“Русия воҳид” дар сомонаи интернетиаш аз Медведев хостааст тарҳи бунёди шоҳроҳи Маскав- Санкт Петербургро аз миёни ҷангали Химки мавриди омӯзиш қарор диҳад.
Ҳизби ҳоким тағйири мавқиф мекунад
Борис Гризлов, раиси Думаи давлатӣ ва яке аз пешвоёни “Русия воҳид” гуфтааст, ки қазия сода нест ва тарҳи Химки бояд мавриди пажуҳиши бодиққат қарор дода шавад. Танҳо аз ин тариқ маълум хоҳад шуд, ки оё барои тағийри самти шоҳроҳ зарурат вуҷуд дорад ё на.
Ба назар мерасад, ки бо ин роҳ “Русия воҳид” мавқифашро, ки қаблан баён намуда буд, тағйир додааст.Қаблан онҳо аз Медведев тақозо карда буданд бунёди шоҳроҳи баҳсбарангезро тамоман қатъ кунад.
Баёнияи ҳизби Владимир Путин, нахуствазири Русия, аломати нигаронии рӯ ба афзоиши доираҳои ҳокими кишвар аз ғазаби шадиди мардум аз ин тарҳи 8 миллиард доллара мебошад.
Мухолифат ба тарҳи ҷангали Химки дар тӯли тобистон афзоиши бештар ёфт. Дар тӯли ин замон, фаъолони ҳифзи муҳити зист барои қатъи бунёди шоҳроҳ маъракаҳои мухталиф доир карданд. Сӯхторҳои фалокатбори ҷангалзори Русия дар ин моҳҳо, хашми мардумро боз ҳам бештар кардааст.
Моҳи гузашта, ҳомиёни муҳити зист аз хаймаҳо шаҳраке таъсис дода барои пешгирӣ аз буридани дарахтон постгоҳҳои шабонарузӣ ташкил доданд.
Дар айни ҳол фаъолонро аз ҷангал хориҷ карда тамоми қаламравро нерӯҳои интизомӣ назорат мекунанд.
Бо вуҷуди ин, эътирозҳо ҳанӯз идома дорад. Барои мисол рӯзи 22 август дар маркази Маскав дастакам 2 000 нафар барои гирдиҳамоии эътирозӣ ва консерти манъшуда ҷамъ шуда буданд.
Боно, овозхони маъруф ва раҳбари дастаи роки U2 аз Ирландия низ эътирозгаронро дастгирӣ намуда рӯзи 25-ӯми август дар консерти муштарак бо овозхони роки рус Юри Шевчук ҳунарнамоӣ кард. Шевчук дар ҷумбиши эътирозӣ алайҳи тарҳи Химки нақши асосиро мебозад.
Истиқболи ҳомиёни муҳити зист аз тасмими "Русияи воҳид"
Ҳомиёни муҳити зист аз ин тасмими “Русияи воҳид” истиқбол намуданд. Ярослав Никитенко, узви ҷумбиши “Ҷангали Химкиро наҷот диҳед” баъд аз нашри баёнияи ҳизби “Русия воҳид”, ба радиои Озодӣ баён дошт, ки тасмими “Русия воҳид” фаъолонро хеле хушнуд кард.
Аммо ӯ изҳори нигаронӣ намуд ки метарсад ин гом танҳо як ҳаракати сиёсӣ мебошад:
“Ман умедворам, ки ин танҳо як ҳаракати сиёсӣ нахоҳад боқӣ монд ва ин баёния ба таҷдиди назар дар мавриди маҷрои шоҳроҳ анҷом ёфта ҷангалро наҷот медиҳад.”
Баҳс атрофи тарҳи Химки сабаби ба амал омадани ихтилофҳо миёни Кремлину мақомоти минтақаҳои Маскав ва Юрий Лужков шаҳрдори Маскав шудааст. Алорағми манфиатдор буданаш аз ин тарҳ, шаҳрдори Маскав алайҳи он суханронӣ кардааст.
Сомонаи интернетии газета.ру суханони Лужковро иқтибос оварда, ки гуфтааст бовар надорад тағийри самти шоҳроҳ ва бунёди роҳи алтернативӣ мушкил бошад.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз Дмитрий Медведев, президенти Русия ба Владимир Путин нахуствазири кишвар ва Сергей Наришкин раҳбари дафтари Кремлин супориш дод то анҷоми расидагӣ ба ин қазия, бунёди шоҳроҳро аз қаламрави ҷангали Химки мутаваққиф кунанд. .