст.
Масъулони роҳи оҳани кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик дар ҳоле бо ҳам вомехӯранд, ки ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бесобиқа ва ҳамзамон душвортарин ҳамкориро бо Узбакистон дар заминаи ҳаракати қаторҳояш аз қаламрави ин кишвар дорад.
Шурӯъ аз моҳи феврал ҷониби Узбакистон нахуст якҷониба ва баъдан дидаву дониста дар ҳаракати вагонҳои ҳомили бору колои Тоҷикистон монеъа эҷод кард ва теъдоди беш аз 2 ҳазор қаторро иҷозаи убур надод. Дахолати СММ ва дигар ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ кора накард, то он замоне, ки бар сари мардуми Кӯлоб офати сел наомад. Ва ин то ҷое боиси тараҳҳуми ҳукумати Узбакистон шуд ва қисме аз вагонҳоеро, ки шомили маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ буд, ба Тоҷикистон фиристод.
Ҳушдори Эрон ба Узбакистон дар аввалҳои моҳи июн то ҷое ба раҳоии шуморе аз вагонҳои Тоҷикистон боис шуд. Аммо боз ҳам Узбакистон дар тасмими худ пофишорӣ кард ва ҳатто Ислом Каримов, раисиҷумҳури ин кишвар, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд дар моҳи июл таъкид кард, ки ба «вагонҳои ҳомили таҷҳизоти марбут ба нерӯгоҳи Роғун» иҷозаи убур нахоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ширкати «Роҳи Оҳан» -и Тоҷикистон ҳоло дар қаламрави Узбакистон ҳудуди 900 вагон бору коло дар банд аст.
БАРРАСИИ ҚАЗИЯИ БОЗДОШТИ ВАГОНҲО
Аз барномаи ҳамоиши Душанбе маълум аст, ки қазияи боздошти вагонҳо дар қаламрави Узбакистон дар нишасти Душанбе матраҳ шавад. Ато Мирҷалолов, масъули дафтари матбуоти вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, нишасти намояндагони хадамоти мусофиркашонии Роҳи оҳани кишварҳои Муштаракулманофеъ ва соҳили Балтикро фурсати хубе барои баррасии мушкили муносиботи миёни ду кишвар медонад: «Мантиқан бояд ин мавзӯъ матраҳ шавад. Зеро ин мавзӯи ҷиддист ва нишасти Душанбе низ бисёр фурсати муносиб аст, то масъала баррасӣ шавад ва роҳҳои ҳаллу фасли он ёфта шавад».
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон, намояндагони Роҳи оҳани Узбакистон дар ифтитоҳи нишаст ширкат надоштанд ва ҳайати ин кишвар шоми рӯзи сешанбе вориди Душанбе шудааст ва дар раъси он сардори хадамоти мусофиркашонӣ қарор дорад.
Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳошияи нишасти Душанбе мулоқоти дуҷониба бо масъулони ширкати Роҳи оҳани Узбакистон дар назар аст.
ШУБҲАИ КОРШИНОСОН БА МУАССИРИИ НИШАСТ
Аммо Сафари Абдулаҳад, коршиноси тоҷик, мӯътақид аст, ки мулоқоти дуҷониба ва ҳатто нишасти Душанбе дар ҳалли қазияи боздошти вагонҳои Тоҷикситон дар қаламрави Узбакистон ҳеҷ мусоидат ва кумаке ҳам нахоҳад кард: «Ин мулоқотҳо ва нишастҳо заррае ба дард намехӯрад. На танҳо масъаларо ҳал карда метавонад, ҳатто ба эҳтимоли зиёд ин мавзӯъ матраҳ нахоҳад шуд. Чунки аслан масъулони хадамоти мусофиркашонии Роҳи оҳан дар Душанбе ҷамъ шуданд, на раҳбарони ширкатҳои Роҳи оҳан ё сарони кишварҳо. Мантиқ ин аст, ки масъулони хадамоти мусофиркашонӣ масъулият ва салоҳияти баррасии қазия вагонҳои Тоҷикистонро нахоҳанд дошт».
Бештари таҳлилгарон қазияи боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистонро як мушкили сиёсӣ миёни ду кишвар медонанд ва мегӯянд, ин қазия ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва истифода аз захоири оби минтақа марбут аст. Зеро Узбакистон на танҳо қарордодҳои дуҷониба, балки созишномаҳои байналмилалиро сарфи назар мекунад.
Қудрат Бобоҷонов, сардабири сомонаи узбакии «Узнюс.нет» дар посухи ин суол гуфт, «ман бар инам, ки Узбакистон то ҷое дар масъалаи баҳси об бо Тоҷикистон ҳақ аст. Зеро Тоҷикистон ҳоло сохтмони нерӯгоҳи Роғунро рӯи даст дорад ва Узбакистон чунин мепиндорад, ки пайомади он барои обёрии заминҳои кишташ халал ворид хоҳад кард. Зеро Узбакистон таърихан кишвари аграрӣ маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки захоири обӣ дар ҷаҳон арзиши ҳамагонӣ доранд ва бояд ба он ҳама дастрасӣ дошта бошад. Об ин нафт ё бор ва ё қатора нест».
Мақомоти Тоҷикистон ва шахсан раисиҷумҳур Эмомлӣ Раҳмон истифода аз захираи об дар қаламрави кишварашро ҳаққи ин кишвар медонад ва бар ин бовар аст, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун зараре ба кишварҳои поёноб, ба хусус Узбакистон нахоҳад дошт. Бо ин ҳама соҳибназарон бар ин боваранд, ки натиҷаи ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи Роғун, ки тавассути Бонки ҷаҳонӣ ҷараён дорад, дар ниҳоят битавонад, нигаронии Узбакистонро рафъ созад ва дар муносиботи ҳар ду кишвари ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Марказӣ шӯълаи умедеро ба бор оварад. Аммо натиҷаи ташхис танҳо пас аз ҳудуди 1,5 соли дигар эълом хоҳад шуд.
Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, гузаштан ба ҷадвали нави ҳаракати қаторҳо дар соли 2011 ва 2012 яке аз пешниҳодҳои аслии маъмурияти Шӯрои роҳи оҳани кишварҳо будааст.
ИНТИҚОД АЗ МАЪМУРОНИ РОҲИ ОҲАН
Дар нахустин рӯзи нишаст Александр Мишура, раҳбари раёсати Шӯрои марказии роҳи оҳани кишварҳои Муштаркулманофеъ ва Балтик дар таъхири қаторҳои мусофирбар дар марзи кишварҳо маъмурони роҳи оҳан гузаргоҳҳоро айбдор номид ва гуфт, онҳо на ҳама вақт барои анҷоми амалиётҳои гумрукӣ ва марзбонӣ омода ҳастанд.
Ҷаноби Мишура гуфт, ин хулоса дар пайи таҳлили ҳамаҷонибаи ҳаракати қаторҳо дар марзи кишварҳо ба даст омадаст. Вай бар ин назар аст, ки марзҳои байни давлатӣ набояд маҳдудият барои ҳаракати қаторҳо бошанд ва маъмурияти қатораҳо бояд сари мушкилоти фаннӣ дар марзҳо бештар фаъолият кунанд.
Ҷаноби Мишура аз ширкаткунандагони нишаст хост то ҷадвали ҳаракати қаторҳо дар марзи кишварҳоро дуруст таҳия кунанд. Бад-ин тартиб интизор меравад, дар поёни нишасти Душанбе гузариш ба ҷадвали нави ҳаракати қаторҳо барои солҳои 2010–2011 тасвиб шавад. Албатта ин мавзӯъ барои Тоҷикистон муҳим аст. Чун муддати чанд соли ахир таъхир дар ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба хусус ба ҳангоми убур аз марзи Узбакистон ба маротиб ба мушоҳида расидааст ва нигаронии ҷомеа ва масъулони давлатии Тоҷикистонро ба бор овардааст.
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳозир 900 вагони марбут ба Тоҷикистон дар банди Узбакистон аст
МУШКИЛИ УБУРИ ҚАТОРҲО АЗ УЗБАКИСТОНМасъулони роҳи оҳани кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик дар ҳоле бо ҳам вомехӯранд, ки ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бесобиқа ва ҳамзамон душвортарин ҳамкориро бо Узбакистон дар заминаи ҳаракати қаторҳояш аз қаламрави ин кишвар дорад.