Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол аз натоиҷи ҳамапурсӣ дар Туркия


ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо натиҷаҳои раъйпурсии Туркияро оид ба тағйири Қонуни асосии ин кишвар истиқбол карданд.Таҳаввулоти мазкур ҳадаф дорад Туркияро бо Иттиҳодияи Аврупо наздиктар кунад. Дар ин назарпурсии умумӣ 77 дарсади афроди соҳиби раъй ширкат намуданд.

Тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ, аксари кулли раъйдиҳандагон, дирӯз бо тағйироту иловаҳои нави конститутсияи кишварашон мувофиқат карданд.

Истиқболи гарми ИМА ва Иттидоди Аврупо

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо баргузории раъйпурсиро барои тағйири Қонуни асосии Туркия, ки замони ҳукмронии раҳбарияти низомии ин кишвар қабул шудааст, ситоиш карданд. Имрӯз қарор аст, Шӯрои олии интихоботии Туркия, натиҷаҳои расмии ҳамапурсии рӯзи якшанберо эълон кунад.

Баъди ҳисобу китоби тақрибан ҳама раъйҳо гуфта шуд, ки ҳудудан 58 дар сади сокинони кишвар бо 26 ислоҳи тоза ба Қонуни асосӣ мувофиқат карданд. Тағйироти ахир ҳамакнун низоми додгустарии кишварро дигар карда салоҳияти низомиёнро камтар хоҳад намуд.

Ҳузури раъйдиҳандагон дар пурсиши дирӯза, 77 дар садро ташкил додааст. Зимни истиқбол аз натиҷаҳои раъйпурсӣ, нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки демократияи Туркия пирӯз шуд:

“Раъйи мусбате, ки имрӯз дар референдум дода шуд, натиҷаи талоши мардум барои демократия мебошад. Аз номи ҳизби Адолат ва Тараққиёт ман инро чун пуштибонии саросарии миллӣ аз тағйироту ҷараёнҳои демократӣ арзёбӣ мекунам”.

Дар айни замон, аҳзоби мухолиф мегӯянд, ки дар асл худи Эрдуғон ва ҳам ҳизби исломгарои ӯ тавассути тағйироти қонун мехоҳанд умри худро дар ҳукумат дарозтар карда ин ҷумҳуриро аз низоми дунявие, ки дорад дур кунанд.

Кохи Сафед гуфт, ки раиси ҷумҳурӣ Барак Обама ба Эрдуғон телефонӣ табрикоти худро расонда гуфтааст, ки ҳаракати Туркия ба самти демократия аз ҳузури мардум дар раъйдиҳӣ бараъло аён буд.

Масъули комиссияи тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо Стефан Фуйле дар изҳороташ гуфт, ислоҳоти Туркия як қадами дуруст аст, чунки ин тағйирот “авлавиятҳои дарозмуддати Туркияро барои мувофиқат ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо” бозгӯ мекунад.

Вай афзуд, ки дар айни замон ислоҳоти иловагии дигар ҳам дар масоили авлавиятноке мисли ҳуқуқи бунёдии озодии баён ва озодии мазҳаб зарур аст.

Вазири хориҷаи Олмон Гуйдо Вестервелле аз баргузории референдуми Туркияро истиқлоб кард ва гуфт, ки ислоҳоти қонун барои талошҳои узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо хеле муҳим аст.

Рӯйдоди муҳим дар таърихи Туркия

Қонуни асосии амалкунандаи ин кишвар ҳанӯз 30 соли пеш, яъне 12 сентябри соли 1980 аз ҷониби низомиёне эҷод шудааст, ки қудратро дар Туркия ба даст оварданд. Ва ҳоло, мегӯяд Эрдуғон, ин сана аз рӯйдоди хуштар ёдовар хоҳад шуд:

“12 сентябр дар таърихи Туркия чун як марҳилаи муҳими гузар дар демократияи ин кишвар сабт хоҳад шуд. Шуморо ҳамеша ба хотири ин сана дар ёдҳо хоҳанд гирифт, моро ҳамеша барои ин сана фаромӯш нахоҳанд кард. Таърихи 12 сентябр, ки чун доғи кудатои конситутсионӣ дар ёдҳо мондааст, акнун ба як саҳифаи рӯшани таърих табдил мешавад, ки дар ин рӯз референдуме баргузор шуда муҳимтарин марҳила дар таърихи демократия гашт ва доғи сиёҳи таърихро пок кард”.

Ислоҳоти конститутсионӣ бо ҳадафи мувофиқ кардани Туркия бо меъёрҳои Иттиҳодияи Аврупо анҷом шудааст. Дар миёни муҳимтарин тағйирот, талоши ислоҳи низоми додгустарии ин кишвар аст, ки то имрӯз чун маҳаки низоми сиёсии дунявии ин кишвар арзёбӣ мешуд.

Инчунин мақоми нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, ки то имрӯз ҳамчун посбони низоми секуллори Туркия арзёбӣ мешуд, кам хоҳад шуд.

Раъйдиҳии ахир боиси он шуд, ки рӯзи душанбе қимати саҳҳоми Туркия дар бозор боло рафт.

Сармоягузорон пуштибонии мардум аз ҳизби ҳокими Адолат ва Тараққиётро чун нишонаи пирӯзии эҳтимолии он дар интихоботи соли 2011 арзёбӣ мекунанд.

Аз замони сари қудрат омадани ин ҳизб дар соли 2002, иқтисоди Туркия шоҳиди пешрафти қобили мулоҳизае будааст.
XS
SM
MD
LG