«Нигоҳ» дар матлабе зери сарлавҳаи «Сочи, президент, Ёқуб ва барори мо» навиштааст, "вақте Шумо ин сатрҳоро мутолиа мекунед, президенти Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ аст. Ё ин ҳам дар ҳоле, ки муносиботи ду кишварро дар ду соли охир неку ҳасана гуфта намешаваду ҳизби русгароён, аниқатарш дорандагони тафаккури империяпапрасти шӯравихатмкардаҳо дар атрофи президенти тоҷик хеле фаъол аст».
Муаллиф навиштааст, ки болои ин Сочӣ дар таърихи сиёсии Тоҷикистон ва зиндагиномаи Эмомалӣ Раҳмон саҳфаи тираи ҳам аст, зеро маҳз дар ҳамин шаҳр соли 2004 баъди баргузории спектакл аз рӯи сенарияи «Ана бин Ёқуб Салимов президентшав аст», Тоҷикистон шармандатарин қарордодҳои байни ҳукуматиро дар таърихаш ба имзо расонида, рушди милии тоҷиконо барои 10-12 сол ақиб партофта буд.
«Фараж» ҳафтаномаи дигари мустақил, зери сарлавҳаи «Қурғонтеппа! Кӣ президентро фиреб мекунад?» навиштааст, ки чӣ гуна масъулин бо фарорасии кадом як ҷашну ёддоштҳо сохтмонҳои ҷашниеро даст мегиранду маблағҳои зиёди буҷаро сарф менамяонд. Вале баъдан объектҳо нотамом мемонанд ва маблағҳо ба бод мераванд. Ё объектро сарсарию бесифат ба хотири дар мӯҳлат супоридан ба итмом мерасонанду баъди чанде бино валангору нодаркор мешавад.
«СССР» нашрияи мустақил дар матлабе навиштааст, ки маъракаи судбозӣ бо газетаҳои тахасусӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст.
«Пайкон» дар саҳифаи аввали худ мусоҳибаи ихтисосӣ бо Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ - ро ҷой додааст. Ҷаноби Кабирӣ бо ишора ба тасмими Кумитаи дин оид ба манъ кардани намози дастҷамъона дар қароргоҳи ҳизб гуфтааст, ки ҳоло мебинем, ки нигаронии ва онҳое, ки эрод доштанд, беасос набудааст ва ба истилоҳ минаҳои дерамалкунанда дар ҳаракат даромадааст. Мутаассфиона, ҳанӯз ҳам лобии «динситез» ва «динҳарос» дар долонҳои ҳукумати қавӣ аст ва гоҳо муваффақ мешавад, ки зеҳни роҳбарияти кишвар ва тасмимгирандагони сиёсиро ба тарафи қабули чунин санадҳои мушкилзо бикашонад.
«Озодагон» зери пурсиши "оё мансабдорони коррупсионер боздошт мешаванд," навиштааст, ки Бобохонов барои мо давлату миллат насохтааст, ки раҳм куунем. Корҳои ӯро ҳар як афсари қаторӣ ҳам метавонист ба сомон расонад. Вай танҳо пул кор кард, дигар коре накардааст.
«Наҷот» ҳафтаномаи ҲНИТ, бахшида ба 18 август, рӯзи кормандони соҳаи беҳдошт вазъи соҳаро дар матлабе бо унвонии «Ҳиҷрати табибонро фақри ҷомеа асос аст» ё чаро «Сино»-ҳои тоҷик ватанро тарк мекунанд?", ба таҳлил кашидааст. Муаллиф навиштааст, ки мушкилоти мавҷуд ҳиҷрати табибон дар самти тарбияи табибони ҳирфаӣ холигоҳест барои фардо. Фардое, ки ба табиби ҳақиқи ниёзи шадид пайдо мешавад ва барои пур кардани холигоҳ масрафҳои ҳангуфт даркор аст. Беҳтар он аст, ки давлатмардон бар пояи ин мушкил биандешанд ва ба солимии миллату пойдории салатанати хеш биандешанд. Вагарна вақт рафт, нақд рафт. Ё не?
«Миллат» дар матолибе бо номи «Бозор Собир меъмори муҷассамаи Айнӣ» навиштааст, ки Бозор Собир ояндагонро ҳушдор медиҳад, ки агар аз адибони дигари тоҷик дафтару девон ба ёдгор монда бошад, аз Устод Айнӣ барои халқи тоҷик дар баробари дафтару девон Ватан ва Миллат низ ба ёдгор мондааст.
«Азия плюс» нашрияи мустақили русзабон дар сармақолаи худ зери унвони «Фоҷиа дар Помир» аз марги кӯҳнаварди украинӣ Олег Монсарро қисса кардааст.