Вай гуфт, «ин иддао, ки гӯиё НАТО барои оромӣ дар Афғонистон талош намекунад, ҳақиқат надорад ва беасос аст».
Сипосгузорӣ аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Рӯзи сешанбе пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Симмонс гуфт, НАТО аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар транзити колоҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон сипосгузор аст. Ӯ афзуд, ки дар мулоқоташ бо президент Раҳмон вазъи Афғонистон ва роҳҳои ҳамкорӣ ҷиҳати истиқрор ва субот дар ин кишварро баррасӣ кардаанд:
«Мо бо ҷаноби президент ба хулосае расидем, ки ҳамкориҳо дар ин замина дарозмуддат хоҳад буд ва нерӯҳои НАТО дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, бар пояи он шарту шароите, ки ироа шудаанд. То ин шартҳо иҷро нашавад, нерӯҳои НАТО дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд».
Ба гуфтаи ҷаноби Симмонс, шарти аслӣ тақвияти артиши Афғонистон ва ниҳодҳои қудратии ин кишвар аст, то замоне ки худашон тавонанд бар зидди терроризм муборизаро идома диҳанд.
Тарҳи маркази мубориза бо терроризм
Ҳамкорӣ дар бахши амният дар чорчӯби «Барномаи мушорикат ба хотири сулҳ» миёни НАТО ва Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии дидору гуфтугӯҳои Роберт Симмонс, намояндаи вижаи дабири кулли НАТО дар умури Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе буд. Барномаи мушорикат ба хотири сулҳ миёни НАТО ва Тоҷикистон дар соли 2002 ба имзо расида буд.
Роберт Симмонс таъкид кард, ки ҳадафи аслии ҳамкории НАТО бо Тоҷикистон амният дар минтақа аст: «Мо густариши ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва масъалаи ташкили як маркази мубориза бо терроризмро бо раисиҷумҳур баррасӣ кардем».
Ҷаноби Симмонс гуфт, ки мубориза бо терроризм кори як давлат нест. Ин талош бояд дар минтақа бо кумаки кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ сурат бигирад. Ва ташкили чунин як марказ масъалаи матраҳ дар имрӯз ва оянда аст.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо НАТО
Тамосҳои Тоҷикистон бо НАТО ё Паймони Атлантики Шимолӣ аз тариқи Шӯрои ҳамкориҳои НАТО сурат мегирад, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ин Шӯро дар соли 1992 оғоз шуда буд. Ҳамкории назарраси Тоҷикистон бо НАТО дар охири соли 2001-ум бо оғози амалиёти байналмилалӣ бар зидди терроризм дар Афғонистон тавсеа ёфт.
Дар соли 2004 Тоҷикистон бо кишварҳои узви НАТО дар бораи транзити борҳо ва кумак ба амалиёти низомии НАТО ва нерӯҳои эътилофи ҷаҳонии зиддитеррористӣ ба имзо расид, ки то ба ҳол идома дорад. Ҳузури нерӯҳои ҳавоии Фаронса дар қаламрави Тоҷикистон низ бахше аз ин қарордод аст.
Ҳамкориҳои дигари НАТО тақвияти марз ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ аст ва ба ин далел НАТО дар Тоҷикистон курсҳои омӯзиширо ташкил мекунад ва дар ин замина омӯзиши ниҳодҳои Тоҷикистон барои ширкат дар размоишҳои низомии НАТО низ матраҳ аст.
Ҷаноби Симмонс гуфт, ки ин бахши ҳамкориро бо фармондеҳҳои низомӣ ва марзбонии Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Вай афзуд: «Мо роҳҳои такмили ин ҳамкориҳоро мавриди гуфтугӯ қарор додем ва умедворем, ки ин масоили баррасишуда дар оянда иҷро мешавад».
Намояндаи вижаи дабири кулли НАТО дар ниҳояти гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, ки Паймони Атлантики Шимолӣ дар тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ҳамкорӣ дорад, ки ин созмонҳо ва Амрико дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин замина аз НАТО пешӣ гирифтаанд.