Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати онлайн бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳот


Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон
Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон

Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, зуҳри рӯзи ҷумъа меҳмони сӯҳбати онлайни радиои Озодӣ буд ва ба ҳудуди 100 суоли хонандагон посух дод.

Дар ин сӯҳбат беш аз 60 нафар аз гушаву канорҳои кишвар ва ҳамчунин аз хориҷа ширкат карданд, ки гувоҳи таваҷҷӯҳи хосси хонандагони мо ба масоили забон ва истилоҳот аст.

Ширкаткунандагони гуфтугӯи мустақим бештар дар робита ба тарҳи имлои нави забони тоҷикӣ, ки аз сӯи Кумитаи забон ва истилоҳот таҳия шудааст, суолҳо додаанд.

Дар ҷавоб ба ин суолҳо ҷаноби Саймуддинов лоиҳаи нави имлоро муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ин тарҳ омода аст ва пас аз баррасии ниҳоии гурўҳи корӣ дар моҳи сентябр барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд.

Гуфтугӯи мустақим бо Додихудо Саймуддинов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:53 0:00


Як нуктаи аслии дигаргуниҳо дар тарҳи нави имло ҳазфи “ӯ” ва ё “у”-и дароз аст, ки низ дар сӯҳбати онлайн борҳо матраҳ шуд. Додихудо Саймуддинов дар мавриди сарнавишти ҳарфи “у”-и дароз гуфт, ин баҳс беш аз 70 сол идома дорад ва дар қоидаҳои имлои нав ҳамаҷониба баррасӣ ва таҳлил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарфи “у”-и зада аксаран дар калимаҳои иқтибосии туркӣ вомехурад ва дар бисёре аз вожаҳои тоҷикӣ иштибоҳан ҳамчун меъёр қабул шудааст.

Аз ҷумла Ҷаноби Саймуддинов мегӯяд, пеш аз овози “ҳ” ва аломати “ъ (сакта)” навиштани “ў” қоидаи бофта ва бидуни бунёди таърихист. Вай меафзояд, ҳарфи “ӯ” дар забони тоҷикӣ (форсӣ ва дарӣ) ҳеҷ гоҳ дар аввали калима намеояд ва ин масъала дар лоиҳаи нав зикр шудааст.

Мавзуи дигаре, ки хонандагон дар сӯҳбати онлайн матраҳ карданд, истифодаи аз ҳад зиёди истилоҳоту вожаҳои арабӣ дар расонаҳои кишвар аст. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар ин маврид гуфт, вожаҳо ва истилоҳоти арабӣ, ки аз даврони исломӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ворид шудаанд, як бахши муҳими луғати забонанд. Аммо истифодаи истилоҳоти арабӣ ҳамеша бояд бар асоси меъёрҳои забони тоҷикӣ сурат гирад.

Тафсилоти гуфтугӯи мустақим бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро дар ин саҳифа бихонед.
XS
SM
MD
LG