Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба тарҳи маркази исломӣ дар Ню-Йорк


Имом Файсал Абдул Рауф, ки муаллифи тарҳи бунёди маркази исломӣ ва масҷид дар наздикии маҳалли вуқӯъи ҳамлаҳои 11-и сентябр ба Амрико аст, мегӯяд мутаасифона аҳолӣ нақшаи ӯро нодуруст фаҳмидааст. Ӯ гуфт агар медонист, ки пешниҳод ранги сиёсӣ мегирад, барои бунёди он ҷои дигарро интихоб мекард.

Зимни суханронӣ дар Шӯрои равобити хориҷии ИМ дар Ню- Йорк, Имом Файсал Абдул Рауф кӯшиш кард танишҳо бар сари тарҳро фурӯ нишонад.

Имом Файсал:"Маркази исломӣ ҷои ҳамоиши ҳама адён ҳохад буд"

Имом Абдул Рауф худ зодаи Амрико буда аз соли 1983 дар Ню-Йорк бо таблиғи Ислом машғул аст. Ба ақидаи вай, марказӣ исломӣ маҳали мулоқоти тамоми адён хоҳад буд, на танҳо пайравони дини Ислом:

“Марказ ҷои ҳамоиш ва ҳамкории ҳамаи адён дар асоси ҳурмату эҳтироми дуҷониба хоҳад буд. Ин марказ ба шаҳри Ню Йорк, мусалмонони Амрико дар саросари кишвар ва ИМ дар тамоми ҷаҳон обрӯ ва эҳтиром хоҳад бахшид.”

Дар посух ба интиқодҳо, ки гуё маркази исломӣ ва масҷид дар замини муқаддаси ҳалокати қариб се ҳазор сокинони Амрико бунёд хоҳад шуд, имом Абдул Рауф ишора намуд, ки маҳали бунёди марказ тақрибан 200 метр дуртар аз макони фоҷеъаи 11-и сентябри соли 2001 дар нақша гирифта шудааст ва дар ин замини муқаддас аллакай стриптиз бар ва утоқҳои қимор ҷойгир мебошад.

Хешовандони қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11 сентябр ба бунёди марказ шадидан мухолифат мекунанд. Онҳо бовар доранд, ки масҷид дар назди харобаҳои Маркази ҷаҳонии тиҷорат беэҳтиромӣ ба ёди қурбониён хоҳад буд.

Аммо Абдул Рауф эълом намуд, ки бисёриҳо ҳадафҳои тарҳро нафаҳмиданд.

Ӯ нерӯҳои сиёсии ифротии ИМ-ро дар истифодаи баҳсҳо атрофи он барои расидан ба ҳадафҳои шахсии худ муттаҳам намуд.

“Ман мутассифам, ки баъзеҳо ниятҳои моро нодуруст фаҳмиданд. Ман амиқан андуҳгин шудаам, ки баъзеҳо ин қазияро ба нафъи худ истифода бурданд. Ва ман сахт маъюс шудаам, ки бисёри далелҳо бар асоси иттилои гумроҳкунандаи амдӣ ва тасвирҳои зиёновар асос ёфта буд.”

Алорағми пуштибонии Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ки 11-уми сентябр гуфт ИМ бо Ислом намеҷангад, назарсанҷии ахир ҳоки аз он аст, ки 60 дар сади сокинони Ню Йорк ба иҷрои тарҳ мухолифанд.

Аксаррияти сокинони Ню- Йорк гуфтаанд, ки агар масҷидро дар хиёбони дуртар аз вайронаҳои Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ бунёд кунанд, онҳо тарҳро дастгирӣ мекунанд.

Ихтилоф миёни ифротгароён ва диндорони муътадил аст

Имом Абдул Рауф бар ин назар аст, ки ихтилофи аслӣ миёни ифротгароёни мазҳабӣ ва диндорони мӯътадил вуҷуд дорад:

“Тундгароёни ифротӣ мехоҳанд, ки мо ба ҷанги саросарии мусалмонон ва ғайри мусалмонон бовар кунем. Баъзе хирадмандон ва мутафаккирон ин мафкураро тавсеъа медиҳанд. Ҷанобону бонувон, ин мафкураи иштибоҳона аст. Низоъи аслие, ки мо бояд имрӯз дар он ширкат намоем на миёни мусалмонону ғайримусалмонон, балки миёни пайравони мӯтадили тамоми адён бар муқобили тундгароёни ин адён ҷараён дорад.”

Ӯ бори дигар такрор намуд, ки садои мусалмонони мӯтадили Амрикоро набояд бо ифротгароён омехта кард.

Бо ҳадафи рафъи ихтилофҳо, сармоядори машҳур Донал Трамп 6 миллион доллар пешниҳод кард то маҳали сохмонро ба ӯ фурӯшанд, аммо соҳиби бино нархи онро 20 миллион доллар гуфтааст.
XS
SM
MD
LG