Ин ҳушдор дар ҳоле садо дод, ки баъд аз чандин моҳи болоравии нархи саҳҳом, мақомоти Теҳрон дар бораи рушд кардани иқтисоди кишвар алорағми эъмоли таҳримҳои нави байналмилалӣ хабар доданд.
Рӯзи 30 август, шохиси бурси Теҳрон ба нишондоди 17900 ченак расид. Моҳи март он ҳамагӣ 12537 ченакро ташкил дода буд. Имрӯз арзиши бурси Теҳрон 80 миллиард доллар аст, дар ҳоле, ки дар миёнаҳои моҳи июн мутахассисон онро 70 миллиард доллар арзёбӣ мекарданд.
"Пуфаки аз ҷониби ҳукумат сохташуда"
Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон бозори афзоишёбандаи Теҳронро “пуфаки аз ҷониби ҳукумат сохташуда” унвон мекунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат болоравии бесобиқаро аз роҳи озод кардани хариду фурӯши дороиҳои ба ном ширкатҳои хусусӣ таъмин кардааст, ки дар асл моликияти созмонҳои давлатӣ, аз чумла, Сипохи Посдорони Инқилоби Исломӣ мебошад. Сипохи Посдорони Инқилоб дар иқтисоди Эрон нақши муҳим мебозад.
Як иқтисодшинос мегӯяд, ки шикасти бозори саҳҳоми Эрон ногузир аст ва имкон дорад, ки бо фурӯпошии фалокатбор анҷом ёбад, назири фурупошии иқтисодҳои Русия дар соли 1998 ва Аргентина дар соли 2001. Агар ин рух диҳад, ин бӯҳрон барои устувории сиёсӣ ва иҷтимоъии Эрон паёмадҳои хатарбор хоҳад дошт.
Ин ҳушдорҳо парлумони кишварро низ сахт нигарон карда, вакилони он хостори анҷоми таҳқиқи сабабҳои чунин рушди бесобиқа ва паёмадҳои он шудаанд.
Меҳрдод Имодӣ, мушовири бахши иқтисоди Эрон дар назди Иттиҳодияи Аврупо вазьро таҳқиқ карда, ба хулоса омад, ки ин шакку шубхахо бепоя нестанд. Баъд аз озмоиши нархи саҳмияҳои ҳафт бузургтарин ширкати эронӣ, аз ҷумла, ширкати “Мухобирот” мегӯяд, ки болоравии нарх дар натиҷаи такаллуби ҳукумат ба амал омадааст.
“Ягон тавзеҳи окилона вуҷуд надорад, ки чаро дар кишваре, ки тавлиди коло дар тули 28 моҳи охир пайваста поин мерафт, дар кишваре, ки ҳар як се моҳ судмандии 92 дар сади бонкҳои давлатӣ манфӣ буд ва системаи бонкӣ амиқан қарздор аст, чунин болоравии нархи саҳхом мушоҳида мешавад. Ин нархҳо судмандӣ ё эьтимод ба иқтисодро инъикос намекунанд, дар ин сурат ин нишонаи тазриқи талабот ва сармояи нав мебошад. Агар содда карда гӯем, ин як навъи пуфак аст. Аммо ин пуфакро ҳукумат бо бод пур кардааст, на бозор.”
Таҳқиқи Имодӣ ҳоки аз он аст, ки се ширкати мавриди таҳкики ӯ қароргирифта аз моҳи апрели соли 2009 фақат зараровар буданд ва нишондодҳояшон манфӣ буд. Саҳмиядорони хусусӣ маҷбур буданд саҳмияҳоро аз нархи расмии бозор пастар фурӯшанд ва ин аз мавҷуд будани системаи дугона гувоҳӣ медиҳад.
Иқтисоди Эрон дар маърази фурупошӣ?
Болоравии нархи саҳмияҳо ширкатҳои фурӯшанда ва хиридоронро маҷбур мекунад аз бонкҳо пули бештар қарз гиранд. Ҳафтаи гузашта Маҳмуд Баҳманӣ, раиси Бонки марказии Эрон аз вакилони парлумон дархост намуд то иҷозат диҳанд аз захираҳои изтирории арзи хориҷии кишвар 15 миллиард долларро истифода барад. Аз нигохи таҳлилгарон, ин баёнгари наздик шудани иктисоди кишвар ба варшигастагӣ мебошад.
Ҳадаф аз ин тадбир, ба гуфтаи Имодӣ, ангезиши эътимод ба иқтисоди кишвар ва аз ин роҳ пешгирӣ аз ҷанги сармояҳо ва фурӯпошии бонкҳост. Зеро агар мардуми оддӣ ва ширкатҳои хурд пасандозҳояшонро аз ин бонкҳо бигиранд, системаи бонкӣ фалаҷ хоҳад шуд.
Коршиносони иктисодӣ мегӯянд, ҷиҳати манфии болоравии бозори саҳҳом дар он аст, ки он пойдор нест ва онҳо бовар надоранд, ки баъд аз суқути бозор иқтисоди Эрон тавони таҳаммули чунин зарбаро дошта бошад.
Дар ин сурат дар бозори саҳҳом сарусадоҳое ба амал меояд ва ҳама ба фурӯши саҳмияҳо шурӯъ мекунанд. Дар ин вазь, кимматҳо ба таври бесобиқа поин мераванд ва ин боиси варшикастаи ширкатҳо мешавад.
Ва ин ҳама дар навбати худ ба афзоиши сатҳӣ бекорӣ меоварад, ки аз дар панҷ соли охири ҳукуматдории Маҳмуди Аҳмадинажод аллакай 40 дар садро ташкил додааст.