Барак Обама, раиси ҷумхури Амрико дирӯз дар донишгоҳи ба номи Хавиери шаҳри Ню Орлинз суханронӣ карда, алоқамандиашро барои анҷоми эҳёи шаҳри харобшуда изҳор намуд.
Ёде аз қурбониёни фоҷеъа
Панҷ сол қабл, дар таърихи 29 августи соли 2005 бар асари тӯфони шадид беш аз 80 дар сади шаҳр зери об монда, такрибан 70 дар сади бинохои он осеб дид.
Бо гузашти панҷ сол, эҳёи шаҳр бо кундй ҷараён дорад. Илова бар ин, минтақа бо фоҷеъаи дигар - бузургтарин резиши нафт ба обҳои халиҷ дар таърихи ИМ рӯбарӯ шудааст. Амалиёти поксозии соҳили иёлоти Луизиана аз боқимондаҳои резиши нафт то ҳол ба итмом нарасидааст.
Баъд аз таркиш дар истгоҳи истихроҷи нафти ширкати “Бритиш Петролиум” дар мохи апрели соли ҷорӣ, миллионҳо бушка нафт ба обҳои Халиҷи Мексика рехт.
Феълан шумораи аҳолии Ню Орлинз 350 000 нафарро ташкил медиҳад, ки ин наздик ба 80 дар сади аҳолии Катринаи қабл аз тӯфон аст. Дар баъзе минтақаҳои шаҳр бисёре аз манзилҳо ҳанӯз холӣ мебошанд.
Садҳо сокини маҳалӣ расми рамзии дафни “Тӯфони Катрина”-ро 28 август баргузор кардаанд. Дар калисои Сент Бернард Периши канори Ню Орлинз онҳо ба “тобут”-и қурбониёни ин фоҷеъи расми эҳтиром ба ҷо оварданд.
Созмондихандагони ин маросим мегӯянд, ки ба хок супурдани “Катрина” ба қурбониҳои он як навъ эҳсоси сабукӣ хоҳад овард.
Фалокатбортарин тӯфон дар таърихи Амрико
Исқуфи калисои шаҳри Ню Орлинз Грегорӣ Алмонд дар расми дафни рамзии тӯфон гуфт:
"Ман мутмаинам, ки мисли шумо дар маросимҳои зиёди дафн ширкат намудам, аммо бояд ба шумо бигӯям, ки имрӯз бори аввал, ҳангоме тобутро пӯшониданд, баъзеҳо инро бо кафкӯбӣ истиқбол намуданд. Маъмулан ҳатто агар шахси марҳум инсони хуб набуд, ҳангоми пӯшонидани тобут касе кафкубӣ намекард. Аммо имрӯз ин рух дод ва ман бояд бигӯям, ки ин кафкӯбии муносиб буд.”
Ворен Минтер, як сокини маҳалӣ гуфт, ки дафни рамзӣ шифои дили пайвандону наздикони ин фоҷеъи ҳалокатбор гардид.
“ Шумо ҳеҷ вақт наметавонед Катринаро ба хок супоред ва шумо ҳамеша дар бораи он хотираҳо хоҳед дошт. Ҳодисаҳои зиёд рух дод. Ҳар касе аз ҳузурдоштагон достони худро дорад. Ва на ҳар яке аз ин достонро мешавад кисса кард.”
“Катрина” яке аз шадидтарин ва фалокатбортарин тӯфонхои дарёӣ дар таърихи ИМА, ба иқтисоди кишвар беш аз 800 миллиард доллар зарари молӣ расонд. Дар натиҷаи офати табии ва аз кор мондани системаи дифоъии шаҳр ношӣ аз тӯфон, аксарияти қаламрави Ню-Орлинз зери об монда буд.