Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргузашти «Мауглӣ»-и Шаҳристон


Владимир Бурҳонов
Владимир Бурҳонов

Дар саршавии ағбаи Шаҳристон дар сари роҳ танҳо як хаймае ба назар мерасад, ки зоҳиран ба макони муваққатии зисти кӯҳнавардон монанд аст. Аммо дар асл ин хайма манзили зисти як ҷавони 27-солаест, ки худро Владимир Бурҳонов ном мебарад.

Ин ҷавон тайи ҳафт сол аст, ки зиндагӣ дар кӯҳу пуштаҳоро ихтиёр карда, дар фасли гармо барои сокинони деҳоти атроф корҳои мухталифи хоҷагиро иҷро мекунад.

"Мауглӣ"-и Шаҳристон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00


Кор барои як пора нон

Владимир дастёри арзони сокинони деҳоти атроф аст, ҳезум мекашад, заминро кишт мекунаду ҳосилашро ҷамъ меоварад, аммо ҳаққи заҳмат талаб намекунад. Ҳаққи заҳмати якрӯзаи он танҳо як коса хӯроки гарм ва пораи нон аст. Вай мегӯяд:

«Ман зимистонро дар ҳамин хайма гузарондам. Худро печонида ларзида гушнаву ташна хоб мерафтам, ағба маҳкам буд. Ман кор мекунаму ғизо мехӯрам. Дар фасли зимистон ман талбандагӣ мекунам, чун дигар роҳи наҷот аз гуруснагӣ нест.
Ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардам, аммо мутаассифона онҳо ба ман кӯмак накарданд».


Владимир забонҳои русӣ ва тоҷикиро хуб медонад, аммо таҳсил накардааст ва ҳатто санаде ҳам надорад, ки шахсияти ӯро тасдиқ кунад. Аз ин рӯ чун як нафари бе асноди шаҳрвандӣ, бе макони зисти муайян зиндагиашро пеш мебарад.

Владимир дар ин хайма ба сар мебарад
Сарнавишти талх


Тибқи итиллои маркази ҳуқуқи инсон дар Хуҷанд, ки Владимир барои кӯмак ба онҳо муроҷиат кардааст, вай тайи 13 сол дар беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳии воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ ба сар бурдааст. Гуфта мешавад, ӯро аз синни ҳафтсолагӣ модархондаш ба ин беморхона оварда, дигар аз ҳоли ӯ касе хабар нагирифтааст.

Владимир падару модар ва зиндагии худро то ҳафтсолагӣ дар ёд надорад, дар ин айём бар асари зарб хурдани майнаи сар хотираашро гум кардааст. Аммо давраи табобат дар беморхона ва сабаби аз он ҷо фирор карданашро хуб ба хотир меоварад:

«Аз ҳафтсолагӣ ин тараф дар беморхона азоб кашидам. Аввал дору медоданд, сӯзандоруҳои бад мегузарониданд. Бисёр азоб медоданд, хӯроки нағз набуд, кор мефармонданд ва боз ҷазо медоданд. Дидам, ки шароит вазнин, худсарона баромада омадам.»

Ташхиси пизишк

Хуршед Қунғуротов сартабиби беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ тасдиқ мекунад, ки аз соли 1991 то солҳои 2003 Владимир дар беморхонаи онҳо ба табобат фаро гирифта шудааст, аммо вай бидуни шаҳодатномаи таввалуд ба шӯъбаи кӯдаконаи ин марказ, ки то соли 1999 амал мекард, ҷойгир шудааст.

Ба гуфти Хуршед Қунғуротов, Владимир ба бемории камақлии дараҷаи сабук гирифтор аст ва ба ҷомеа хатар эҷод намекунад, аз ин рӯ баъд аз баромада рафтанаш ба шӯъбаи корҳои дохила хабар надодаанд:

«Тамоман ба ҷомеа хатар надорад. Мустақилона зиндагӣ ҳам карда метавонад, аммо санади тасдиқкунандаи шахсиятро надорад. Вай фирор накардааст, баромада рафтааст. Ӯ бемории рӯҳӣ ҳам надорад. Ба нафари бесавод ҳам камақлии дараҷаи сабук муайян мекунанд. Аз вай бадтарҳо дар кӯча гаштаанд».

Владимир: «Ман бемори руҳӣ нестам»


Зимни сӯҳбат асабоният дар Владимир эҳсос мешавад, аммо вай худро бемори рӯҳӣ намеҳисобад ва мегӯяд ҳадаф аз муроҷиаташ ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон танҳо он аст, ки мехоҳад чун ҳама шаҳрвандон соҳиби шиносномаи Тоҷикистон гардида, аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдор ва ба зиндагии маъмулии инсонӣ ворид шавад.

Татяна Хатюхина, вакили мудофеи маркази ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, барои гирифтани шиноснома доштани шаҳодатномаи таввалуд муҳим аст, аммо тааҷубовар аст, ки чи гуна як тифл бидуни санадҳои махсус ба чунин як беморхонаи махсус барои муддати тӯлонӣ ва бо бемории беақлии сабук нигоҳ дошта шудааст, меафзояд хонум Хатюхина:

«Дар кадом асос ин ҷавон 13 солро дар беморхона сипарӣ кардааст? Аз ҳама муҳим ӯро мақомоти сарпарасти ва фарзандхонӣ фаромуш кардааст. Ба вижа ин писарро, ки аз хонаи кӯдакон ба зане ба фарзандӣ дода шуда буд. Барои чӣ кормандони хонаи бачаҳо нисбати ояндаи вай бетаваҷҷуҳӣ карданд? Барои чи ин писар ба ҳама нолозим шуд? Барои чи то 27-солагӣ вай ҳатто як сол ба мактаб нарафт? Ӯ ҳоло ихтисос надорад. Дар асри 21 ба мисли Мауглӣ аст. Мо ба додситони кулл муроҷиат намудем, ки ба мо дар кушодани ин гиреҳ кӯмак кунад, ки чи гуна шахс дар чунин муассисае ки ба маҳбас монанд аст, партофта шуд. Ман мехостам, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масъалае ҷалб намоям, ки то куҷо фаъолияти мақомоти парасторӣ ва фарзандхонӣ ҳирфаӣ ба роҳ монда шудааст».

ВКД: Агар солим бошад, шиноснома медиҳем

Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии кишвар, мегӯяд, масъулини беморхонаи рӯҳӣ масъул буданд, ки оид ба фирори Владимир аз беморхона ба шӯъбаи корҳои дохилӣ хабар диҳанд. Зеро ин шахс метавонист нафари ба ҷомеа хавфнок бошад.

Аммо ба ҳар сурат дар сурати муроҷиат кардани Владимир ба шӯъбаҳои корҳои дохилии минтақавӣ, онҳо барои барқарор намуданӣ шахсияташ кӯмак мерасонанд ва агар ниёз ба табобатӣ руҳӣ боқӣ монда бошад, ӯро ба бемористон бармегардонанд, меафзояд Маҳмадулло Асадуллоев:

«Агар вай дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба талбандагӣ ё корҳои ношоиста машғул шавад, ӯ аз ҷониби кормандони полис боздошт ва аз ташхис гузаронида мешавад. Ва агар ҳолати рӯҳиаш хуб набошад, ба беморхона бармегардад. Агар солим бошад, ҳатман ба ӯ шиноснома медиҳанд».

Дар ҳамин ҳол Татяна Хатюхина вакили дифоъи маркази ҳуқуқи инсон мегӯяд, онҳо посухи номаашонро аз додситони кулл интизор хоҳанд шуд. Аммо агар посухи мусбате ба даст наомад ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард ва дар асоси ташхис шахсияти Владимирро муайян карда ӯро соҳиби шиноснома мекунанд.

Владимир бошад мегӯяд, мехоҳад, зиндагии инсонӣ дошта бошад на ваҳшӣ. Бо гирифтани шиноснома орзу дорад оила бунёд карда, ҷойи кори доимӣ пайдо намояд.
XS
SM
MD
LG