Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори гарми дору дар Қурғонтеппа


Аз чаҳор як ҳиссаи тамоми дорухонаҳои водии Вахш дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мавҷуд аст. Соҳибназарон мегӯянд, бавижа пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ, шумораи дорухонаҳо дар Қӯрғонтеппа бамаротиб афзуда, ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, 53 ширкати дорусозӣ ва доруфурӯшии сабтиномшуда фаъолият мекунад

Асалой Ҳоҷиева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар даҳ соли ахир аз бемории сар ва фишорбаландӣ мудом азият мекашад ва ҳамарӯза аз хизмати дорухонаҳои шаҳр истифода мекунад.

Ҷанги шаҳрвандӣ ва афзоиши бемориҳо

Вай мегӯяд, бавижа пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ, мушоҳида кардааст, ки одамон аз вазъи сиҳҳатии худ бештар шикоят мекунанд ва ба сӯйи дорухонаҳо мешитобанд:

«Ҳама касал ҳозир. Ҳамин ҷанг одамонро бемор кард, асабӣ кард, сардард кард. Ман ҳам ҳар рӯз аз дорухона ситрамон, парасетамол ва дигар доруҳоро мехарам. Сарам бисёр дард мекунад, фишорам ҳар гоҳе баланд мешавад, ба ҳадде ки роҳ гашта наметавонам. Хайрият, ки ҳамин дорухонаҳо бисёр шуд, пеш дар тамоми шаҳр 2 ё 3 аптека буд, ҳоло дар ҳар кӯча ҳаст, ҳар сари қадам. Одамон бисёр мераванд, бе доруву дармон мегаштагӣ одам, ҳоло қариб ки нест. Лекин дар ҳамин кӯчаи мо ҳам агар дорухона кушоянд, боз беҳтар мешавад…»

Ба гуфтаи хонум Ҳоҷиева, ҳоло бозори дорувор гарм аст, биноан зарурати ҳарчи бештар таъсис ёфтани дорухонаҳо дар миён мебошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз чаҳор як ҳиссаи тамоми дорухонаҳои водии Вахш дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мавҷуд аст.

Дар чанд соли ахир, шумораи дорухонаҳо дар Қӯрғонтеппа бамаротиб афзуда, ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Хатлон 53 ширкати дорусозӣ ва доруфурӯшии сабтиномшуда фаъолият мекунад.

Одинамаҳмад Шарифов-сардори хадамоти давлатии назорати фаъолияти фарматсевтии вилояти Хатлон
Афзоиши дорухонаҳо талаби замон


Одинамаҳмад Шарифов, сардори Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фарматсевтии вилояти Хатлон, ба радиои Озодӣ гуфт, афзоиши дорухонаҳо талаби замон буда, чанд омил дорад:

«Ҳар соле дар ҷумҳурии мо донишгоҳи давлатии тиббӣ, коллеҷҳои тиббии Қӯрғонтеппаву Душанбеву Кӯлоб даҳҳо ва садҳо мутахассиси дорусоз тайёр мекунанд. Ин мутахассисонро бо ҷойи кор таъмин кардан даркор аст. Давраи Шӯравӣ нест, ки ҳамаи онҳоро дар дорухонаҳои давлатӣ ба кор ҷалб намоем, чунин имкон нест, зеро фаъолияти дорусозӣ дар ҷумҳурии мо ҳоло чандон рушд накардааст. Пеш дар як аптека то 36-40 корманд кор мекард.

Ҷаноби Шарифов дар идомаи суханаш афзуд: "Барои ҳамин, ҳоло маҷбур ҳастем, танҳо бо роҳи сабтиноми дорухонаҳои хусусӣ, ин мутахассисонро, ки мехоҳанд нуқтаи доруфурӯшии худро боз кунанд, ҳамчун соҳибкор иҷозаи фаъолият бидиҳем. Вақте ҳар як мутахассис дорухонаи худашро сохт, табиист, шумораи дорухонаҳо ҳам меафзояд…"

Ин ҳама дар ҳолест, ки масъулони идораи ҳифзи тандурустии Хатлон мегӯянд, бисёре аз мутахассисони фарматсевт аз кор дар риштаи дорусозӣ даст кашида, тиҷорати маводи дорувориро ихтиёр мекунанд.

Дорухонаҳо муштариёни ҳамешагӣ доранд

Моҳира Олимзода, ки донишгоҳи тиббиро бо ихтисоси дорусоз хатм кардааст, аз зумраи ҳамин гуна мутахассисонест, ки бо боз кардани дорухонаи шахсӣ дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳоло соҳибкорӣ мекунад.

Хонум Олимзода мегӯяд, ӯ ва тоҷирони дигари даво дар Қӯрғонтеппа бисёре аз маводи доруворро асосан аз кишварҳои Русияву Қазоқистон ва Ҳиндустону Покистон дастрас мекунанд.

Вай афзуд, дар воқеъ шумораи мизоҷони дорухона ҳоло рӯ ба афзоиш буда, бештар доруву дармон барои бемории фишорбаландӣ, асаб ва норасоии йоду камхунӣ ба фурӯш меравад:

«Асосан беморони фишорбаландӣ, касали қанд, сармозадагӣ, сангу намаки гурда ва асаб муроҷиат мекунанд. Синнусоли беморон ҳам гуногун аст, ҳатто доруву дармонро барои кӯдакони аз 2-3-сола то одамони солманд мепурсанд. Нарху навои дорувор ҳам гуногун аст, аз доруҳои сахттаъсири гароннарх то камтаъсири арзонтарашро дорем. Аммо бисёр вақт мешавад, ки беморон ретсепташонро меоранд ва аввал хоҳиш мекунанд, ки нархи ҳама доруҳои фармударо ҳисоб кунем, баъд аз он ки мешуморем, мегӯянд, ки пулашон намерасад ва баргашта мераванд. Баъзан мо доруҳои арзонтарро ба ҷойи дорувори гароннарх пешниҳод мекунем, ноилоҷ мехаранд…»

Нархи доруворӣ бояд танзим шавад

Мӯсохӯҷа Мирзоев, як сокини бознишастаи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар 15 соли ахир аз бемории қалб азият кашида, ҳамеша таҳти назорати
пизишкон қарор дорад. Вай мегӯяд, маводи дорувор барои бемории дил дар дорухонаҳо қимати гарон дорад ва барои бисёре аз беморон дандоншикан мебошад. Ҷаноби Мирзоев мегӯяд, хуб мешуд, ки нархи доруҳо аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ танзим шавад:

«Шукр, ки писаронам кӯмак мекунанд. Онҳо ҳар гоҳе аз Русия пул мефиристанд, то доруву дармонамро саривақт харидорӣ кунам. Вагарна, мани бознишаста аз куҷо метавонам ин доруҳои қимматро бихарам. Бисёр одам харида наметавонад, илоҷ нест. Шояд ба чунин афроди бемори камбағал созмонҳои хайриявӣ ё одамони алоҳидаи саховатманд ҳар гоҳе барои дастрас кардани дору кӯмак расонанд. Нархи маводи дорувор бояд каме танзим карда шавад, ба имконияти харидории мардум мувофиқ карда шавад…».

Ва аммо масъулони хадамоти назорати фаъолияти фарматсевтии Хатлон мегӯянд, танзими нарху навои дорувор имконнопазир мебошад, зеро аксари кулли дорухонаҳо хусусӣ буда, дар таъини қимати маводи фурӯшии худ озоданд.

Ҳамин гуна, иддае аз соҳибназарон иллати афзоиши шумораи дорухонаҳоро ба афзоиши талабот ва шумораи беморон рабт медиҳанду гурӯҳе дигар бар ин назаранд, ки хариду фурӯши маводи дорувор як навъи тиҷорати судовар ва ҳамешагӣ табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG