Нозирҷон Бӯриев, сардори Идораи робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ (бишнавед дар гӯшаи "Чандрасоанӣ") гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон Зайдуллоҳ Азизов ва шаҳрванди Доғистони Русия Магомелд Аҳмадов дар Душанбе ва навоҳии гирду атрофи пойтахти Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми маҳаллӣ дастгир шудаанд. Бо ҳадафи ошкор нашудани сирри тафтиш Бӯриев аз додани иттилои бештар худдорӣ кард. Зимнан телевизиони Тоҷикистон ҳам Азизов ва Аҳмадовро дар ҳоле намоиш дод, ки аз тарафи нерӯҳои ҳифзи қонун боздошт шудаанд.
Идомаи ҷустуҷӯи 21 нафари дигар
Ҳамин тариқ аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, 4 нафар дастгир шудаанд. Ёдовар мешавем, рӯзи 2 сентябр ниҳодҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Иброҳим Насриддинов, яке аз се муттаҳамони ташкили фирор аз боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳияи Файзобод боздошт карда буд. Ҳафтаи равон ин нерӯҳо Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи собиқи Горди милии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоевро дастгир кардаанд.
Дар ин робита Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилиаи Тоҷикиcтон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боздошт дар қаламрави ноҳияи Файзобод, 50-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон аз сӯи нерӯҳои махсуси ин вазорат анҷом ёфтааст. Ҳамзамон ӯ иқрор кард, ки барои ҳифзи рози амалиёти махсус маҳалли дақиқи боздоштҳо ифшо намешаванд.
Боздошти ду тан аз раҳбарони фирор
Агар изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон ҳақиқат бошад, яке аз раҳбарони фирори бесобиқа аз боздоштгоҳи Душанбе маҳбуси собиқи Гуантанамо, Иброҳим Насриддинов, дувумӣ фармондеҳи наздик ба Мирзо Зиёев бо лақаби "Кӯри Малиш", Ҳикмат Азизов, ва савумӣ зодаи Доғистони Русия, Магомед Аҳмадов будаанд.
Ба ин тартиб то ҳол ду нафар аз ташкилкунандагони фирор -- Иброҳим Насриддинов ва Магомед Аҳмадов дубора боздошт шудаанд. Тафсилотии боздошти онҳо ва фирориёни дигар эълон нашудааст, аммо ҳафтаи гузашта, як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, Насриддинов дар минтақаи байни ноҳияҳои Ваҳдат ва Файзобод ба даст афтодааст. Нақши аҳолии маҳаллӣ дар кӯмак ба мақомоти кишвар низ муфассал иброз нагаштааст. Ҳамчунин бо вуҷуди иттилои мухталиф дар бораи нақши Русия ва Афғонистон, ки Тоҷикистон дар охири моҳи август аз онҳо дар боздошти фирориён мадад хост, номаълум мондааст.
Парвандаҳои нави ҷиноӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба қазияи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҷамшед Сангов, раҳбари раёсати парвандаҳои фавқулодда муҳими додситонии кулл гуфтааст, ки ин парванда тибқи чанд банди Қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла куштор, ҳифзи аслиҳа, фирор аз боздошт ва дуздии васоили нақлия боз шуда, феълан тафтиш идома дорад.
25 маҳбус, ки ағлаб бо ҷурми талоши табаддулоти давлатӣ ҳукми зиндон гирифтаанд, шаби 23 август дар пайи қатли 5 зиндонбон аз боздоштгоҳи кумитаи амният дар Душанбе фирор карданд. 4 мошине, ки онҳо эҳтимолан ба ҳангоми фирор истифода бурдаанд, рӯзе баъд дар дараи Ромит ва ноҳияи Файзобод кашф шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон, 20 июли соли ҷорӣ, аз ҷумла Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентии Тоҷикистонро ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Ӯ дар талоши барои табадуллоти давлатӣ, нигаҳдории силоҳ ва бархе дигар амалҳои ғайриқонунӣ муҷрим дониста шуд.
Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, дар таърихи 12 январи соли равон аз Дубай ба Душанбе истирдод шуд. Мақомоти Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро дар як силсила ҷиноёти сангин муттаҳам карда, қаблан се корхонаи марбут ба ӯ - корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯлобро давлатӣ карданд
Интиқод аз мақомоти давлат ва тағйироти кадрӣ
Як ҳафта пас аз фирор Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас мешуморад.
Намояндаи аршади раёсат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷраҳои боздоштгоҳи Кумитаи амният аз одитарин шароити амни нигаҳдошти мабҳусон маҳрум буда, чораҳои эҳтиётӣ риоят намешаванд. Сухангӯи Муасcисаи ислоҳии раками 1-и Вазорати адлияи Тоҷикистон, Парвин Ализода мегӯяд, воқеаи мармуз аст, ки сарварони боздоштгоҳи Кумтаи амният ахиран маҳбуси пешини Гуантанамо Иброҳим Насриддиновро бо сабабҳои номаълум аз маҳбаси Қӯрғонтеппа ба ин боздоштгоҳ интиқол ва барояш имтиёзҳо додаанд
Рӯзи 2-юми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Истеъфои Абдураҳимов 10 рӯз пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амният рӯзи 23-юми август ба вуқӯъ пайваст. Фирориён ҳангоми гурехтан аз маҳбас 5 посбонро ба ҳалокат расонданд. Абдураҳимов аз соли 1999 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд, ки то кунун муовини раиси ин кумита будааст.
Бархе аз нозирони маҳаллӣ таркиши рӯзи 3-юми сентябрро дар саҳни Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта дар вилояти Суғдро ба фирори зиндониён рабт медиҳанд, вале ду рӯз баъд аз воқеа як гурӯҳи то ҳол номаълуми "Ҷамоати Ансоруллоҳ" масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Бар асари таркиш 2 афсари пулис кушта, 25 корманди милиса ва 2 раҳгузари тасодуфӣ захмӣ шудаанд.
Мусоҳибаи моро дар ин бора бо сардори Идораи робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Нозирҷон Бӯриев дар гӯшаи "Чандрасонаӣ" бо ангушт задани рамзи аудио бишнавед.