Ба гуфтаи Қодиров, ки раҳбари амалиёти низомӣ алайҳи ин ошӯбгаронро бар дӯш гирифт, нерӯҳои амниятӣ сӯи ҳамлагарон оташ кушоданд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон ӯ афзуд, ки “мо дар бораи ин ҳамла иттилоъ доштем ва онҳоро дар канори Сенторой интизор будем. Мо ба онҳо имкон додем, ки вориди деҳа шаванд ва ҳатто ҷоеро мушаххас кардем, ки нобуд сохтани онҳо осон мебуд”.
Қодиров: Дар задухӯрд аз мо фақат ду кас кушта шуд
Рамазон Қодиров гуфт, ки дар ин ҳодиса ду тан аз низомиёни таҳти фармони ӯ кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ӯ ҷароҳат бардоштани чаҳор сокини осоиштаро низ таъйид кард. Ва аммо хабаргузории РИА-Новости бо такя ба манобеъи худ гуфтааст, ки бар асари тирпарронӣ дасти кам панҷ сокини осошта ба ҳалокат расидаанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, дар задухӯрдҳо ҳамчунин 17 корманди милиса ва ҳафт сокини осоишта маҷрӯҳ шудаанд. Дигар хабаргузориҳо аз ҳалокати 5 корманди милиса хабар додаанд.
Ҳамла ба Сенторой – шаппотӣ ба рӯи Қодиров?
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи сомонаи “Кавказ-сентр”, дар ҳамла ба деҳаи Сенторой 60 мусаллаҳи гурӯҳҳои Меҳрон, Заурбек ва Абдураҳмон ҳамла кардаанд. Дар задухӯрдҳо, навиштааст “Кавказ-сентр”, тақрибан 15 нафар аз ҷонибдорони Қодиров кушта шуданд. Чанд мошини низомӣ ба оташ кашида шуд ва ошӯбгарон миқдори бузурги силоҳро бо худ бурдаанд. Хабарнигори ин сомона иттилоъ дар бораи ба амалиёт раҳбарӣ кардани Қодировро рад карда, навиштааст, ки дигар низомиён ҳатто тавассути телефон ӯро натавонистаанд пайдо кунанд.
Лиз Фаллер, таҳлилгари масоили Қафқози Радиои Озодӣ мегӯяд, ки ҳамлаи рӯзи якшанбе бузургтарин ва “боҷасораттарин ҳамлаи мухолифини ҳукумат дар соли равон буд, зеро ошӯбгарон ба зодгоҳи раисиҷумҳур ҳамла карданд”. Бархе аз коршиносон ин ҳамларо шаппотие ба рӯи раисиҷумҳур номиданд, зеро қаблан ҳадс зада мешуд, ки касе иродаи ҳамла ба ин деҳаро надорад. Аз сӯи дигар, дар ин ҳамла чанд хонаи пайвандони Рамазон Қодиров ба оташ кашида шудааст.
Шиносоии ҳамлагарон идома дорад
Субҳи рӯзи душанбе мақомоти ҳифзи тартибот ва амнияти Чеченистон мушаххас кардани ҳуввияти ҳамлагаронро идома доданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, то ҳол фақат шахсияти ду тан аз ҳамлагарон ба Сенторой маълум шудаасту халос – ҳарду онҳо сокинони деҳаи Аллерой ва узви дастаи генерал Аҳмад Авдорхонов буданд. Худи Авдорхонов қаблан дар як амалиёти вижаи низомиёни Русия ба ҳалокат расида буд.