Дар ноҳияи Қарабоғи вилояти Ғазнӣ, Толибон бо истифода аз таҳдиду зурӣ, тамоми мактабҳои духтарона, мусобиқаҳои варзишӣ, иҷрои мусиқӣ ва рақсро манъ карданд. Ба занҳо иҷозаи кор дода намешавад ва онҳо маҷбуранд бурқа ё чодар пӯшанд. Мадрасаҳои писарона танҳо баъд аз афзоиши бесобиқаи шумораи дарсҳои исломӣ дубора боз шуд.
Толибон бозмегарданд
Фишори толибҳо барои корбасти қонунҳои шариат баҳсҳоеро ба бор овардааст. Суоли матраҳ ин аст, ки оё берунравии нерӯҳои НАТО, ки то июли соли 2011 бояд анҷом шавад ва майли Кобул ба оштӣ бо Толибон, рӯҳониҳои муҳофизакор ва мутаасибро ҳавасманд нахоҳад кард, то низоми сахти ҳуқуқиро ҷорӣ кунанд, ки мустақиман мухолифи ҳуқуқҳои инсонӣ бошад, ки дар Қонуни асосии кишвар тазмин мешавад?
Ин вазъият дар дохили Афғонистон, баҳси деринаро дар бораи нақши шариат дар ҷомеа шиддат бахшида аст. Суоли марказӣ ин аст, ки оё аксаррияти аҳолии кишвар бо шумули толибон, ба низоми ҳуқуқие розӣ хоҳанд шуд, ки бо арзишҳои ҳуқуқи башар ҳамоҳанг аст?
Дэвид Эдвардс, профессори инсоншиносии Донишгоҳи Вилямси аёлати Масатчусетс изҳори шубҳа мекунад, ки толибон ба гуфтушунидҳо атрофи дидгоҳи алтернативӣ ба шариъат розигӣ диҳанд ё ин ки Қонуни асосии кунунии кишварро қабул кунанд.
Эдвардс, ки 30 сол боз бо омӯзиши сиёсату фарҳанги Афғонистон машғул аст мегӯяд, толибон кӯшиш доранд равияи бесобиқаи қонуни шариатро ҷорӣ кунанд ва аксарияти аҳолии Афғонистон онро қабул намекунад.
Толибон дар нимаи дуввуми солҳои 90-и қарни гузашта, замоне ба сари қудрат омаданд, ки ҳукумати вақти Кобул бо раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ даргири ҷангҳои танзимӣ буд.
Ва имруз вазъ такрор мешавад ва толибон кӯшиш мекунанд бори дигар аз нокомии ҳукумати кунунӣ истифода баранд. Дар муқоиса бо додгоҳҳои номӯътабари ҳукуматӣ, толибон алтернативаи ҳуқуқии омодашударо пешкаш мекунанд.
Толибон ва андешаҳои сахтгиронаи онҳо
Профессор мегӯяд, дар баробари афзоиши ихтилофҳо миёни Кобулу Вошингтон ва коҳиши ҳимоят аз ин ҷанг, дар кишварҳои Ғарбӣ шубҳа вуҷуд дорад, ки толибон аз мавқеъашон дар ин қазия ақибнишинӣ кунанд.
“Ман наметавонам тасаввур кунам ки толибон, ки аз замони таъсисёбиашон дар солҳои 1990-ум ба ҳамаи он чӣ, ки онҳо пуштибонӣ мекарданд ноил шуданд, ба қонуни асосие розӣ шаванд, ки дар асоси шариъат таҳия нашудааст. Ман фикр мекунам, ки ин ба таври бунёди мухолифи тамоми мафкураҳои онҳо хоҳад буд. Онҳо шояд розӣ шаванд агар дар қонуни асосӣ, ҳам арзишҳои Ғарбӣ ва ҳам маромҳои исломӣ шомил бошад. Аммо ин ғайривоқеъӣ ба назар мерасад.”
Заминаи мусолиҳа бо Толибон вуҷуд дорад
Аммо Мавлавӣ Муҳаммад Айёз Тарнак, рӯҳонии муҳофизакори исломӣ аз Кобул изҳорӣ ақида кард, ки шариат барои мусолиҳа миёни ҳукумати президент Ҳомид Карзай ва толибон беҳтарин заминае мебошад.
“агар толибон аз мухолифаташон даст кашида ба қонуни асосии феълӣ розӣ шаванд, аммо дар иваз хоҳиш кунанд то, ки фиқҳи ҳанафӣ ҷорӣ шавад ва агар ҳар ду ҷониб дар ин бора ба тавофуқ бирасанд, ман фикр намекунам, ки миёни мавқеҳояшон фарқи зиёд бошад.”
Қонуни асосии кишвар Исломро ба ҳайси дини давлатӣ мепазирад ва тазмин медиҳад, ки тамоми қонунҳои Афғонистон бояд бо Ислом ҳамоҳанг шавад. Ҳамзамон дар он, риояи тамоми тааҳҳудоти саросарӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон аз ҷумла дифоъи ҳуқуқи зан ва ақаллиятҳо замонат дода мешавад.
Ба ҳамин хотир ҳам, ҳукми сангсори ду ҷавон барои зино аз ҷониби толибон дар Афғонистони шимолӣ моҳи гузашта мавриди интиқоди шадид дар дохили кишвар ва хориҷ аз он қарор гирифта буд.
Ба тозагӣ маҷалаи “Тime”, акси Оиша Бибӣ, духтари 18 солаеро дар муқовааш ҷой дода буд, ки биниашро толибон бурида буданд. Ин вахшигарӣ баҳсҳоеро дар бораи оқилона будани нақшаҳои фарохонии артиши Ғарб аз Афғонистон, ки бояд тобистони оянда оғоз шавад ангезиш дод.
Мавлави Арсала Раҳмонӣ, узви собиқи ҳукумати Толибон, ки бо Кобул оштӣ кард мегӯяд, ки агар сулҳ барқарор шавад ҳамаи ин ихтилофҳоро дар чорчуби шариъат мешавад ҳал кард.
Вай ба ҳайси мисол Арабистони Саудиро овардааст, ки дар он қоидаҳои сахтгирона ҷорӣ мебошад аммо ҳеҷ кас он кишварро мисли Афғонистон сахт танқид намекунад.