Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ормонҳо"-и се филмсози ҷавони тоҷик


«Ормонҳо» - исми нахустин филми ҳунарии се ҷавони тоҷик - Муҳиддин Ҷурев, Фарҳод Тухтасунов ва Ғайрат Қодиров аст, ки ахиран дар Кохи Ҷомӣ ба намоиш гузошта шуд. Онҳо дар филми худ ҳаёту мушкилоти доғи ҳамсолонашонро тасвир кардаанд.

Ин филми ҷадид аз ормонҳои шикаста, аз ҳаёту мушкилот ва иштибоҳоти чанд ҷавоне қисса мекунад, ки дар хонаводаҳои табақаҳои мухталиф, сарватманду муҳоҷир ва камбизоат ба воя расидаанд.

Фарҳод, қаҳрамони филм, ки нақши манфиро иҷро кардааст, яккаписари нозпарварди афсар ва сардори ҳақиқатҷӯву бовиҷдони милиса аст. Дар хурдӣ аз модар маҳрум шуда ва бо истифода аз серкории падар ӯ тамоми вақти худро бо дӯстонаш ба айшу ишрат мегузаронад. Билохира даст ба ҷиноят мезанад, вале падар дар пайи ҷустуҷӯи адолат ба ин амали фарзанд чашм напӯшида, ӯро ба маҳбас мекашад.

ҚИССАИ ИШҚИ НОКОМИ ФАРАҲНОЗ

Фарҳод сабабгори даст ба худкушӣ задани духтаре бо номи Фараҳноз мешавад. Фараҳноз дар тарбияи бибии танҳову солхӯрдааш ба воя расидааст. Волидони ӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.

Фараҳноз бехабар аз он, ки Фарҳод оиладор аст, бо ӯ ишқварзӣ мекунад. Оқибат ҳомиладор мешавад ва ба ин иштибоҳи худ тоб наоварда аз шарми атрофиён ва аз тарси волидон худро ба дор меовезад. Ӯ бо ин ормонҳои чандин нафар, модаркалону модари раҳдураш ва ба хусус ормони Хушнуд ҷавонеро, ки ӯро дӯст медошт ва мехост бо бозгашти модараш аз Русия бо Фараҳноз тӯй кунад, мешиканад.

Иштибоҳ дар тарбияи фарзанд, таъсири муҳоҷирату дурӣ аз волидон, мансабталошӣ, қонуншиканӣ ва мушкилоти фаровони иҷтимоӣ, ки боис ба шикаста шудани даҳҳо сарнавишти ҷавон ва афзоиши мавориди худкушӣ мешавад, аз дардҳои аслии ҷомеаи имрӯз ва насли ҷавони кишвар аст. Ин хулосаи филми 100-дақиқаии «Ормонҳо»-ст.

ФИЛМЕ БОЗГӮИ МУШКИЛОТИ ҶАВОНОН


Фарҳод Тухтасунов, қаҳрамони филм ва яке аз таҳиягарони филми «Ормонҳо» мегӯяд, ҳама қиссаву сарнавиштҳои ин филм аз ҳаёти воқеии ҳамсолонаш гирифта шудааст ва ҳадаф ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти насли ҷавон аст.

«Мо мехостем ҳамин воқеиятро ба мардум нишон диҳем. Масалан ҳар рӯз дар ҳама ҷо мегӯянд, ки дар Тоҷикистон сатҳи худкушӣ зиёд аст, аммо касе намегӯяд баройи чӣ? Атрофиён касе худро дар ин айбдор намедонад. Аммо дар марги Фараҳноз Фарҳод ва Фарҳодбаринҳо, ин ҷомеа гунаҳкор аст».

90 ҲАЗОР ҚАРЗ БАРОИ САБТИ ФИЛМ

«Ормонҳо» нахустин филми ҳунарии Муҳиддин Ҷурев, Фарҳод Тухтасунов ва Ғайрат Қодиров аст. Онҳо хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои кишваранд. Ба гуфтаи таҳиягарон, филми мазкур давоми нӯҳ моҳ дар шаҳри Конибодом бо сарфи зиёда аз 90 ҳазор сомонӣ сабт гардидааст, қисмати зиёди ин маблағро ин ҷавонон қарз гирифтаанд.

Муҳиддин Ҷӯраев, муаллиф ва коргардони ҷавони филм, ки ҳоло дар фикри баргардонидани қарз аст мегӯяд, мушкили аслии филмсозони ҷавони кишвар ин камбуди маблағ ва сармоягузор аст:

«Аввалин мушкил ин албатта маблағ аст, аммо ин хел ҳам мешавад, ки маблағ ҳаст, ҳама чиз ҳаст, аммо идея нест, коргардонӣ нест. Мо орзӯ дорем, ки ин филм дар тамоми кинотеатрҳои кишвар намоиш дода шавад ва мо ҳама қарзҳоямонро баргардонему ҳаққи хизмати кормандони филм оҳангосозону ҳунармандони филмро пардохт кунем. Гуфтан мумкин аст, ки тақдири минбаъдаи кори филмсозии мо аз тақдири ҳамин филм вобастааст.»

БАҲОИ БАЛАНД БА ФИЛМИ «ОРМОНҲО»

Аммо таҷрибаи нахустини се ҷавони тоҷик дар соҳаи филмсозӣ, аз сӯйи аксар синамогарони кишвар, ки дар нахустнамоиши ин филм ҷамъ омада буданд, баҳои баланд гирифт ва тасмим шуд филми «Ормонҳо» дар ҷашнвораи навбатии байналмилалии синамо - «Дидор» муаррифӣ шавад.

Саъдулло Раҳимов, филмшинос ва муннақид, дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» гуфт, агарчӣ дар ин филм баъзе нуқсонҳо ҷой дорад, аммо филмсозон тавонистаанд, ба фарқ аз дигар филмҳои тоҷикӣ, дардҳои ҷомеаи имрӯзро хеле хуб бозгӯ кунанд:

«Филмсозони ҷавон даст ба набзи зиндагӣ задаанд. Дигар филмҳоеро, ки мову шумо мебинем, бештар зиндагиро хеле зебову рангоранг нишон медиҳанд. Аммо инҳо дард доранд ва ин дардҳои воқеӣ аст, яъне ҳамаи мо ин дардҳоро дорем, азият мекашем, вале чизе гуфта наметавонем. Инҳо ҳамин чизро кӯшиш карданд бигӯянд».


Оқои Раҳимов меафзояд, ҳамасола дар кишвар ҳудуди 20 филм таҳия ва сабт мешавад, вале дар ин миён дарёфти филми ҳирфаиву филмсозони боистеъдод хеле мушкил аст.
XS
SM
MD
LG