Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирки тоҷик эҳё мешавад


Сирк! Вакте ин калимаро ба забон меорем ва ё аз назди бинои он гузар мекунем, ҳатман дар гӯшаи хаёл хотироти айёми кудакӣ ва наврасӣ бедор мешавад.

Он айёми зебову беғамии кӯдакӣ вақте ба толори чароғону пуродам ва саҳнаи ороставу пероставу бо декаратсияҳои мухталифи сирк тоҷик ворид мешудем, саҳнаи он ба назар зебову афсонавӣ ҷилва мекард ва рӯзҳои ба сирк рафтан беҳтарин лаҳзаҳои ширини умр ва хотироти нек ва беҳтарин идгоҳ буд бароямон.

Аммо ҳоло ин макони замоне зебову мунаққаш, пурсафову дустдоштанӣ бо чандин барномаҳои шавқовари ҳунармандони тоҷик ва сирки кишварҳои хориҷ ва пур аз хандаву шодиҳои кӯдакон, ҳоло дар чӣ вазъе қарор дорад?

Оё мерасида бошад рӯзе, ки сирки тоҷик ҳамон рисолату мақоми худро дар фарҳанги миллӣ пайдо кунад? Мо барои дарёфти посухи ҳамин суолҳо роҳ ҷониби сирки тоҷик гирифтем ва гузориши худро аз як қиссаи зебое шурӯъ мекунем.

Баробари ворид шудан ба толори сирки тоҷик, дар миёни наврасони машғули тамрин, таваҷҷуҳи маро духтараки тақрибат 14-15 солаи ситорагарму фарбеҳак ҷалб кард. Духтарак хеле серҳаракат ва фаъол буд.



Ба ӯ наздик шудаву номашро пурсидам. Ӯ Севара ном доштаву чанд намуд жанри сиркро тамрин мекард. Севара гуфт гурӯҳи онҳо нав таъсиси ёфтааст ва қариб ду моҳ аст, ки онҳо тамрин мекунанд. Вай афзуд дар сирк танҳо ӯ нест, балки ду хоҳар ва як бародараш низ, машқ мекунанд. Вай гуфт:

«Ман ҳам дорбозӣ ҳам акрабатика ва ҳам масхарабозӣ (клоун) машқ мекунам.
– Падару модарат розӣ ҳастанд, ки шумо ба истилоҳ хонахез ҳама дар сирк кор мекунед?
--Модарам аввал моро бисёр ҷанг мекард, ки ду духтари калон ба ҷойи кори хонаро кардан ба сирк меравед, вале ҳоло одат кардааст, худаш барои мо ҳамин ҷо хӯрок меорад, ҳамин ҷо мехӯрем машқ мекунем ва бегоҳ хона рафта корҳои хонаро ба ҷо меорем.
--Хоҳарат дар кадом жарн машқ мекунад?
--Хоҳарам дар акрабатика ва обруч, додарам акрабатика ва (дрисировка) ром кардани ҳайвоноти хонагӣ машғуланд.
--Дар масхарабозӣ устодат кӣ аст.
--Устодам Бобои Ҷалол ном дорад, собиқадори сирки тоҷик вай худаш шогирди Юрий Никулин-клоуни маъруф аст.

Бобои Ҷалол ҳоло дар куҷост?

Вай куҳансол аст ва гоҳ -гоҳ ба сирк меояд ва ба мо дарс медиҳад

Ҳарҷанд ҳунарнамоии Севара ва хоҳаронаш дар сирк бароямон ҷолиб буд вале ҳайратовар набуд зеро ҳунарҳое, ки маъмулан барои сирки тамоми кишварҳои ҷаҳон хос аст, барои мардуми тоҷик бегона нест. Дорбозӣ, масхарабозӣ, акрабатикаву жанглёрӣ ва ром кардани ҳайвонот ҳанӯз аз қарнҳои пеш аз мелод хоси мардуми шарқ, хусусан тоҷикон будааст.

Дар гӯшаи дигари саҳнаи сирки тоҷик чанде аз хурдсолон машғули тамрин буданд Яке бо акрабтика, дуввумӣ дорбозӣ ва саввумӣ жанглёрӣ мекард. Ва ба мо гуфтанд ҳатто ин наврасон ба омӯхтану машқ додани ҳайвоноти нодир, ба монади морҳои бузургҷусса, шер ва сагҳову дигар ҳайвонот, даст ёфтаанд.

Синни хурди ин ҳунармандони наврас аз панҷсола то 17 сола аст ва ин гурӯҳ ҳамагӣ ду моҳи қабл таъсис ёфтааст ва бо тамоми ҷидду ҷаҳд ва дилбохтагӣ ба ин ҳунар, машқ мекунанд ва нозукиҳои онро аз бар мекунанд.

Устоди ин ҳунармандони наврас Бахтиёр Изаттулоев собиқадори сирки тоҷик ва устоди варзиш, дар бораи дастпарварони нави худ бо эҳсоси қаноъатмандӣ гуфт:

«Ин гӯрӯҳе, ки мо созмон додем, нафаси тозаи сирки тоҷик мебошанд. Бисёр бошавқ машқ мекунанд ва дар ин ду моҳи кӯтоҳ аллакай бисёр чизҳоро ёд гирифтаанд.Як мушкили мо набудани асбобу ашё ва декаратсия буд, ки хушбахтона роҳбарият барои мо муҳаё карданд ва насиб бошад мо дар соли нав бо барномаи рангину нав ва ҷолиб хотири мардуми худро шод мегардонем ва ба сафарҳои ҳунарии кишварҳои ҳамсоя ва хориҷ меравем».

Ба гуфтаи масъулини сирки тоҷик, ин гурӯҳи наву ҷавон умеди ояндаи тоҷиксирк аст ва қарор аст ин гуруҳ пас аз ҳунарнамоии нахустини худ дар соли нави мелодӣ дар ватан, бо пуштибонии сармоягузорон баъди танаффуси қариб 20 сола ба кишварҳои минтақа ва хориҷи дур сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳад.

Назриҷон Сафаров, муовини раиси кулли Тоҷиксирк мегӯяд, маблағҳое, ки аз ҳисоби будҷаи давлат барои сирк ва рушди он ҷудо мешаванд, кам буда бо ин маблағ намешавад сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод ва аз ин рӯ сирки тоҷик руйи ниёз ба ҳамкориҳои кишварҳои кӯмакрасон, сармоягузорон ва низ, афроди сарватманди кишвар дорад.

Кадом намуди ҳайвонот ҳоло дар сирк мавҷуданд?

«Морҳои калону майда, питон, ду шербача ба қарибӣ аз боғи ҳайвоноти пойтахт ба мо тӯҳфа карданд, ҳайвоноти хонагӣ, хар ҳам дорем, номери махсус дорад вай. Мо аввал ҳама чиз доштем, лекин бино ба мушкилоти иқтисодӣ онҳоро бурданд. Масалан як ҳайтаи ҳунарӣ бо шерҳову маймунҳои мо ба Арабистон рафтанд ҳамон аввали соҳои 90 ва дар ҳамон ҷо монданд, дигар барнагаштанд.

Боғи ҳайвоноти сирк пурра мешавад ҳоло. Вале барои нигоҳ доштани ҳамаи онҳо ва масалан хӯроки ҳунармандони сирк маблағ лозим аст. Ҳоло ҳам мушкилот бисёр аст. Мо маҷбурем, ки толори сиркро бисёр маврид ба иҷора диҳем ва аз ҳисоби ҳамин пул ба даст
оварда мушкилотамонро ҳал кунем.

Як хушхабар барои ҳаводорони ин ҳунари воло ҳамин аст, ки дар сирк як ҳайати наву хеле хуб созмон дода шудааст, ки ба тамрин шурӯъ кардааст. Хушхабари дигар ин аст, ки тайи 10 рӯзи ахир, раиси кулли Тоҷиксирк дар саммити кишварҳои ҳамсуд дар Қазоқистон буд ва чанд созишномаҳои судманди ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Масалан Сирки Тошканд омодаи кӯмак барои рушди сирки тоҷик аст.

Инчунин сирки Украина ва Сики Ёқутистони Русия мехоҳанд ба сирки мо дасти ёрӣ дароз кунанд. Раиси Сирки Узбакистон, ки борҳо ба Душанбе омадааст ва дӯсти мо мебошад, ба тоҷикон ва Тоҷикистон як муҳаббати хос дорад, ваъда додааст, ки сафарҳои ҳунарии Тоҷиксиркро ба Ҳиндустон ва Итолиё саромоягузорӣ кунад».

Бино ба гуфтаи масъулини Сирки тоҷик, мушкилоти ҷойдошта дар роҳи рушди ин санъати дӯстдоштаи мардум, хусусан кӯдакон то андозае аз миён бурда шудааст ва бо кӯмаки вазорати фарҳанг ва ҳамкориҳои судманду сармоягузории кишварҳои кӯмакрасон ва созмонҳои молӣ он рушд мекунад ва дар ояндаи начандон дур макони дӯстдоштаи сокинони кишвар ва кӯдакону наврасон мегардад.

XS
SM
MD
LG