Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Ҳизби наҳзати исломӣ аз Кумитаи амният


Муҳаммадалии Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ
Муҳаммадалии Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни як нома аз раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе хостори мусоидат ба раҳоии як намояндаи ин ҳизб шудааст. Намояндаи ин ҳизб аз ноҳияи Рашт чаҳор рӯз қабл дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Муҳаммадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизб мегӯяд, раёсати кумитаи амнияти пойтахт барои боздошти Ҳусниддин Давлатов, узви Ҳизби наҳзати исломӣ далеле пеш наовардааст:

«Имрӯз ман бо муовини раиси раёсати амнияти давлатӣ сӯҳбат доштам. Он кас иллати боздоштро нагуфтанд. Гуфтанд, ки агар вакили дифоъ ба онҳо муроҷиат кунад, эҳтимол бо ӯ дар бораи қазия сӯҳбат шавад. Вале то ба ҳол натиҷае нест».

БОЗДОШТИ БИДУНИ ШАРҲ

Ҳусниддин Давлатов, узви маҷлиси маҳаллии вакилони мардумии Рашт, рӯзи 10 сентябр дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе боздошт шуда буд. Наздиконаш мегӯянд, баъд се рӯзи ҷустуҷӯ дарак ёфтаанд, ки ӯ дар раёсати амнияти шаҳри Душанбе қарор дорад.

Ҷавоне бо исми Рустам, аз наздикони Давлатов гуфт, ӯ дар зодгоҳаш як мағозае дорад ва барои бурдани мол ба Душанбе омада буд. Ин ҷавон афзуд, вакили дифои ӯ ду маротиба бо ордер ба раёсати амният рафта, натавонистааст нафари таҳти ҳимояташро бубинад:

«Аз Ҳизби наҳзати ислом ва тариқи факс аз ноҳияи Рашт мактуб гирифтем, ки ӯ узви маҷлиси халқи ноҳия аст. Вакили дифоъ имрӯз ин ҳамаро гирифта ба раёсати амният рафт».

Бархе аз таҳлилгарон боздошти Ҳуснидди ДАвлатовро ба бародари ӯ Аловуддин Давлатов рабт медиҳанд, ки яке қумондонҳои собиқи нерӯҳои мухолифин дар ноҳияи Рашт буд
БАРОДАРИ СОБИҚ ҚУМОНДОНИ МУХОЛИФИН

Дар ҳамин ҳол, Олим Одилов, яке аз собиқ размандагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик мегӯяд, Ҳусниддин Давлатов бародари Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, қумондони собиқ гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов будааст. Вай афзуд:

«Мумкин инҳо барои он бародари ӯро дастгир кардаанд, ки Алӣ иқдоме алайҳи ҳукумат кунад. Ҳусниддин вакили маҳаллӣ аз Ҳизби наҳзат аст. Бояд ин ҳизб садо баланд кунад».

Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ бар нақзи ҳуқуқи Ҳусниддин Давлатов, ки вакили маҷлиси маҳаллӣ аз ин ҳизб аст, таъкид мекунанд. Воҳидхон Қосиддинов, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми боздошти узви маҷлиси халқӣ дахлнопазирии ӯро, ки қонун замонат додааст, кормандони зидахл нақз кардаанд:

«Аз дигарон риояи қонунро талаб мекунанд. Аммо худ онро риоя намекунанду поймол мекунанд».


БОЗДОШТИ ХИЛОФИ ҚОНУН?

Ҷунайдулло Фозилов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, тибқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва вакилони халқи шаҳрӣ, ноҳиявӣ» аз 13 декабри соли 1996, моддаҳои 20, 21 ду ҳолати боздошти вакил пешбинӣ шудааст:

«Вакилони маҷлисҳо дар ҳоле дастгир карда мешаванд, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ягон нафар шоҳид бошад. Мақомот дарҳол метавонанд ӯро дастгир кунанд. Агар ҷиноят қаблан содир шуда бошад, бо иҷозаи ҳамон маҷлисе, ки он нафар узваш аст, ӯро дастгир мекунанд».

Хайриддин Сафаров, муовини раиси ноҳияи Рашт иттилоъ дар бораи муроҷиати расмии маҷлиси вакилони халқи Рашт ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро таъйид ва ё такзиб накард. Вай гуфт, Маҳмадҷон Давлатов, раиси ҳукумат ва ҳамзамон раиси маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия дирӯз, 13 сентябр ба Душанбе сафар кардаааст:

«Худи раиси Ҳукумат дирӯз ба Душанбе рафта буд. Бидуни иҷозаи он кас ман сӯҳбат карда наметавонам».

Оқои Сафаров аз тафсилоти бештар худдорӣ кард.

БЕИТТИЛОИИ КУМИТАИ АМНИЯТ

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Меликов, муовини раиси раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ин ниҳод ҳеҷ нафареро бо чунин ном боздошт накардааст:

«Ҳолатҳоеро ба миён меоранд, ки фалонӣ боздошт шудааст. Агар боздошт шавад, боздошти расмӣ мешавад. Мо агар боздошт мекардем, аз ягон кас намепӯшидем».

Ин саввумин боздошти узви Ҳизби наҳзати исломӣ тайи соли равон аст. Қаблан як аъзои ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи инсон ба додгоҳ кашида шуд, аммо иттиҳом алайҳи ин фаъоли ҲНИТ -ро додгоҳ нокофӣ хонд. Пас аз интихоботи парлумонии моҳи феврал, як узви ин ҳизб дар Қӯрғонтеппа ба иттиҳоми нақзи қонуни интихобот, раъй додан ба ҷои аҳли хонаводаи худ муҷрим шинохта шуд.

Дар бораи иттиҳомот алайҳи Ҳусниддин Давлатов танҳо расонаҳо навиштаанд, ки ӯ бо ҷурми узвият ба салафия боздошт шудааст. Вакили дифоъи ӯ, ки то ҳанӯз ба нафари таҳти ҳимояташ дастрасӣ надорад, аз шарҳи қазия ва сабабҳои эҳтимолии боздошти Ҳусниддин Давлатов худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG