Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири муҳоҷират ба садоқат ва хиёнат дар хонаводаҳо


Муҳоҷирати корӣ, ки шеваи зиндагӣ дар хонаводаҳои тоҷикро дар тӯли як даҳсолаи гузашта, тағйир додааст, ба мафҳуми вафодорӣ ва ё хиёнат беасар намондааст. Таҳқиқоти мухталиф нишон додааст, ки бисёре аз ҳамсарони муҳоҷирони корӣ, ба иртиботҳои ғайришаръии шавҳарони муҳоҷири худ, аз пушти панҷа менигаранд.

Санавбари 28-сола ва сокини Душанбе, ки як фарзанд дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гоҳ чунин рафтори шавҳарашро таҳаммул нахоҳад кард:

«Мисол дар он ҷо хонавода ташкил карда бошад, зиндагӣ ташкил карда бошад ва агар дар чашми ман хок мепошад, ман намебахшам. Ман мегӯям, ки ҷудо мешавам, ман таҳсилдидаам ва як фарзанд дорам, ман худам ӯро ба воя мерасонам, мехононам, шумо ба ман даркор нестед, ҷавоби маро диҳед, шумо он тараф ва ман тарафи дигар».



Аммо агар шавҳараш иртибот бо хонаводаро нигаҳ дорад ва дар ҳаққи ӯ ғамхорӣ кунад, бо вуҷуди он сахтгирӣ, Санавбар аз гуноҳи шавҳараш мегузарад ва бевафоии муваққатии ӯро нодида мегирифтааст:

“Агар дар фикри ман бошад, ба ман телефон кунад, пули маро фиристад, дар фикри зиндагӣ бошад, чаро ман ӯро набахшам. Мебахшам.”

Аммо Ҳалима, сокини дигари 40-солаи Душанбе, ки солҳост пойбанди кӯмаки шавҳари муҳоҷираш аст, мегӯяд, агарчӣ шавҳараш тилло ҳам фиристад, таҳаммули шунидани хабари бевафоии ӯро нахоҳад дошт, зеро мегӯяд, ӯ азоби шавҳару ҳиҷрони ӯ кофист. Ӯ, ки зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, дар ин бора бо ҳиҷолат сӯҳбат мекард, гуфт:

“Ман қабул намекунам, ки ӯ чунин рафтор кунад, зеро бе он ҳам азоби мо кам нест. Ҳарчанд пул бифристад, ҳаққи кӯдакону шароити зиндагиашро таъмин кунад, вале бе ин ҳам азоби бемардӣ. Дар хона мард набошад, азоб аст, ҳама кор дар сари зан аст. Мо азоби кам намекашем, ки бар изофаи ин ӯ маъшуқа пайдо кунад ва мо инро таҳаммул кунем. “

Шубҳа аз вафодории ҳамсари муҳоҷир


Вале Ҳалима худро аз ҷумлаи, ба гуфтаи ӯ, занони “сахтгир” медонад, ки теъдодашон кам будааст ва ҳамсояҳояшонро мисол меорад, рафтории ғайришаръии шавҳарони худро бе асабоният қабул мекунанд. Саодат Олимова, ҷомеашиноси тоҷик аз маркази таҳлилии “Шарқ”, мегӯяд, муҳоҷирати корӣ муносибати занони тоҷик нисбат ба рафтори ҷинсии шавҳарони онҳоро тағйир додааст ва онҳо ин тамоюлро “оддӣ” қабул мекунанд:

“Занҳо ба хубӣ дарк мекунанд, ки мард ҳангоми дурӣ аз ватан дар муддати 6, 8 то 9 моҳ, эҳтимолан бо касе иртиботи ҷинсӣ хоҳад дошт. Онҳо инро дарк мекунанд. Аммо айни замон мардҳои муҳоҷир ин гуна рафтори занро қабул надоранд, вале боз ҳам фикр мекунанд, шояд ҳамсараш ягон балое дорад. Ин муносибати зоҳиран оромона ба чунин зиндагии дутарафа ва ё сетарафа ба як воқеъият дар зиндагии тоҷикон табдил мешавад.“

Саодат Олимова аз як назархоҳӣ дар миёни занони муҳоҷирони тоҷик мисол овард, ки 98 дарсад гуфтаанд, муҳоҷирон бояд дар хориҷ аз кишвар ҳам нисбат ба ҳамсари худ вафодор бошанд. Аммо посухи тақрибан нисфи занон ё 48 дарсади онҳо ба ин суол, ки оё муҳоҷир метавонад, дар хориҷа вафодор бимонад, сукут будааст.

Аз миёни мардони пурсидашуда, ки зан бояд зимни муҳоҷирати ҳамсараш ба ӯ вафодор бимонад, 86 дар сад посухи мувофиқ додаанд ва 15 дар сад сукут ихтиёр кардаанд, ки маънии шакку шубҳа ба вафодории ҳамсаронашонро дорад. Дар як пажӯҳише, ки бо мусоидати Созмони Ҷаҳонии Кор дар Тоҷикистон се сол пеш анҷом шудааст, мехонем, ки тақрибан 50 дар сади муҳоҷирони оиладори тоҷик, зимни муҳоҷират иртиботи ғайришаръии ҷинсӣ доштаанд. Як ҷавони муҳоҷири тоҷик, ки се фарзанд дорад ва солҳост дар Русия кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсараш медонад, ки ӯ ба қавле вафодор нест, аммо вокуниши ҷиддие аз ӯ надидааст. Ӯ бо муболиға мегӯяд: "Агар 100 тоҷик бошад, 80-тои онҳо маъшуқа доранд. Дар Русия безан кӣ мегардад?"

Сабру тоқат аз ноилоҷӣ?


Русия, мизбони аслии муҳоҷирони тоҷик аст ва бар асоси омори мухталиф тақрибан 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва аксаран мардҳо дар онҷо кор мекунанд. Аммо сабаб чист, ки ҳамсарони муҳоҷирон, нисбат ба бевафоии ҳамсарони худ бепарвоянд. Яке аз омилҳои аслии онро Сураёи Шуҷоат, хабарнигор ва аз Маркази ҷамъиятии кӯмакҳои иҷтимоӣ ва маърифатӣ дар Тоҷикистон, ки дар ин замина таҳқиқот анҷом додааст, чунин шарҳ дод:

“Ба андешаи ман бепарвоии онҳо аз камбизоатии онҳо аст. Имрӯз зани тоҷик ба ҳама чӣ розӣ мешавад, ба хотири он, ки соҳиби як луқма нон бошад ва ин луқмаи нонро барои ӯ шавҳараш, ки дар Русия аст мефиристад. Ҳар як зани тоҷик медонад, ки ҳамсараш дар онҷо хиёнат мекунад, чунки муддати ками онҷо буданаш шаш моҳ аст, ҳаст, ки шавҳаронашон як солу ду солу се сол барнамегарданд.“

Аммо Матлуба Раҷабалиева, аз созмони ғайриҳукуматии “Маркази дастгирии Ғарм”, ки ҳимояти ҳуқуқии занон як бахши кори он аст, мегӯяд, ҳамсарони муҳоҷирони тоҷик, мисли дигар занон таҳаммули бевафоии шавҳарро надоранд, вале ноилоҷанд, зеро:

“Бисёри занҳо метарсанд, барои онки гап зананд, шавҳар се талоқаш медиҳад ва мегӯяд, ки хоҳӣ ҳамин хел нахоҳӣ ҷавобу саволат аз худат. Телефон ҳоло корро осон кардааст., мега ина се талоқ дар дастат бигир. Вай бечора бо панҷ шаш кӯдак чӣ кор мекунад, куҷо меравад. Ӯро дар хонаи падару модараш ҳеҷ кас интизор нест.

Аммо на ҳама ба ин андеша мувофиқанд ва мегӯянд ин тарси зан нест, балки аз як хислати ӯ бармеояд. Додарбек Сайдалиев, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Шаҳрванд”, ки хушунати хонаводагӣ алайҳи занон бахше аз кори он аст мегӯяд:

“Ба хотири нигаҳдошти оила ва ба хотири кӯдакон ҳамаи инро тоқат мекунад. Муқаддасоте, ки нисбати оила дар зани тоҷик аст, дар дигар занҳо нест. Ба хотири зиндагии шахсии худ шуда ва аз бисёр чизҳо даст мекашад, чунки намехоҳад оилааш вайрон шавад. Зани тоҷик мутаасифона бошад ва ё хушбахтона бошад, ҳамин хел таҳаммулпазир аст.”

Пайомадҳои таҳаммули ҳамсари бевафо

Аммо пайомадҳои чунин таҳаммулпазирӣ на ҳамеша мусбат буда аст. Додарбек Сайдалиев мегӯяд, “ҳамин таҳаммулпазирии зани тоҷик сабаби он шудааст, ки мардҳо бататдриҷ пулро камтар равон мекунанд ва баъдан умуман равон намекунанд. Телефон намекунанд. Аз чашм ки дур шудӣ, аз дил ҳам дур мешавӣ, оҳиста оҳиста дар дилҳо сардӣ пайдо мешавад. Албатта тоқатпазирӣ хуб аст, аммо зан худаш ба ин мусоидат мекунад. “

Саодат Олимова коршинос аз маркази таҳлилии “Шарқ” мегӯяд, дар Тоҷикистон ин тамоюл шакл мегирад, занони муҳоҷирон шавҳарони худро на ба ҳайси шавҳар, балки ба ҳайси як манбаъи даромад қабул мекунанд:

“Онҳо шавҳарони худро на ба ҳайси шавҳар, балки фарде қабул мекунанд, ки бояд ба ӯ пул бифристад. Агар пул фиристад, ҳар коре ки дилаш мехоҳад кардан гирад. Яъне муносибат ба мардҳо бисёр манфиатҷӯёна аст ва бахусус дар хонаводаҳое, ки иртиботи ғайришаръии муҳоҷирон дар хориҷаро қабул доранд. Ва ин бисёр манзараи ҳузнангез аст. “

Ва ин бисёр манзараи ҳузнангез аст, мегӯяд, Саодат Олимова, ҷомеашинос аз маркази таҳлилии “Шарқ” дар Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG