Қарор аст, пулҳои нави 3, 200 ва 500 сомонӣ сар аз 10-уми сентябр ба гардиш дароянд. Ҳадаф аз чунин иқдом таҳкими низоми пуливу молӣ дар Тоҷикистон унвон шудааст.
Бино ба хабарҳо, дар се сомонӣ чеҳраи Шириншо Шотемур, дар 200 сомонӣ Нусратулло Махсум ва дар 500 сомонӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мунъакис шудааст.
Сомонӣ дар соли 1999 ба унвони воҳиди пулии Тоҷикистон ҷойгузини рубли тоҷикӣ ва вориди муомила шуд. Ҳоло пулҳои 1,5,10,20,50,100 сомонӣ ва 1,5,20,50 дирам дар Тоҷикистон дар гардиш мебошанд.
Дар ибтидои вориди муомила шудани воҳиди нави пулӣ дирам, (сад дирам арзиши як сомониро дорад) низ қоғазӣ буд, аммо феълан дирамҳои қоғазӣ дигар дар муомила ба назар намерасад. Ва асосан дирамҳои филизӣ дар гардиш аст.
Дар ҳоле тасмими нашри сомониҳои 3, 200 ва 500 сомнӣ эълон мешавад, ки бархе коршиносон гуфтаанд, нашри се ва дусадсомонӣ дар айни ҳол зарур аст, аммо вориди муомила кардани пули 500 сомонӣ дар ҳоле, ки мизони маош хеле поин аст, шояд қабл аз вақт бошад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки вориди муомила кардани пулҳои 200 ва 500 сомонӣ ба мизони таваррум ва коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ рабте надорад.