Ин дар ҳолест, ки то поёни моҳи Рамазон ду ҳафта боқӣ мондааст ва суоли матраҳ ин аст, ки пас аз моҳи Рамазон қиммати маводи ғизоӣ дар бозорҳоро чӣ интизор аст? Дар ҳоле, ки болоравии қимати гандум дар бозорҳои ҷаҳонӣ мушоҳида мешавад. Ва Русия ба далели оқибати хушксолӣ содироти ғалла ба бозорҳои ҷаҳониро муваққатан манъ кардааст.
Манъи ғалла аз Русия ҷойи нигаронӣ надорад
Ба гуфтаи Тағоймурод Шарифов, раиси корхонаи давлатии "Ғалла"-и Тоҷикистон, ин иқдоми Русия боиси беш аз 12 дарсад боло рафтани қиммати ғалла дар бозори бурси Чикаго шудааст.
Тағоймурод Шарифов мегӯяд, ки манъи содироти ғалла аз сӯи Русия мояи нигаронии мо нест. Зеро мо аз Русия орди кам ворид мекунем. Ва ин миқдори камро метавон аз ҳисоби воридот аз Қазоқистон ҷуброн кард.
Вай гуфт, хатари манъ ё маҳдудияти воридоти орду ғалла аз сӯи Қазоқистон моро таҳдид намекунад: «Тоҷирони мо дар Қазоқистон замин иҷора гирифта гандум кишт мекунанд ва орд карда ба Тоҷикистон ворид мекунанд».
Ба гуфтаи раиси идораи давлатии «Ғалла», дар ҳоли ҳозир аҳолии Тоҷикистон бар асоси Ожонсии омори давлатӣ 7 миллиону 616 ҳазор нафар аст ва Тоҷикистон ба 1 миллиону 43 ҳазор тонна орд ва ё ки муодили 1 миллиону 229 ҳазор тонна гандум ниёз дорад.
Дар сол ба сари ҳар як хӯранда 137 килограм маҳсулоти нонӣ зарур аст.
Такя ба дастранҷи деҳқони худӣ
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон қарор кардааст, дар соли ҷорӣ ҳудуди 20 ҳазор тонна ғалла аз мардум бихарад.
Тағоймурод Шарифов-раиси идораи давлатии «Ғалла» дар ин бора гуфт: «Ҳозир аксари осиёбҳои мо ба ғаллаи харида аз мардум кор мекунад. Масалан, осиёбе, ки тоза дар ноҳияи Сарбанд шурӯъ ба кор кард ба гандуми маҳаллӣ кор мекунад. Арзиши аслии як халта орд дар ин 90 сомонӣ ба савдо меравад».
Ин дар ҳолест, ки давлат имсол ҳосили 917 ҳазор тонна гандумро интизор дорад. Вале ба гуфтаи Маҳмади Урмонов, аз вазорати кишоварзӣ, ҳосили имсола дар қиёс ба соли гузашта камтар аст.
Ҷаноби Урмонов афзуд: «Дар ҳоли ҳозир 510 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст. Ва ҳосили даравидашуда низ зиёд аст. Соли гузашта дар ҳамин вақт 540 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шуда буд, ки нисбат ба имсол 30 ҳазор тонна бештар буд".
Ба гуфтаи коршиносон, агар мо имсол тавонем ҳудуди 750 ҳазор тонна гандум ба даст биёрем, дар он сурат, бояд ҳамин миқдори дигарро аз хориҷ ворид кунем.
Ин дар ҳолест, ки дар Русия ба ҷуз орд, қиммати дигар анвои ғалладонагиву лӯбиёӣ аз қабили гречка, лубиё, мош ва ғайра низ боло рафтааст.
Тоҷикистон миқдори зиёди ин анвоъро аз Русия ворид мекунад. Ҳоло як килограм мош дар бозори ҷумҳурӣ аз 6 то 13 сомонӣ боло рафтааст.
Ба ин далел, бархе аз коршиносон боло рафтани қимати орду гандум ва дигар анвои ғалладонаву лӯбиёро пас аз моҳи Рамазон мумкин медонанд.
Вале ба қавли дигар коршиносон, Тоҷикистон метавонад анвоъи мошу лӯбиё, гречка, нахуд ва ғайраро аз Чин ворид кунад.