Танқиди рӯшоди Дмитрий Медведев аз кори Юрий Лужков, пахши филмҳои мустанади танқидӣ аз фасодзадагии ӯву ҳамсари соҳибкораш Елена Батурина бархеро ба ин андеша водор мекунад, ки Кремлин бо ин роҳ барои аз вазифа дур кардани шаҳрдори Маскав, нафари мавриди таваҷҷӯҳи Путин омодагӣ мегирад.
Бархе мегӯянд, ки бо ин роҳ Медведев мехоҳад пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 як раҳбари ҷонибдори ислоҳот ва муборизи зидди фасоду ришват будани худ нишон диҳад.
РӮЗҲОИ БАШУМОРИ ЮРИЙ ЛУЖКОВ
Матбуоти Русия чанд рӯзи охир хеле доғу пурбаҳс шудааст: аксарият бар инанд, ки эҳтимолан аз қудрати Юрий Лужков дар вазифаи мири шаҳри Маскав танҳо чанд рӯзе боқӣ мондааст ва ӯро бо иттиҳоми фасоду ришвахорӣ аз вазифа дур хоҳанд кард.
Пахши филми мустанади интиқодӣ алайҳи Лужков ва ҳамсари сарватмандаш Елена Батурина якбора дар се шабакаи аслии телевизиони Русия ба вуҷуди чунин ниятҳои Кремлин далолат мекунад. Ҳамсари Лужков, Елена Батурина соҳиби бонуфузтарин ширкати сохтмонии Маскав аст, ки ҳама тарҳҳои муҳими сохртмониро аз худ кардаааст. Маҷаллаи амрикоии Forbs дороии ҳамсари Лужковро тақрибан се миллиард шумурда ӯро аз сарватмандтарин занҳои ҷаҳон унвон додааст.
Вале баҳси имрӯза, аз нигоҳи таҳлилгарон ин аст, ки дарозумртарин шаҳрдори Маскав метавонад қурбони рақобатҳои байни президент ва нахуствазири Русия шавад. Лужков, ки аз соли 1992 бетанаффус вазифаи мири шаҳри Маскавро бар ӯҳда дорад, кайҳост мояи норизоияти бархе гурӯҳҳо, аз ҷумла президент Медведев шудааст.
РАНҶИШИ МЕДВЕДЕВ АЗ ЛУЖКОВ
Борис Немтсов, сиёсатмадор ва муаллифи гузориши маъруфи “Лужков. Натиҷаҳо” мегӯяд, Медведев аз Лужков барои нописандиаш, аз ҷумла барои мақолае дар “Российская газета, ки ӯро” чун “бародари хурдӣ ва шарики Путин” ёд кардааст, ранҷида, ҳоло мехоҳад шаҳрдори Маскавро аз вазифа сабукдӯш кунад, “вале аз дасташ намеояд. Аммо Путин, ки ин қудратро дорад , гӯё инро намехоҳад”.
Михаил Виноградов, як таҳлилгари рус мегӯяд, ки қазияи Лужков вуҷуди як дараҷа ихтилоф дар миёни Путину Медведевро ба намоиш гузошт:
“Ба назари ман, як ихтилофи муайяни лафзӣ миёни Путину Медведев вуҷуд дошт ва инро дар кори дафтарҳои матбуоти онҳо дидан мумкин буд. Ҳар яки ин ниҳод талош мекард, ки раҳбари аввали кишар будани Путин ё Медведевро нишон диҳад. Бидуни шак, бо сабаби вуҷуди 13 соли фарқе, ки дар синну соли онҳо вуҷуд дорад, дидгоҳашон ба оянда ҳам фарқ мекунад. Аз сӯи дигар, маълум аст, ки миёни Путину Медведев як навъ формулаи бартарафкунии ихтилофи назарҳо амал мекунад. Вале гоҳ-гоҳе, вақте яке аз ҷонибҳо мехоҳад, ҳақ будани худро собит кунад, инро ошкоро бо истифода аз матбуот мекунад. Тасмими Медведев дар нисбати ҷангали Химки, мусоҳибаи пурсарусадои Путин дар “Коммерсант” намунаи ин аст. Вале ҳоло наметавон гуфт, ки ихтилофҳои онҳоро дигар бартараф карда намешавад”.
«БАРОДАРИ ХУРДӢ»-И ПУТИН
Бархе таҳлилгарон дар Русияву берун аз он мегӯянд, ки дар остонаи интихоботи президентии соли 2012 Медведев асабоният дорад ва аз ҳоло мехоҳад сиёсатмадор ва як лидери мустақил будани худро собит кунад ва шонси дубора бурдани курсии президентиро аз даст надиҳад. Аммо ин ақида аз нигоҳи бисёриҳо ғайри қобили иҷро аст.
Таҳлилгар Николай Петров аз маркази Карнегии Маскав мегӯяд, ки Медведев ҳеҷ гоҳ мустақил набуд ва дар дувуним соли раҳбариаш низ пешрафте накард. Вай афзуд, ки агар ҳам дар байни Путин ва Медведев ихтилофе вуҷуд дошта бошад, он танҳо дар сатҳи андаки миёни аъзои гурӯҳҳои Путину Медведев аст, на бештар аз он. Дар заминаи ихтилофи бар сари Лужков ӯ гуфт:
“Аз вазифа дур шудани Лужковро баъзе гурӯҳҳои бонуфуз талаб доранд, ин танҳо хости Медведев нест. Путин бошад ҳоло ба ин чиз омода нест, ва ё агар омода ҳам бошад, вай ҳоло, дар авҷи танқидҳо дар ин бора лаб намекушояд, то ки амали ӯ чун вокуниш ба ин талабҳо садо надиҳад. Тавре дар тасмимҳои кадрии Владимир Путин одат шудааст, вай ин корро баъдтар мекунад, вақте ҳама чиз ором мешавад”.
НАЗАРИ КОРШИНОСОНИ ТОҶИК БА БАҲСҲОИ МАСКАВ
Дар Тоҷикистон ҳам аз таҳаввулоти ахири Русия бо таваҷҷӯҳ назорат мекунанд. Зеро ҳар таҳаввулоти ҷиддӣ дар Маскав ба таври ғайримустақим дар сиёсати Тоҷикистон ҳам таъсиргузор будааст. Як таҳлилгар дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ки дар сурати аз вазифа дур шудани Лужков дар Тоҷикистон мавқеи бархе мақомоти бонуфуз метавонад заъиф шавад.
Кишварҳои ғарбӣ низ танишҳо дар долонҳои Кремлинро бо таваҷҷуҳ назора мекунанд. Ғарбиҳо дар муқоисаи Медведев бо ПутинҶ дуввумиро то андозае, ҷонибдори ислоҳоту тағйироти сохторӣ арзёбӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҳлилгарони ғарбӣ вобастагии Медведевро аз Путин инкор намекунанд. Вале Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд:
“Ин як андешаи ҷолиб аст. Лекин ҳеҷ нишонаи чунин будани вазъ мавҷуд нест. Аз дасти Медведев чизе наомад, ки мо аз он хулоса барорем, ки ӯ як одами ислоҳотхоҳ аст ё касест, ки фикру афкори нав дорад”.
Вай мегӯяд, Медведев ҳатто агар хостори тағйироти куллӣ бошад, аз дасташ чизе намеояд, ба он хотир, ки атрофии қро нафарони путин иҳота кардаанд.Таҳлилгарони рус мегӯянд, аз ҳоло аён аст, ки Путин роҳи худро ба интихоботи соли 2012 ҳамвор карда, ин навбат ҳам кор ҳисобшуда аст. Николай Петров аз маркази Карнегӣ мегӯяд:
“Агар вазъияти бӯҳронӣ набуд, ин ҷуфти номуносибе, ки ҳаст, метавонист боз ҳам вуҷуд дошта бошад. Вале дар шароити феълӣ низом бояд дигар шуда мушаххастару танзимшуда гардад ва сари қудрат бояд, ки як раҳбари воқеӣ биёяд. Ҳоло, ба назари ман, ин нафар Путин аст ва ба эҳтимоли ғолиб ҳам ҳамин тавр хоҳад шуд”.
Михаил Виноградов, ки ҷонибдори ҳамин ақида аст, азбаски Путин сиёсати худро на фақат ба хотири таъмини маъруфияти “Русия воҳид”, балки барои пешгирӣ аз маҳбубияти ҳизбҳои дигари сиёсӣ танзим кардааст, баъди ду сол ҳам шонси бурдани интихоботро дорад. Аксарият мегӯянд, вақте телевизионҳои марказӣ Медведевро нишон медиҳад, ки бо масъалаҳои мактабу интернет машғул буда Путин бо ҳалли масъалаҳои муҳими стратегии кишвар, хулоса кардан душвор нест, ки соҳиби воқеии кишвар кӣ аст?