Ба сурати умум, насли калонсол дилтангии худро барои замони Шӯравӣ пинҳон намекунад. Вақте аз онҳо дар бораи Шӯравӣ суол мекунед, чашмашон барқ мезанад ва пушти сари ҳам сифатҳои зиндагии замони Шӯравиро номбар мекунанд.
Ҳамчунин мардуми деҳнишин эътироф мекунанд, ки истиқлолият ба онҳо имкони заминдорӣ ва бизнеси хусусиро фароҳам овард. Заминҳои колхоз миёни хоҷагиҳои деҳкони тақсим шуд. Даромад аз кишти замин дигар на ба буҷаи колхоз, балки ба ҷайби оилаи деҳқон меравад. Ин равиш сатҳи зиндагии як қишри муайяни сокинони деҳро боло бурд.
Аммо насли ҷавон, ки дар бораи Шӯравӣ аз китобҳо хонда ва аз қиссаҳои момову бобо шунидааст, чизе барои қиёс надорад ва мегӯяд аз зиндагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол розӣ аст.