Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 миллион доллар барои наҷоти "Кобул-Бонк"


Бонки марказии Афғонистон эълом кардааст, ки барои раҳоии «Кобул-Бонк» аз мушкили молӣ ба ин бонк қарз хоҳад дод. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки чанд рӯзи ахир нигаронии муштариёни Кобул-Бонк меафзояд ва онҳо талош доранд пасандозҳои худро бозпас бигиранд.

Як масъули бонк бо радди ин хабар, ки гӯё ҳукумат аллакай ба пешкаши 200 миллион доллар мувофиқат кардааст, гуфт, дар сурати дархости ин бонки дучори мушкилшуда омода аст барояш кӯмак кунад.

Кобул-Бонк аз азимтарин бонкҳои хусусии Афғонистон аст, ки бо сабаби тиҷоратҳои машкукаш дучори варшикастагӣ шудааст. Мунаққидон мегӯянд, қазияи ин бонке, ки дар миёни саҳҳомдоронаш афроди наздик ба ҳукумат ва элитаи сиёсии кишвар ҳастанд, ба эътибори ҳукумати Ҳомиди Карзай латма мезанад.

Signs Of Financial Panic In Kabul
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00


Изтироби муштариёни Кобул-Бонк

Бо гузашти қариб як ҳафта аз сар задани моҷарои нави бонкӣ дар Афғонистон, шумори мардуми нигарон аз сарнавишти пасандозҳояшон дар яке аз бонуфузтарин бонкҳои Кобул кам намешавад. Мегӯянд, пушти дарҳои ҳама намояндагиҳои Кобул-Бонк дар саросари Афғонистон имрӯзҳо садҳо нафар аз муштариён ҷамъ омадаанд, ки бо шунидани хабари эҳтимоли варшикастани бонк осемасар талош доранд пасандозҳои худро бозпас бигиранд.

Як муштарие, ки 100 ҳазор доллари худро дар Кобул-Бонк гузоштааст, дигар ба он бовар надорад ва мегӯяд, умедвор аст пулҳои худро то охирин сент бармегардонад. Ҳафтаи гузашта Хайрулло Фирӯзӣ, яке аз саҳҳомдорони калонтарини ин бонк дар сӯҳбат бо New York Times гуфт, ки дар ду рӯзи аввали бӯҳрон мардум 180 миллион доллар пасандозҳои худро бозпас гирифтанд. Оқои Фирӯзӣ гуфт, ки бо чунин ҳол эҳтимол аст, ки бонк тавонад аз варшикастагӣ раҳо шавад.

Зарбаи шидид ба обрӯи ҳукумати Карзай

Аз нигоҳи аксар соҳибназарон дар Кобул, ҳодисаи мазкур зарбаи дигари шадиде ба обрӯи ҳукумати Карзай мезанад. Сайид Масъуд, устоди улуми иқтисодӣ дар донишгоҳи Кобул аст. Вай ҳолати пешомадаро чун “бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ”арзёбӣ кард. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ӯ гуфт:

“Дар қарни 21-ум иқтисод гапи аввалро мезанад. Агар иқтисод варшикаста шавад ва системаи моливу бонкии як кишвар варшикаста шавад, яқин аст, ки таъсири бисёр зиёдро болои сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ хоҳад расонд ва эътибори як кишварро дар пеши кишварҳои дигар кам хоҳад кард”.

Ин таҳлилгар мегӯяд, пайомади сангинтарини ин ҳодиса дар он аст, ки мардуми ҷангзадаи Афғонистон, ки тоза ба фаъолияти низоми бонкӣ умед баста буданд, дилзада мешаванд ва ба бонкҳои дигар ҳам акнун эътимод нахоҳанд кард:

“Кобул-Бонк» нахустин бонки хусусӣ буд, ки дубора фарҳанги пасандозкунӣ ва он эътимод ва бовари мардумро болои бонкҳо эҷод кард. Онҳо маблағи ҳангуфтеро аз мардум ҷамъ карданд ва мавриди муомила қарор доданд. Шояд ҳам бисёр таъсири бадеро болои бонкҳои дигари хусусӣ эҷод кунад ва боварии мардум ҳам кам мешавад”.

Ваъдаи кумаки ҳукумат ба Кобул-Бонк

Вале аз нигоҳи мақомоти Афғонистон, ҳоло аз адами эътимод сӯҳбат кардан нашояд, чунки ин бонк бо кӯмаки давлат метавонад дубора ба ҳолати оддӣ баргардад. Дар ин бора ҳам раиси ҷумҳурӣ Карзай ва ҳам вазирону мақомдорони дигари ҳукуматӣ сӯҳбат мекунанд. Дар сӯҳбат бо радиои Афғонистони Озод Азиз Шамс, сухангӯи вазорати молияи Афғонистон гуфт:

“Боиси эътибор буд, ки вазири молия ва раиси «Афғонистон-бонк» аз тариқи расонаҳо эълон карданд, ки барои мо Кобул-Бонк мавриди эътимод аст ва он метавонад вазифаҳои худро ба дурустӣ анҷом бидиҳад”.


Кобул-Бонкро ҳукумати Афғонистон барои пардохти маоши 250 ҳазор корманди сохторҳои давлатӣ истифода мекард. Вале моҷаро баъди он рӯ зад, ки Бонки марказии Афғонистон ошкор кард, ки Кобул-Бонк ҳудудан 300 миллион доллар сармояҳои худро бар асари муомилоти машкуку сармоягузориҳои пинҳонӣ дар тиҷорати хона аз даст додааст. Дар пай ду раҳбари муҳим ва саҳҳомдорони аслии бонк аз вазифа истеъфо доданд.

Бизнеси «сиёҳ»-и бонк

Мегӯянд, дар миёни бизнеси сиёҳи ин бонк хариду фурӯши хонаву дафтарҳои корӣ дар Дубай будааст, ки баъди бӯҳрони иқтисодии соли 2007 шикаст хӯрдааст. Бахши дигари пулҳои аздастрафта, тибқи гузоришҳо, барои бархе афроди бонуфузи наздик ба ҳукумат ба шакли қарз пешкаш шудааст.

Ҳамин бонк соли гузашта маъракаи интихоботии Ҳомид Карзайро маблагузорӣ карда буд. Зимнан, бародари ӯ Маҳмуд Карзай яке аз саҳҳомдорони бонк мебошад ва ҳамин иртиботи хешутаборӣ бо мақомоти кишвар ҳам ҳарорати моҷарои атрофи бонкро боз ҳам гармтар мекунад.

Абдулло Абдулло, рақиби интихоботии Карзай гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони азимтари дигар дар кишвар ҳукумат бояд бо мардум “шаффоф” бошад ва вазъи баамаломадаро ошкоро тавзеҳ диҳад.
XS
SM
MD
LG