Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Пайомадҳои эҳтимолии фирори зиндониён


Хабари фирори дастаҷамъонаи гурӯҳи маҳбусон аз Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ ва маҳбаси Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳар шунавандаро на танҳо нороҳат мекунаду ба ҳайрат меорад, балки як эҳсоси ноамнӣ ва нобовариро низ эҷод мекунад.

Ин боздоштгоҳ дар маркази шаҳр ва дар дохили бинои Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ва дар фосилаи начандон дур аз манзили зисти раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон воқеъ аст.

Тасодуф ё нақша?

Маълум нест, фирор аз маҳбас бо кӯмаке аз берун ба амал омад ва ё як ҳамла аз дарун буд. Муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, генерал майор Қосимҷон Ғаффоров гуфт, ки ин фирор бо машварати пешакӣ, истифода аз силоҳи оташфишон ва дар натиҷаи хунукназарии нозири маҳбас ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки раҳоии 25 маҳбуси зоҳиран муҳим ва хатарнок бахше аз як тарҳи бузургтари душманони оромии кишвар аст, ки идомааш дар пеш хоҳад буд ва ё тасодуфе дар натиҷаи саҳлангорӣ, бепарвоӣ ва фасод дар муассисаҳои марбута?

Таҳлилгари тоҷик Қосимшоҳи Бекмуҳаммад мегӯяд, "мумкин аст, як сари риштаи ин иттифоқ ба имкони ҷой доштани фасод дар
Қосими Бекмуҳаммад
ниҳодҳои амниятию қудратии Тоҷикистон баргардад, сари дигари ришта ба он иртибот мегирад, ки чунин иттифоқе чӣ пайомадҳоеро метавонад, ба думбол дошта бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоте ки дар сатҳи минтақа анҷом мешавад, метавон гуфт, ҳар навъ бесуботии сиёсӣ ва амниятӣ дар Тоҷикистон зарурати ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ бо кишварҳои муайян ва муттаҳид бештару бештар мешавад."

Бекмуҳамад ва бархе аз таҳлилгарони дигар, ки рӯйдоди бесобиқаро дунбол доранд, мегӯянд, дар он дасти хориҷӣ низ эҳсос мешавад. Тахминҳое дар хусуси манфиатдории кишвар ё нерӯҳои беруна дар зарба дидани эътибори Тоҷикистон ва ҳам эҷоди хатарҳои нави амниятӣ барои ин кишвар вуҷуд доранд, аммо аз кишвари муайяне ном бурда намешавад.

Рӯйдоди фаромиллӣ

Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, коршиноси маркази таҳлилии "Диалог" мегӯяд, «қудратҳои ҳавасманд ҳамоно қодиранд, дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон минтақаи доғеро ба вуҷуд оранд ва фирори бесобиқаи маҳкумшудагон метавонад оғози як чунин амал бошад."

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни баршумурадани номҳои афроди бонуфузи ин гурӯҳи фирорӣ танҳо аз Ҳикмат Азизов, бародари Неъмат Азизов ном бурд, Неъмат дар рӯйдодҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара кушта шуд. Бино бар эъломияи расмӣ чанде аз фирориён аъзои Ҳаракати исломи Ӯзбакистон ва бархи дигар шаҳврандони Афғонистону Русия будаанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, дар боздошти фирориён аз ниҳодҳои интизомии кишварҳои дигар кӯмак хоҳанд пурсид. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба ниҳодҳои зирабти кишвараш дастур додааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд. Шаби якшанбе ба душанбе 25 нафар маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Душанбе баъд аз куштани 5 нафар зиндонбон фирор намуданд.

Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия, гуфтааст, ки Маскав ба мақомоти Тоҷикистон барои боздошти маҳбусони фироркарда кӯмак хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ба сохторҳои қудратии кишвар амр кардааст, ки бо мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ ва дастгир кардани маҳбусони фироркарда ҳамкорӣ намоянд.

Қадами баъдӣ


Вазъро посухи ин суол рӯшан хоҳад кард, ки агар ин гурӯҳ тавонист, ба посбонони маҳбас ҳамла кунад ва ҷамъан 5 нафарро ба ҳалокат расонад, оё қадам баъдии эҳтимолии он чӣ хоҳад буд. Оё онҳо ба таври пароканда яъне ҳар кас барои худ амал хоҳад кард ё зери парчами як гурӯҳи мушаххас дар ягон минтақаи дурдасти Тоҷикистонро барои худ лона ихтиёр мекунад?

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, коршиноси масъалаҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯяд: «Ин гурӯҳи зиндониёи фирорӣ талош хоҳад кард, ки агар битавонанд, аз марзҳои Тоҷикистон хориҷ шавад. Зеро ин гурӯҳи қодир ба коре дар дохили Тоҷикистон нахоҳад буд. Ва пуштибони иҷтимоӣ ҳам надорад. Агарчанде истисно нест, ки қудратҳо ва гурӯҳҳои фурсатталабе талоши истифода аз ин фурсатро хоҳанд кард.»

Аксари коршиносони Тоҷикистон ва кормандони баландпояи мақомоти интизомии кишвар ба сурати умум дар робита ба ояндаи ин воқеъа иттифоқи назар надоранд. Мақомоти давлати Тоҷикистон аз тариқи телевизион аз шаҳрвандон дархост карданд, ки агар дар бораи фирориён иттилое доранд, ба Кумитаи амнияти миллӣ хабар диҳанд.
XS
SM
MD
LG