Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Taзоҳуроти ҳомиёни ҳуқуқӣ башар дар Маскав


Мухолифин ва фаъолони ҳуқуқи башарӣ Русия дар Маскав, Санкт- Петербург ва дигар шаҳрҳои кишвар гирдиҳамоиҳои эътирозии бидуни иҷоза доир карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар чараёни гирдихамоӣ дар Маскав, кормандони умури дохилӣ наздик ба 60 нафарро боздошт кардаанд.

Мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқ тасмим гирифтаанд, ки бо таъкид ба банди 31-и Қонуни асосии Русия, яъне таьмини озодии таҷаммӯъ, рӯзи 31-уми ҳар моҳ дар майдони Триумфалная тазоҳурот барпо кунанд.

Боздошти тазоҳуркунандагон

Бино ба омори расмӣ, дар тазоҳуротҳои Маскаву Санкт Петербург дар маҷмуъ 60 нафар боздошт шудааст. Аммо раёсати умури дохилаи пойтахти Русия гуфтааст, ки баъд аз тафтишот ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо карда шудаанд.

Дар гирдиҳамоии мухолифон ва фаьолони ҳуқуқи башар дар майдони Триумфалнаяи Маскав, чаҳор вакили парлумони Аврупо низ ҳузур доштанд. Онҳо боздошти раҳбарони мухолифин аз ҷониби полисро хадафи интиқод қарор доданд.

Ҳейди Ҳаутала, раиси зеркумитаи ҳуқуқи башар дар порлумони Иттиҳоди Аврупо, боздошти Борис Немтсов, сарвазири собиқи Русияро нақзи ҳуқуқ ва зӯроварӣ унвон кард.

Кормандони милиса хамчунин Эдуард Лимонов, раиси ҳизби мухолифи “Русияи дигар” ва Константин Косяков, фаьоли ҷумбиши “Фронти чап”-ро низ боздошт карда буданд.

Людмила Алексеева, раиси бахши маскавии Гуруҳи Хелсинки, ки низ аз созмондихандагони тазоҳуроти рӯзи 31 август маҳсуб мешавад, ба майдон ҳозир шуд, аммо кормандони интизомӣ ӯро ба иҳота гирифта иҷозаи вуруд ба майдон надоданд.

Путин: тазоҳуркунандагон дасисакоранд


Дар пешорӯи гирдиҳамоӣ, Владимир Путин нахуствазири Русия дар мусоҳиба бо рузномаи “Коммерсант” гуфта буд, шаҳрвандонеро, ки дар раҳпаймоиҳои бидуни иҷоза ширкат мекунанд дасисакор меҳисобад ва чунин ашхосро бояд калтакорӣ кард.

Фаъолони ҷумбиши “Стратегияи 31” барои ташкили раҳпаймоӣ борҳо ба мақомот муроҷиат кардаанд, аммо шаҳрдорӣ бо баҳонаи оғози корҳои сохтмонӣ дар атрофи истгоҳи метрои “Маяковская” ба ин иҷозат намедод.

Раёсати умури дохилии Маскав мегӯяд, ки барои ширкат дар гирдиҳамоӣ ба майдон ҳамагӣ 400 нафар ҳозир шуданд, ки такрибан 300 нафари онхо хабарнигорон буданд.

Дар баъзе кишварҳои хориҷӣ назири Британия, фаъолони ҳуқуқи башар бо нишонӣ ҳамбастагӣ бо ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия, дар назди сафоратхонаҳои Русия гирдиҳамоиҳо ташкил карда ва аз нақзи ҳуқуқи инсон дар он кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG