Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КАМ: Фирориён қасди ҳамлаҳои террористӣ доштанд


Ду нафар аз маҳбусони фирорӣ, ки рӯзи 12 сентябри боздошт шудаанд, нақша доштанд амалиёти террористӣ анҷом диҳанд. Ин матлабро хабаргузории давлатии «Ховар» аз қавли мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нашр кардааст.

Кумитаи амният зимни як баёния гуфтааст, ду нафар аз маҳбусоне, ки рӯзи 23 август аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ фирор карданд, ҳини амалиёти боздошти онҳо дар ҳолати омодабош қарор доштаанд.

Натиҷаи тафтишоти аввалия аз он ҳикоят мекунад, ки ин афрод нақшаҳои махфиёна доштанд ва мехостанд дар ҳудуди кишвар як қатор амалиёти террористиро пиёда кунанд.

Ба гуфтаи ин Кумитаи амнияти миллӣ, аз боздоштшудагон як автомати Калашников, як туфангчаи навъи Макаров, се норинҷаки дастӣ ва шумораи зиёди тир мусодира шудааст.

Дар баёния омадааст, ки нерӯҳои амниятӣ ҳама кӯшишро ба харҷ додаанд, то фирориёнро зинда дастгир кунанд. Зимни ин баёния, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз касоне, ки дар бозошти фирориён кӯмак намудаанд, изҳори сипос кардааст.

Дар баёния омадааст, ки амалиёти ҷустуҷӯи фирориёни дигар идома дорад.

Идомаи ҷустуҷӯи 19 нафари дигар

Ҳамин тариқ аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, 6 нафар дастгир шудаанд.

Қаблан, рӯзи 2 сентябр, ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Иброҳим Насриддинов, яке аз се муттаҳами ташкили фирор аз боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳияи Файзобод боздошт карда буд.

Ҳафтаи равон ин нерӯҳо Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи собиқи Горди милии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоевро дастгир кардаанд.

Дар ин робита Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилиаи Тоҷикиcтон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боздошт дар қаламрави ноҳияи Файзобод, 50-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон аз сӯи нерӯҳои махсуси ин вазорат анҷом ёфтааст.

Ҳамзамон ӯ иқрор кард, ки барои ҳифзи рози амалиёти махсус маҳалли дақиқи боздоштҳо ифшо намешаванд.

Парвандаи ҷиноии марбут ба фирори маҳбусон


Ҳамзамон Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи чанд корманди боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки гуфта мешавад аз саҳлангории онҳо шаби 23-юми август 25 маҳбус фирор кардаанд, иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои хабаргузориҳод, дар ҳоли ҳозир як афсари рутбаи поин ва чанд сарбози қатории қисми ҳарбии 6593-и Вазорати адлия, ки шаби воқеа дидбонӣ мекарданд, зери шубҳа мебошанд.

Ба ғайр аз ин, як афсари миёнарутбаи ин қисми ҳарбӣ ба суистифода аз мақом айбдор мешавад.

Додситонӣ мегӯяд, ин афсари қисми ҳарбӣ ба яке аз навбатдорони маҳбас иҷоза додааст, ки мошини худро дар саҳни боздоштгоҳ гузорад, ки шаби фирор аз тарафи маҳбусон истифода шудааст.

Амалиёти ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ идома дошта, то ҳол танҳо 6 нафари онҳо боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG