Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Саймумин Ятимовро, ки то кунун муовини раиси ин кумита буд, таъйин кардааст.

Ҳамчунин бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовинони раиси Кумитаи амнияти миллӣ Қосим Ғаффоров, Аҳтамшо Сайидшарифов ва Хайраков Хуршед низ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Ба қарори ҳукумати Тоҷикистон Умаров Мансурҷон, ки то кунун дар мақоми сардори раёсати хадамоти амнияти президент ифои вазифа мекард, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин шудаааст.

Хайриддин Абдураҳимов аз соли 1999 то кунун дар мақоми раҳбари вазорати амният ва баъд Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон кор мекард.

Ба гуфтаи коршиносон ин барканорӣ ба ҳодисаи фирори 25 нафар зиндонӣ аз маҳбаси тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта робита дорад.

Саймумин Ятимов, раиси нави Кумитаи амнияти Тоҷикистон

Саймумин Ятимов кист?

Саймумин Ятимов, факултаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Кӯлобро дар соли 1976 хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ӯ ҳайси муаллими макатаби миёна ва баъдан дар мақомоти иҷроияи ҳукумати ноҳияи Фархор ва вилояти Хатлон то соли 1996 фаъолият намудааст.

Оқои Ятимов доктори илми сиёсатшиносӣ буда, бо забонҳои русӣ ва инглисӣ сӯҳбат мекунад.

Саймумин Ятимов, аз соли 1996 ба кори дипломатӣ омада ва сафири супоришҳои махсуси вазорати корҳои хориҷӣ таъйин шуд. Баъдан мушовири сафири Тоҷикистон дар Эрон буд ва дар соли 2000 муовини муовини вазири амнияти Тоҷикистон таъйин шуд ва то соли 2005 дар ин симат ифои вазифа намуд.

Дар солҳои 2005 то 2010 Саймумин Ятимов ба унвони муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Тоҷикистон ва сафири Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия ва ниҳодҳои аврупоӣ ифои вазифа намуд.

Ӯ дар соли 2010 муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таъйин шуд.

Назари коршиносон ба барканории мақомоти амниятӣ

Генерал Абдулло Ҳабибов, муовини собиқи вазири дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, барканории мақомоти Кумитаи амнияти миллиро амре муҳим ва саривақтӣ унвон кард ва гуфт: "Ба фикри ман барканории онҳор кори дуруст аст, зеро ин ашхос аз ӯҳдаи кор набаромаданд. Ва он коре, ки ба амал омад обрӯи давлати Тоҷикистонро паст кард".

Генерал Ҳабибов мегӯяд, ҳайати нав таъйиншудаи раҳбарии Кумитаи амнияти миллӣ ашхоси муттахссис мебошанд ва хоҳанд таовнист, ки вазъиятро ислоҳ кунанд.



Дар ҳамин ҳол, Абдуқодир Қосимов, афсари собиқи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон итифоқи пешомада дар зиндони Душанберо бесобиқа унвон кард ва гуфт, барканории мақомоти амниятӣ ак амри ҳатмӣ буд. Ӯ мегӯяд, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба ислоҳоти ҷиддии кадрӣ ниёз доранд ва ин амрро ҳодисаи ахири фирори зиндониён собит кард.



Зарфиятҳои КАМ баъд аз Шӯравӣ

КГБ ё Кумитаи амнияти миллӣ дар замони Шуравӣ аз ниҳодҳои аслӣ ва муқтадир дар таъмини амнияти давлат ва мардум маҳсуб меёфт. Аммо Иттиҳоди Шӯравӣ дар даҳаи 1990 пош хӯрд ва кишварҳои аъзои он, ба хусус Тоҷикистон ба истиқлол даст ёфт.

Мутаассифона, Тоҷикистон вориди як ҷанги дохилии панҷсола шуд, ки мушкилоти фаровони молӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба дунбол гузошт. Бештари мутахасисони ҳирфаӣ, ба хусус русҳо, ки дар сохторҳои қудратӣ фаъолият доштанд, Тоҷикистонро тарк карданд.

Ҷои онҳоро кадрҳои маҳаллии тоҷик гирифтанд. Ва фаъолияти сохторҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллӣ низ дар шароите рӯи даст гирифта шуд, ки таҳдидҳое ба мисли густариши тероризм ва ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон матраҳ гардид.

Дар гуфтугӯ бо Амнияти Абдуназар, коршиноси масоили амниятии Тоҷикситон нахуст аз ин суол шуд, ки оё Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон он фаъолиятҳоеро, ки дар замони Шуравӣ ин ниҳод анҷом медод, дорад ва аз лиҳози тахассусӣ кадрҳои он посухгӯи он меъёрҳо ҳастанд ё хайр?

XS
SM
MD
LG