Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари коршиносон ба паёми Эмомалӣ Раҳмон


Коршиносони тоҷик дар баррасии паёми телевизионии Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 19-умин солгарди истиқлолият мегӯянд, ки ин паём аз суханрониҳои қаблии ҷаноби Раҳмон зиёд фарқ надошт ва чун дар гузашта ба шукргузорӣ дар баробари дастовардҳо таъкид мекард.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, ин далел, ки ҳукумати Тоҷикистон "Шукргузорӣ"- ро идеологияии давлат қарор додааст, таъсири баръакс медиҳад ва ҷомеъаро ба тавони ҳукумат дар баробари масоили умдаи давлат, ба монанди рушди иқтисод ва таъмини суботу амният машкук мекунад.

Идеологияи "Шукргузорӣ"

«Мо пешниҳод кардем, ки ҳукумат аз идеологияи «шукрона», ки ҳамаи қишрҳои ҷомиаро оҳиста-оҳиста хаста мекунад, даст кашад ва ба идеологияи нав гузарад. Бояд ба идеологияи «ҳаракату баракат» такя кунем, ки ба идеологияи Шоҳроҳи абрешим такя мекунад. Ин идеология ба он қишри ҷомиаи Тоҷикистон такя мекунад, ки онҳо ҳамарӯза некӯаҳволии худро беҳтар мекунанд, пеш аз ҳама тиҷорат ва соҳибкорӣ. Тоҷикон аз қадим ҳамчун тоҷир муваффақ буданд. Мутаассифона, дар ин паёми президент ҳам мо ягон самти навро надидем»

Коршиносон мегӯянд, дуруст мебуд, агар раисҷумҳур ба ҷойи ишораҳои барои мардуми оддӣ нофаҳмо, ошкоро аз мушкилот сӯҳбат мекард ва вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро шарҳ медод..

Зафар Абдуллоев, сарвари оҷонси «Авеста» мегӯяд, паёмҳои раисҷумҳурро маъмулан як гурӯҳи қадимие омода мекунад, ки солҳо ба ин сӯ тағйир намеёфтааст.

Оғои Абуллоев мегӯяд, ин гурӯҳ воқеъиятро дар матни суханронӣ мунъакис намекунад ва маъмулан ончиро менависад, ки худаш муфид мешуморад. Зафар Абдуллоев мефзояд, мардум дар ин рӯз аз раисҷумҳур сухани тоза интизор доранд на зикри тарҳҳои стратегӣ, ки солҳо боз вирди забонҳо шудаанд. Ба гуфтаи сарвари "Авесто" беҳтарин суҳбатҳои раиси ҷумҳур ҳамонҳое буданд, ки хориҷ аз матн омода шуданд.

«Раисҷумҳури Тоҷикистон бад сӯҳбат намекунад, балки хеле аҷиб сӯҳбат мекунад. Амиқ ва бо эҳсос суханронӣ мекунад, вақте ин корро ӯ худ ва бидуни ягон матни қаблан омода намудаанд. Ин гуна баромадҳоро ман зиёд шунидаам. Вақте Эмомалӣ Раҳмон худ баромад мекунад ва он чӣ ки дар фикраш ҳаст мегӯяд, ба мардум фаҳмову наздиктар аст, дар қиёс бо ин матнҳои аз пеш омодашуда»


Шокирҷон Ҳакимов, муовини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, паёмҳои раисҷумҳур як ҷузъи таблиғи ҳукуматӣ ва комилан пешгӯишаванда ҳастанд.

«Ҳамин гуна ваъдаҳо қаблан низ буданд, аммо кадрҳое, ки ин барномаҳоро амалӣ мекунад, начандон босалоҳият мебошанд. Боиси таассуф аст, ки бештари онҳо рӯи коғаз мемонанд ва ин кори хуб нест».

Мақомот бидуни далел сӯҳбат намекунанд

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мегӯяд, вақте мақомоти Тоҷикистон дар бораи рушд сӯҳбат мекунанд, бидуни шак далеле доранд ва дар ҳақиқат Тоҷикистон дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти энержӣ даҳҳо нерӯгоҳи хурду миёна сохта, барои бурунрафт аз бунбасти нақлиётӣ роҳҳо ба Чину Афғонистон боз шудаанд:

«Бо пули хориҷӣ аст, бо маболиғи дохилӣ, ҳар чӣ набошад, сохта шуданд. Ин ҳама ба рушди кишвар зарур аст. Аммо барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ бояд иқдомҳои ҷиддитар гирифта шаванд. Нерӯи кории Тоҷикистон бояд дар дохил барои сохтмони нерӯгоҳҳо, корхонаҳо ва дигар иншоот истифода шаванд. Вагарна мардум маҷбур аст, ки дар хориҷа кор кунад ва барои Тоҷикистон маблағ орад»

Коршиносон мегӯянд, сиёсати дарҳои боз, ки ҳукумати Тоҷикистон сараш зиёд таъкид мекунад, истиқлолияти кишварро тақвият мебахшад, бо вуҷуди он ки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро то ҷойе ба мушкил мувоҷеҳ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, аксари коршиносон воқеъияти як нуктаи табрикоти раисҷумҳури Тоҷикистонро таъкид мекунанд, ки ба забони давлатӣ рабт дорад.

Онҳо мегӯянд, забони тоҷикӣ дар соли гузашта воқеан ба забони толорҳову сӯҳбатҳои расмӣ табдил ёфт ва ҳатто сафирони кишварҳои хориҷӣ ба омӯзиши ин забон ва истифодаи он дар сӯҳбатҳои расмӣ шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG