Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лолаҳои худрӯй" - минбари истеъдодҳо


Меҳмонони навбатии бахши "Лолаҳи худруй" ин бор танҳо ду нафаранд. Ҳарду машқи шеър мекунанд, ҳарчанд ихтисососу шуғли аслиашон дигар аст. Ихтисоси яке омӯзгори фаннӣ биологияву ҷуғрофия буда, дигарӣ рӯзноманигор аст. Яке ҷавонзан ва дигарӣ марди солмандест.

Адибаи Азиз, рӯзноманигор, 32 сол дорад. То имрӯз ду китоби шеъри ӯ, яке дар Душанбе ва дигарӣ дар шаҳри Маскав ба нашр расидааст. Мегӯяд, ӯ дар шеър зиндагӣ мекунад ва шеър дар ӯ.

Шеър ва каломи мавзун беҳтарин василаи хушбахтиву хушрӯзии ӯст. Адиба мегӯяд, даъвои шоириву шӯҳратро надорад. Маъниҳои сабуку вожаҳои соддаву обшуста ва забоназадаро низ намеписандад.

Чизи нав гуфтан мехоҳад ва дар гуфтани шеър нисбати худ серталаб аст. Инак порае аз шеъри Адиба, ки дар бахши лолаҳои худрӯй қироъат кард:

«Гаҳе,ки зиндагӣ беранг хоҳад шуд,
Гаҳе,ки дил баёдат танг хоҳад шуд.
Гаҳе,ки дар ниҳодам мову манро ҷанг хоҳад шуд, ту меойӣ.
Дар оғӯшат зимистон мешавад Наврӯз,
Пас аз шабҳои зулмонӣ,
Пас аз шабҳои тулонӣ,
Пас аз шабҳои боронӣ, муборак мешавад чун сони хуршед меоӣ
».



Меҳмони дигари бахши «лолаҳои худруй» Мизробшоҳи Муҳаббат, сокини ҷамоъати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт аст.

Мизробшоҳи Муҳаббат ба суоли мо, ки ӯро чӣ бо шеър пайванд медиҳад гуфт: "Худ намедонад ва солҳост, ки худ низ ба ин суол посух меҷӯяд".

Вай афзуд вақте андешаҳову фикрҳои зиёд ва барору нобарории рӯзгор дар қалбаш уқда мебанданд, ин уқдаҳоро ӯ танҳо тавассути шеър берун мерезад ва ҳамоно худро сабук эҳсос мекунад. Гоҳ-гоҳе намунаи ашъораш дар рӯзномаҳои маҳаллӣ ба нашр мерасанд аммо китоби шеъраш то имрӯз ба чоп нарасидааст.

Намунае аз ашъори Мизробшоҳи Муҳаббат ин аст:

«Ман ба роҳат интизорӣ доштам, дорам ҳанӯз,
Худ ба қавлам устуворӣ доштам, дорам ҳанӯз.
Сабр гуфтӣ, хайр, хоҳам дошт бори он ба дӯш,
З-он ки з-аввал бурборӣ доштам, дорам ҳанӯз.
Солҳо дар пайраҳи ишқи ту эй нозукхиром,
Сӯзу созу ранҷу зорӣ доштам, дорам ҳанӯз.
То бигарам аз лаби сероби ту бо сад умед,
Бӯсаҳои қарздорӣ доштам, дорам ҳунӯз».


Мизробшоҳи Муҳаббат ва Адибаи Азиз, мегӯянд шеър дар зиндагии онҳо ҷойгоҳи муҳимеро ишғол кардаву рангҳои сиёҳу хокистарии рӯзгорашонро ҳамеша равшану мусаффо нигоҳ медорад .

Шунавандаҳои арҷманди радиои Озодӣ ва корбарони вебсайти мо, агар шумо ҳарфи гуфтание дар бораи меҳмонони барномаи мо доред ё мехоҳед меҳмони «Лолаҳои худрӯй» бошед, рақами телефони худро дар поварақи ин матлаб барои мо нависед ва низ акси худро ҳамроҳ бо намунаҳои ашъори худ ирсол доред.

«Лолаҳои худрӯй» беҳтарин минбару саҳнаи шумо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG