Масъулини фурӯдгоҳ мегӯянд, аммо сирқати амволи бағочҳои мусофирони хатсайри Маскав—Душанбе фақат ба ҳангоми шаб ва танҳо дар ҳавопаймои Тоҷикайр сурат гирифтааст.
«10 ҳазор дар даруни шарф, 20 ҳазор дар даруни рӯймол буд, ки нест»
«Аз сумкаи ман 98 ҳазор рубли русӣ гум шудааст»
«Як фотоаппаратамро гирифтаанд»
«Як жемпер ва як курткаам нест»
«Либосҳоямро дуздидаанду дар ҷояш латтапора пур кардаанд»
«Ними тилловориҳоямро гирифтаанд»
«Телефони 60 доллара»
«42 доллару 8 ҳазори русӣ»
Ин намунаи посухҳои мусофирони хатсайри Маскав — Душанбе ба суоли «аз бағочи шумо чӣ гум шудааст?» аст, ки намояндаи гурӯҳи вижаи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе медиҳад.ғ
Ин гурӯҳи вижа тайи даҳ рӯз хатсайрҳои Маскав — Душанберо таҳқиқ карда, 82 ҳолати ғорат ва осеб расонидан ба бағочҳоро ошкор кардааст.
Алишер Рустамов, сардори хадамоти истеҳсолию тиҷоратии фурудгоҳ гуфт, 23 маврид ғорати маблағу амволи бағочҳо ва бақия дарондану кандани даставу бағалкисаҳои сумкаҳои мусофирон аст. Оқои Рустамов афзуд, ин ҷиноёт аз миёни даҳ рӯз танҳо дар рейсҳои шабонаи 16, 20 ва 24 августи соли равон сабт шудаанд:
«Аммо рӯзҳои 17, 18, 19 на ягон сумка даронда шудаасту на пули касе дуздида. Ин корро як бригада, басте, ки дар фурудгоҳи Домодедово аст, анҷом медиҳад шояд, ки яке ҳангоми гузаронидани бағоч аз гумрук ба гурӯҳи боркаш хабар медиҳад, то фалон сумкаро бикобад ва он ҷо фалон чӣ ҳаст».
Аз бағочи Музаффар Табаров, сокини Норак 10 ҳазор рубли русӣ рабуда шудааст. Вай мефаҳмад, ки амволи дохили сумкаашро тариқи асбобҳои ташхисӣ дар гумрукҳо дидан мумкин аст, аммо расидани кор ба ин дараҷаро тасаввур намекард. Вай сабаби дар бағочҳо пинҳон кардани маблағашро чунин шарҳ медиҳад:
«Даромадан баробар 1000 рублатро мегиранд. Мехоҳӣ — намехоҳӣ! Толор бояд бигзарӣ, ки як хонаи дигар медароранд, ки «қассобхона» меноманд. Он ҷо пурра маблағе, ки дорӣ мегиранд. Агар маблағ надорӣ, телефон, либос, хуллас, ҳар чӣ ки хуш омад. Мо маҷбурем, ки дар сумкаҳоямон пинҳон кунем, зеро мо умуман дар киса пул гузаронда наметавонем. Мегиранд».
Тибқи иттилоъи расмӣ, аз бағочҳои мусофирони хатсайри Душанбе - Маскав аз 1 ҳазору 200 то 100 ҳазор рубли русӣ, муодил ба 40 то 3 500 доллари амрикоӣ маблағ дуздида шуда, хисороти боқимонда ҳисоб нашудаанд.
Азиз Хоҷаев, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии фурудгоҳ мегӯяд, шикоят дар бораи сирқати маболиғ ва осеб дидани бағочи мусофирон тайи се моҳи ахир афзуд ва ҳамчунин вазъ соли 2008 пеш омада буд, ки 16 ҳолат дар худи Русия ошкор шуда, мақомоти он кишвар ҷинояткоронро боздошт ва равонаи зиндон карда буданд:
«Мо санҷиш карда баромадем, ки дуздиҳо ин дафъа ҳам аз Домодедово мешаванд. Як масъули бағочҳои ширкатро пурсидем, ки «барои чӣ бағочро қабул карда, намепурсӣ, ки чаро он нуқсон дорад?», ҷавод дод, ки он ҷо мемонанд, ки даҳон кушоӣ».
Оқои Хоҷаев гуфт, барои ҳалли қазия масъулини вазорати корҳои дохилӣ ба ин қарибӣ ба Маскав мераванд ва далелҳои худро пешниҳод карда, хостори муҷозоти ҷинояткорон мешаванд.
Аммо коршиносон мегӯянд, фақат дар ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, дар ин маврид фақат «Тоҷикэйр» рух додани сирқату дастдарозӣ ба бағочҳои мусофирон суолангез аст.
Холназар Ҷумъаев, аз муаллифони яке аз матолиби таҳлилӣ дар ин мавзӯъ мегӯяд, ҷурм дар худи ширкатҳост: «Ин ҷо бемасъулиятии ҳамон ширкатест, ки борро қабул мекунад. Мегӯянд, ки Сомонайр як-ду маротиба сумкаҳоро баргардондааст ва дигар бо ин ширкат чунин ҳаводис такрор нашудаанд. Чаро «Тоҷикэйр» ин корро намекунад?»
"Домодедово хомӯш аст"
Елена Кириллова, раҳбари хадамоти бағочкашонии «Тоҷикэйр» гуфт, дар Маскав кормандони ҳамаи ширкатҳои тоҷикӣ дастрасӣ ба бағочхонаи Домодедоворо надоранд ва танҳо нозири вазъ ҳастанд.
Дар посух ба он суол, ки «Оё танҳо мусофирони «Тоҷикэйр» зарар дидаанд, ё ин навъе кӯшиши бадном кардани ширкат нест?» Алишер Рустамов ҷавоби рад дод, аммо афзуд, дар ин қазия ӯро як далели дигар ба худ ҷалб кардааст. Ба қавли ӯ, бағочхонаҳои Домодедово ҳеҷ гоҳ барои кормандони ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик, аз ҷумла ба он хотир дастрас набудаанд, ки тамринҳои хадамоти гуногуни Русия — шурӯъ аз гумруку марзбонӣ то амният ҳамеша ба ҳангоми рейсҳои Маскав — Душанбе баргузор мешаванд:
«Масалан, дар бағоч маводи мухаддиру тӯбу дигар чиҳо мепартоянд, ки сагҳояшон ёбанд. Фақат дар рейсҳои мо. Бо дигарон ин корро кунанд, қабрашонро мекананд. Аммо мардуми мо, сафорати мо хомӯш аст».
Маъмурияти фурудгоҳи Домодедово дар ин маврид вокунише накард. Маркази матбуотии ин ширкат гуфт, посух баъд аз омӯхтани вазъ дода мешавад.
«10 ҳазор дар даруни шарф, 20 ҳазор дар даруни рӯймол буд, ки нест»
«Аз сумкаи ман 98 ҳазор рубли русӣ гум шудааст»
«Як фотоаппаратамро гирифтаанд»
«Як жемпер ва як курткаам нест»
«Либосҳоямро дуздидаанду дар ҷояш латтапора пур кардаанд»
«Ними тилловориҳоямро гирифтаанд»
«Телефони 60 доллара»
«42 доллару 8 ҳазори русӣ»
Ин намунаи посухҳои мусофирони хатсайри Маскав — Душанбе ба суоли «аз бағочи шумо чӣ гум шудааст?» аст, ки намояндаи гурӯҳи вижаи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе медиҳад.ғ
Алишер Рустамов, масъули фурӯдгоҳ, мегӯяд, 23 мавриди дуздии амволи мусофирони хатсайри Душанбе-Маскав ошкор шудааст
Натиҷаи кори гурӯҳи вижаИн гурӯҳи вижа тайи даҳ рӯз хатсайрҳои Маскав — Душанберо таҳқиқ карда, 82 ҳолати ғорат ва осеб расонидан ба бағочҳоро ошкор кардааст.
Алишер Рустамов, сардори хадамоти истеҳсолию тиҷоратии фурудгоҳ гуфт, 23 маврид ғорати маблағу амволи бағочҳо ва бақия дарондану кандани даставу бағалкисаҳои сумкаҳои мусофирон аст. Оқои Рустамов афзуд, ин ҷиноёт аз миёни даҳ рӯз танҳо дар рейсҳои шабонаи 16, 20 ва 24 августи соли равон сабт шудаанд:
«Аммо рӯзҳои 17, 18, 19 на ягон сумка даронда шудаасту на пули касе дуздида. Ин корро як бригада, басте, ки дар фурудгоҳи Домодедово аст, анҷом медиҳад шояд, ки яке ҳангоми гузаронидани бағоч аз гумрук ба гурӯҳи боркаш хабар медиҳад, то фалон сумкаро бикобад ва он ҷо фалон чӣ ҳаст».
Аз бағочи Музаффар Табаров, сокини Норак 10 ҳазор рубли русӣ рабуда шудааст. Вай мефаҳмад, ки амволи дохили сумкаашро тариқи асбобҳои ташхисӣ дар гумрукҳо дидан мумкин аст, аммо расидани кор ба ин дараҷаро тасаввур намекард. Вай сабаби дар бағочҳо пинҳон кардани маблағашро чунин шарҳ медиҳад:
«Даромадан баробар 1000 рублатро мегиранд. Мехоҳӣ — намехоҳӣ! Толор бояд бигзарӣ, ки як хонаи дигар медароранд, ки «қассобхона» меноманд. Он ҷо пурра маблағе, ки дорӣ мегиранд. Агар маблағ надорӣ, телефон, либос, хуллас, ҳар чӣ ки хуш омад. Мо маҷбурем, ки дар сумкаҳоямон пинҳон кунем, зеро мо умуман дар киса пул гузаронда наметавонем. Мегиранд».
Тибқи иттилоъи расмӣ, аз бағочҳои мусофирони хатсайри Душанбе - Маскав аз 1 ҳазору 200 то 100 ҳазор рубли русӣ, муодил ба 40 то 3 500 доллари амрикоӣ маблағ дуздида шуда, хисороти боқимонда ҳисоб нашудаанд.
Ба гуфтаи Азиз Хоҷаев, муовини раиси шуъбаи корҳои дохилии фурӯдгоҳ, шикоятҳои мусофирон дар робита ба дуздии амволи онҳо меафзояд
"Афзоиши дуздии бағоҷҳо тайи се моҳи ахир"Азиз Хоҷаев, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии фурудгоҳ мегӯяд, шикоят дар бораи сирқати маболиғ ва осеб дидани бағочи мусофирон тайи се моҳи ахир афзуд ва ҳамчунин вазъ соли 2008 пеш омада буд, ки 16 ҳолат дар худи Русия ошкор шуда, мақомоти он кишвар ҷинояткоронро боздошт ва равонаи зиндон карда буданд: