Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ


Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик
Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон ва сабқати бокси ҷаҳонӣ байни занон нақл мекунем.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон, ки аз 9-ум то 14-уми сентябр дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио баргузор мешавад, Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Ҷамшед Халилов дар вазни 60 кило, Фаррух Собиров дар вазни 66 кило, Расул Боқиев ва Саидҷалол Саидов дар вазни 73 кило, Шералӣ Бозоров ва Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кило, Муҳаммад Абдураҳмонов дар вазни 100 кило, Аминҷон Хонов ва Абубакр Раҳмонов дар вазни беш аз 100 кило дохиланд.

Дар сабқати ҷаҳонӣ, ки ҳамзамон мусобиқаи интихобии олимпӣ маҳсуб мешавад, барои бори аввал дар як вазн метавонанд ду намоянда аз кишвар ширкат варзанд.

Мавзуна Чориева
Дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон ва Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Пекин ва сабқати ҷаҳонӣ.

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни занон, ки аз 9-ум то 18-уми сентябр дар кишвари Барбадос доир мешавад, ширкат меварзад. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм қувваозмоӣ мекунад.

Мавзуна ба кишвари Барбадос, ки дар соҳили баҳри Кариб ҷойгир шудааст, ҳамроҳи мураббиаш Мирзо Шамсиев сафар кардааст. Мавзунаи 17-сола, ки имсол ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мақсад дорад, дар сабқати ҷаҳонӣ пирӯз шавад.

Дар ин барнома, инчунин, хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG