Елена Галанова, сухангӯи Фурудгоҳи Домодедово дар посухи расмӣ ба суолҳои радиои Озодӣ навиштааст, ки дар ин маврид расман ба фурудгоҳ аз «Тоҷикэйр» ё «Сомонэйр» то ба ҳол шикояте дастрас накардааст.
Аммо хонум Галанова менависад, тибқи қонунгузории Русия ба гумшавиву норасоии амвол ва низ тахриби бағочи мусофирон, ки барои интиқол супорида мешавад, худи ширкати ҳавопаймоӣ ҷавобгӯ аст.
Ҷабрдидаҳо муроҷиъат накардаанд
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе гуфт, мавориди тахриби ҷомадонҳо ва дуздии маблағу амвол аз бағочи мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷикэйр" рух додааст:
«Пас аз воқиф шудан аз ҳаводиси мазкур бояд ба фурудгоҳи Домодедово муроҷиъат мекарданд. Мутаассифона, онҳо ин корро накардаанд. Чаро? Ба мо маълум нест».
Аммо Назира Давлатова, масъули матбуотии ширкати «Тоҷикэйр» мегӯяд, сабаби таъхир марҳилаи омода кардани аснод дар ширкат аст.
Ӯ афзуд, як мактуби шикоятӣ ва дар замима шикоятҳои мусофирон омода мешавад, ки ба фурудгоҳи Домодедово фиристода хоҳад шуд.
Дар мавриди дастрасии намояндагони «Тоҷикэйр» ба бағочи мусофирон, хонум Давлатова гуфт, ин кор дар Домодедово имкон надорад, зеро хадамоти амниятии фурудгоҳ онҳоро бидуни азназаргузаронии «Тоҷикэйр» ба ҳавопаймо интиқол медиҳанд.
Дар посухи фурудгоҳи Домодедово ба ин нукта рӯшанӣ андохта нашудааст. Ҳамчунин ба даъвои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар мавриди он, ки ҳангоми рейсҳои Маскав - Душанбе нерӯҳои амниятии Русия тамринҳо баргузор мекунанд. Мақомоти фурудгоҳ гуфта буданд, ки ин кор фақат ҳангоми рейсҳои Маскав - Душанбе сурат мегирад.
"Сухангӯ дар рухсатӣ аст"
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин нуктаҳо мо бо маркази матбуотии фурудгоҳи Домодедово дар тамос шудем. Вероника Кузнетсова, аз масъулини ин марказ гуфт, ба далели дар рухсатӣ будани сухангӯи фурудгоҳ ҳеҷ кас ҳаққи сӯҳбат надорад.
Сарусадоҳо дар бораи тахриби ҷомадонҳо ва дуздии маблағу амволи бағочи мусофирони хатсайри Маскав - Душанбе баъд аз он шурӯъ шуд, ки як гурӯҳи вижаи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар пайи таҳқиқи бағочҳои мусофирон ин маворидро ошкор кард.
Аз 10 рӯзи баррасӣ дар таърихи 16, 20 ва 24 августи соли равон дар рейси шабонаи Маскав - Душанбе ҳаводиси тахриби ҷомадонҳо ва дуздии маблағу амволи бағочи мусофирон ошкор шудааст, ки ба таъйиди гурӯҳ, дар фурудгоҳи Домодедово сурат гирифтааст.
Аммо дар посухи расмии фурудгоҳи Домодедово омадааст, ки касе аз мусофирони рейсҳои анҷомшуда дар ин рӯзҳо дар бораи гум шудани амволи бағочашон ва қимати онҳо шикояте накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Мадвалӣ Искандаров, мусофири рейси 628 аз 20 августи соли равон, ки 600 доллари амрикоиашро рабудаанд, мегӯяд, кормандони фурудгоҳи Душанбе шикояти ӯ ва дигаронро шуниданду сабт карданд.
"Аз баҳри 600 доллар мегузарам"
Ӯ афзуд, ҳар коре, ки кунанд, онҳо мекунанд, худи ӯ имкони шикоят карданро надорад, зеро барои ин ҳам маблағ зарур аст:
«Ана ҳаминро фикр карда нишастаем. Хез бирав аз Фархор ба Душанбе, ин маблағ мехоҳад. Боз шикоят бар. Агар Маскав даъват кунанд, чӣ кор мекунӣ? Бар илова оё кор ба нафъи ту сурат мегирад ё не? Агар нагирад, боз туро муттаҳам мекунанд. Ҳазор фикр. Боз дигар гапҳоро фикр карда ҳамин ҷо мондем»
Мадвалӣ бар ин аст, ки ин қазия миёни раҳбарони фурудгоҳҳо ҳал шавад. Вай мегӯяд, розӣ аст аз баҳри 600 доллар гузарад, ба шарте ки дигар ин қонуншиканиҳо дар фурудгоҳҳо такрор нашаванд.
Зимнан, қаблан шӯъбаи корҳои дохилии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе эълом дошта буд, ки қазияро бо шӯъбаи мазкури фурудгоҳи Домодедово муштарак таҳқиқ мекунад ва барои ин ҳайатеро ба Маскав хоҳад фиристод.