Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии “вокуниши сареъ” дар нишасти СПАД


Cарони СПАД ё Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, як эътилофи низомии таҳти нуфузи Русия, ки ба он ҳамчунин Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзоянд, роҳҳои “вокуниши қавитар” ба ҳолатҳои изтирорӣ дар кишварҳои узви ин иттиҳодро баррасӣ карданд.

Президентҳои шаш кишвари узв, ба истиснои раҳбари Ӯзбакистон, Ислом Каримов дар мулоқоти хеш дар Ереван авзоъ дар Қирғизистонро таҳлил карданд, ки сар аз моҳи апрел, пас аз барканории иҷбории раҳбари он Қурманбек Боқиев, бо ҳарҷу марҷ ва хушунатҳои қавмӣ рӯбарӯ гаштааст. СПАД он вақт бо вуҷуди дархости ҳукумати муваққати Қирғизистон аз ирсоли нерӯ ба ин кишвар худдорӣ карда буд.

Раисиҷумҳури Арманистон, Серж Саргсян, мизбони ҳамоиш ва ҳамтои руси ӯ, Димтрий Медведев, ки кишвараш раёсати даварии СПАД-ро дар зимма дорад, дар паёмҳои ифтитоҳӣ президентҳои Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро “хайра мақдам” гуфтанд. Сипас ҷаласаи онҳо паси дарҳои баста идома кард.

Шаш ҳозир ва як ғоиб


СПАД дар соли 1992 дар заминаи Созишномаи Амнияти Муштарак, ки он замон Арманистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон имзо карданд, таъсис ёфт. Озарбойҷон, Гурҷистон ва Беларус дар соли 1993 ба созишнома ҳамроҳ шуданд. Аммо ду кишвари Қафқози ҷанубӣ ва ҳамчунин Ӯзбакистон баъд аз шаш сол аз иттиҳод хориҷ шуданд. Ӯзбакистон бори дигар дар соли 2006, дар ҳоле ки созишнома ба созмон табдил ёфт, худро ба он шомил кард.

Рӯзи шанбе ҷаласаи ғайрирасмии президентҳо дар осоишгоҳи Севани Арманистон идома мекунад. Қарор аст дар ҳошияи он мулоқоти як ба яки Медведев ва президенти Қирғизистон, Роза Отунбоева баргузор гардад. Аммо маълум нест, раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои беларуси худ, Аляксандр Лукашенко гуфтушуниди ҷудогона хоҳад дошт ё на.

Ширкати Лукашенко дар ин мулоқот ибтидо ба иллати равобити сардшудаи Русия ва Беларус зери суол буд. Собиқ ҳампаймони наздики Русия аввали имсол бо Маскав сари нархи газ ва қарзҳои он вориди муноқиша шуд ва Русия ба қатъи интиқоли гази худ ба Аврупо аз тариқи Беларус иқдом кард.

Ҳампаймоҳои мутахосим


Ташаннуҷ байни ду узви СПАД замоне бештар шуд, ки Маскав Лукашенкоро барои ин суханон, ки ҳаргиз ваъдаи эътирофи манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон – Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро надодааст, ба бешарафӣ ва дуруягӣ айбдор кард.

Дар паёми ифтитоҳияш Медведев бо сози нармиш аз омодагии Лукашенко ба қабули раёсати даврии СПАД истиқбол кард, аммо ин дар ҳоле сурат гирифт, ки Лукашенко дар толор набуд.

Ду узви дигари СПАД – Тоҷикистон ва Ӯзбакистон низ ба ҳамдигар эродҳо доранд. Душанбе Тошкандро ба муҳосираи нақлиётӣ айбдор мекунад ва Тошканд бар ин аст, ки бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон метавонад, амнияти зистмуҳитии онро зери хатар гузорад.
XS
SM
MD
LG