Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Холиқов: Сухани охиринро додгоҳ мегӯяд


Ахиран Кумитаи дини Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳушдор дода буд, ки аз ибодати дастаҷамъона дар қароргоҳи ин ҳизб ҷилавгирӣ кунад. Кумитаи дин гуфтааст, дар сурати иҷро нашудани ин тақозо қазияи мазкурро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Посухи Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигори Озодӣ.

-Қазияи ахиран ба сари ҲНИТ омада, яъне хондани намоз дар мақари ин ҳизб то куҷо бархилофи қонун дар бораи дин аст?

-Мутобиқи қисми 3 модаи 20 Конуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодяи динӣ» ҷойе ки дар онҷо тоату ибодат карда мешавад, аниқ ва равшан муайян шудааст: «ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо, заминҳои ба онҳо мутталиқ, зиёратгоҳҳо вобаста ба хусусияти эътиқоди динӣ инчунин дар манзилҳои шаҳрвандон иҷро карда мешавад». Ҳадаф ва мақсади Конун аз ин муқаррарот қабл аз ҳама аз он иборат аст, ки тоату ибодати мардум мисли ҳар амали иҷозатдошта бояд дар мавқеъ ва макони муайян амалӣ шавад. Ҳар иҷозат мавқеъ ва макони худро дорад, ҳатто аз назари шариат низ, бинобар он берун аз макони иҷозатдодашуда иҷро кардани ин амал чӣ аз назари шариат ва ч аз назари қонуни давлат манъ аст. Ҳуқуқ ва озодӣ сарҳади худро дорад, ки он аз тартиботи умум, низому адл, ахлоқи ҷомеа ва манфиатҳои дигарон манша мегирад. Қонун тоату ибодати шаҳрвандонро дар иттиҳодияҳои динӣ дар заминҳои ба онҳо мутааллиқ, манзилҳо ва хонаҳои шахсӣ ( ки зиёда аз 1 миллион аст), дар 3 ҳазору 334 масҷиди панҷвақта, 327 масҷиди ҷомеъ , 47 маҷсиди ҷомеаи марказ иҷоза додааст. Зарурият пайдо шавад дар доираи қонун боз садҳо масҷидҳои дигар ба қайд гирифта мешавад, марҳамат, пайравони ҳизб ҳамчун ҷузъи мусулмонони кишвар ҳамроҳи мардуми кишвар дар ҷойҳои муқарраршуда ибодат кунанд.

-Яъне хондани намоз дар бинои ҲНИТ, ин риоя накардани талаботи қонун аст?

-Бале, бо Қонуни зикргардида мухолифат дорад. Аз ҷониби дигар, дар як сохтор ё қароргоҳи ҳизбе вуҷуд доштани як иттиҳодияи динӣ аз назари принсипи Конситутсионии ҷудоии ташкилоти динӣ аз давлат низ мумкин нест. Ин масъала ҳатто аз назари иймонӣ ва эътиқодӣ низ ба мақсад мувофиқ нест. Барои чӣ? Барои он, ки ҳизби сиёсӣ бо ғаразҳо олуда буда, дин ҷанбаи илоњӣ дорад. Иттиҳодияи динӣ ҳадафи асосиаш қонеъ гардонидани талаботи эътиқодии шаҳвандон аст, аммо ҳизб мубориза бурдан барои ҳокимият. Агар мо тамизи байни иттиҳодияи динӣ ва мақоми сиёсиро нагузорем дар чунин сурат хело ҳам хатари ҷиддӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вазъи эътиқодии хеш тавлид мекунем.

-Дар мавриди он, ки Кумитаи навтаъсис ва раиси нав дар амали мазкур ба кори худнамоӣ машғул аст, чи мегўед?

-Агар як сиёсатмадоре иқдоми Кумитаро дар масъалаи таъмини қонун худнамоӣ аз мансаб донад, албатта, аз назари ахлоқи сиёсӣ боиси таассуф аст, зеро таълимоту биниши ў яқин сари масъалаи ҳамин «мансаб баста» будааст. Ҳикмати халқ низ ҳаст, ки: «ҳар кас ба андозаи тафаккури… хеш андеша менамояд». Мо эҳтироми ҳаққи намозгузоронро тибқи қонун масъулем, чи наҳзатӣ ва чи ғайри онҳоро, набояд масъаларо ба манфиати гурўҳе тобиши сиёсӣ дод. Аз барои инсоф, хатои бобоямонро накунем(ишора ба Бобои одам, ки аз ҷониби Худованд ба ҳама чиз иҷозат шуд магар ба хурдани гандум…) ҳикмати ҳамин ривояти қуръонӣ низому тартиб аст.

-Арзишҳои исломӣ чӣ мешаванд, чун ормонҳои ин ҳизб таҳким ва ҳифзи арзишҳои ихлосӣ, аз қабили ибодат аст ва дар ислом ҳам гуфта шудааст ки ҳар ҷойе пок аст хондани намоз раво аст. Агар қонун ба эътиқод арҷ гузорад?


-Ҳеҷ чиз намешавад. Чаро мо масъаларо аз назари маҳдуди манфиати гурӯҳе ба муҳокима мекашем. Ҳазору чорсадсоле, ки тоҷикон бори пуршарафи мўъмину муслмониро бар дўш доштанд, арзишҳои исломиро кӣ дифоъ мекард? Магар Имоми Аъзам, Абуҳафси Кабири Бухорӣ, Абулқосими Самарқандӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ ва даҳҳо дигар абармардони майдони илми ниёгони мо, ки аъзои ҳизбе набудаанд густаришдиҳандаи арзишҳои исломӣ нестанд? Дигар мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ? Магар роҳбари давлат, ки ба раъйи мардуми Тоҷикистон имрўз кафилии фазои озоду сулҳи кишварро ба дўш доранд густаришдиҳандаи арзишҳои исломӣ нестанд? Коре, ки Президент дар густариши арзишҳои дини мубини ислом карданд на танҳо ҳизбиён, балки дар ҳазор соли ягон сарваре дар ин минтақа дар ҳаққи ислом накардааст. Аз ин хотир, муаррифӣ намудани ҳизбе ҳамчун густаришдиҳандаи арзишҳои исломӣ бар хилофи қонунияти ҳастии ҳизб, берун аз ақли сиёсӣ буда, баробар донистани он ба исломи миллӣ иштибоҳи қавии мантиќӣ ва шаръист. Тамоми мардуми Тоҷикистон 99 дарсад мусулмон аст. Лекин 99 дарсад аъзои ҲНИТ нест (ҳамагӣ 40 ҳазор) ва ин ҳаргиз маънои онро надорд, ки бақия мардуме ки аъзои ҲНИТ нест, мусулмон нест ва дархосту талаби онҳо мавриди эътибор набошад. Бубинед, аз назари шариат намоз низ вақти худро дорад, намешавад, ки кадом ваќқе хоҳем, ҳамон замон намоз хонем. Намешавад, ки ҷойнамозро дар роҳи мошингард партофта роҳи мардумро манъ карда, намоз гузошт. Имрӯз тоату ибодат дар ҳама ҷо иҷозат аст гуфта, нақлиёти ҷамъиятиро боз дорем, сарҳадро ҳифз накунем, заводу фабрикро боз дорем, беморхонаю фурудгоҳро бандем ки кор мекунад?, бехатарии мову шуморо кӣ таъмин мекунад?, беморони мову шуморо ки табобат мекунад? Масҷид дар ҳама ҷо иҷозат аст гуфта, ба дасти ҳизбҳои сиёсӣ масҷиду калисо, бутхонаю куништро дода, мардумро ба даврони фоҷиабори Аврупои асрҳои миёна баргардонем?

-ҲНИТ ҳамчун ҳизби динӣ ба қайд гирифта шудааст ва пас фаъолиятҳои онҳо мутобиқ ба Ойиномаи онҳост?


-Ойинномаи ҳизб санади зерқонунӣ аст, тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қувваи ҳуқуқуии қонун баландтар аз ойиннома аст, дар ҳолати мухолифат қонун амал мекунад. Дигар ин ки дар ойинномаи ҳизби онҳо сухан дар бораи ибодат нест, тафовути арзиши умумиинсонии динӣ ва меъёри эътиқодиро бояд дарк кард. Вақте ҳизби сиёсӣ фаъолияте мисли иттиҳодияи динӣ дорад, дар онҷо омехташавии эътиқод ба даъватҳои сиёсӣ ба назар мерасад, ки он бархилофи қонун дар бораи озодии виҷдон иттҳодияҳои динӣ, бар мухолифи қонун дар бораи ҳизбҳо ва Конститутсияи Тоҷикистон аст. На ҲХДТ, на ҲКТ, на ҲДТ ва на ҳизбҳои дигар тибқи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ надоранд, дар қароргоҳҳои худашон итҳодияи динӣ дошта бошанд. Худи Муҳидин Кабирӣ ҳам вақте бо мо сӯҳбат доштанд, возеҳу равшан гуфтанд ки дар қароргоҳи ҳизб масҷид нест. Яъне аллакай ин нишонаи он аст, ки раиси ҳизб мефаҳманд, ки мумкин нест, ки дар қароргоҳи як ҳизбе иттҳодияи динӣ таъсис дода шавад. Вале, мушкилӣ сари он аст, ки ҳамон вазоифи иттиҳодияи диниро дар қароргоҳи ҳизб иҷро карда истодаанд.

-Табиист, ки ҲНИТ ҳизби динӣ аст ва арзишҳои онҳо тоату ибодат аст, вале оё тасмими Кумита дар мавриди манъ кардани ибодат дар мақари ҳизб маҳдуд кардани арзишҳои ҳизбии онҳо нест?

-Не, ягон хел арзишҳои диниро мо манъ накардаем, мо шароит додаем, ки дар ҷойњои муайяншуда ибодати худро гузоранд. Дар масофаи аз 50 то 70 метр он тарафтар аз маркази ҳизб чанд масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта амал мекунад. Ман намефахмам, чаро ҳизбиён аз номи мардуми мусулмон ҳарф мезананд, даъвӣ ба ҳимояи арзишҳои динии миллат мекунанду дар байни мардуми мусулмон рафта намоз намегузоранд?! Чаро шумо рўзноманигорон аз онҳо инро намепурсед? Магар чунин ҷудонамоӣ аз нишонаҳои мўъмин аст? Бинобар он аз шумо рўзноманигорон хоҳиш мекунам, истилоҳотро дуруст истифода баред, ҳар нуқта ҷойю ҳар сухан маънои худро дорад. Ҳуқуқ ба ибодати аъзои ҲНИТ-ро ҳеҷ кас манъ накардааст. Аз онҳо хоҳиш мешавад, ки дар ҷойҳои муайяншуда намоз хонед. Дар масъалаи он, ки онҳо мегӯянд ҳамчун ҳизби динӣ аз арзишҳои динӣ пайравӣ мекунанд, марҳамат кардан гиранд, дар густариши арзишҳои динӣ саҳм гузоранд, вале ба омехтакунии эътиқод ва сиёсат даст назананд. Динро ба воситаи муборизаи сиёсқ табдил надиҳанд, ислом неъмати ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст, на аз они гурўҳе.

-Яъне ҲНИТ ҳуқуқ надорад, ки ҳатто дар Маркази Фарҳанги дохилаш ҳам намоз гузоранд?

–ҲНИТ дар қароргоҳаш ва дар Маркази фарҳангиаш, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳизб аст ба ибодати дастаҷамъӣ тибқи қисми 3 моддаи 20 ҳақ надорад. Дастаҷамъона ташкил кардани намози ҷамоат дар қароргоҳи ҳар ҳизбе ба принсипҳои асосии Сарқонуни кишвар ва қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аниқтараш ба моддаҳҳои 4, 13 ва 20 низ мухолифат мекунад. ҲНИТ метавонад, Маркази Фарҳангиашро барои доир кардани конфронсҳо, симпозиумҳо, умуман корҳои ҳизбӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ истифода баранд.

-Ба ҳар сурат, ки ҳоло баҳси Шумо то анҷоми моҳи Шарифи Рамазон мавқуф гузошта шудааст, тасмимҳои баъди чӣ хоҳад шуд. Агар рафту ҲНИТ дар мавқеи худ истодагари кунад, намозу рӯза сутунмӯҳраи ҳизб аст?

-Мо аз доираи қонун баромада наметавонам. Мутобиқи қонун огоҳнома мефиристем ва баъд аз гузариши мўҳлати муайян, агар камбуӣї ислоҳ нашавад, тартиби судии ҳалли масъала пеш меояд. Маводро мутобиқ ба талаботи қисми 3 моддаи 20 Қонун ва моддаи 474 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додгоҳ пешниҳод мекунем… Сухани охиринро суд мегўяд. Тарафи дигари масъала ин аст, ки дар сурати ислоҳ нашудани вазъият оқибати ин қонуншиканӣ метавонад пайомади вазнинтари ҳуқуқиро ба фаъолияти ҳизб дошта бошад, ҳарчанд ки мо инро намехоҳем.

-Мавзӯи ибодат ҳасос аст ва фикр намекунед, ки ин тасмим Кумитаи дин ба эҳсосоти як қишри ҷомеа мерасед, ки дар пай авоқиби хуб нахоҳад дошт?

-Касе, ба масъалаи ҳассос будани озодии эътиқод ва ҳуқуқи ибодати шаҳрвандон шакку шубҳа надорад ва касе ҳақ надорад, ки аз ин ҳассосият низ сўистифода намояд. Худ қазоват кунед, дар чаҳор тарафи бинои ҲНИТ масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаина аст. Чаро гурўҳе пайдо мешаваду мегўяд, не ба ман ин ҷойҳо маъқул нест, ва дар ҷое, ки ба ман маъқул аст дар ҳамон ҷо намоз мехонам ва мову шумо иродаи ўро чун иродаи кулли мардум бояд ҳассос муаррифӣ намоем? Меъёр на ибодатро балки худсариро манъ кардааст ва Кумита онро татбиқ менамояд. Фикр мекунам, ки давлат масъул аст, ки барои мардум иттиҳодияҳои динӣ кушояд ва ҳамзамон масъул аст, ки реҷаи кори заводу корхонаҳоро, ташкилоту муассисаҳоро ба низом дарорад. Вақте низому тартиб аст адлу инсоф ҷорӣ мешавад.

-Аз назари талаботи ислом ва ҷомеа чӣ?


-Тибқи талаботи исломӣ низ чи тавре, ки қаблан гуфтем намоз мавқеи муайянро металабад, мақоми намози ҷамоат масҷид аст гуфта шудааст дар даҳҳо ҳадисҳои саҳеҳ. Умуман минбари Худоро барои дигар амалҳо истифода бурдан, ба қавли бузургон хуб нест. Ғаззолӣ ҳадисеро аз Расули акрам овардааст: «..замоне фаро мерасад, ки иддае аз минбарҳо мардумро ба сўи Худо даъват мекунанд, эҳтиёт кунед, онҳо на ба сўи Худо балки ба сўи хеш мехонанд». Масҷид макони покиза, мавқеест, ки инсонҳо бо Худованд бояд роз гўянд, на макони мардумро барои мубориза ва қонеъ кардани талаботи як гурўҳе сафарбар кардан. Покиза будан ин танҳо покиза аз ифлосиҳо, не балки покиза аз ғаразҳо ва манфиатҳои дигарро низ ҳӯшдор менамояд. Табиист, ки барои он, ки мардум озодона зиндагӣ кунанд, талаботи худро қонеъ намоянд шаҳрвандон бояд ки кор кунанд, вазифаҳои худро иҷро намоянд. Ҳатто аз назари ислом низ талаби ризқи ҳалол ибодат аст ва дар ҳамон хонаи Худо низ афсарон дар вақти намоз дар хидматанд.

-Ба ҳар сурат баҳс ва ё гуфтугузорҳо сари намозӯ рӯза ва имону эътиқод, ҳамеша дар муқобили миллат ва ё як қишри аъзами ҷомеа қарор гирифтан аст. Яъне ба имон ё эътиқоди миллат даст задан, ҳамон туре ки Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки фишор болои ҲНИТ, фишор болои миллат аст?

-Ҳеҷ бардоранде бори дигареро набардорад, мегўяд Каломи раббонӣ. На Кабирӣ ва на каси дигар ҳақ надорад, як ҳизбро бо миллат омехта кунад. Аъзои ҳизби наҳзат як ҷузъи миллати тоҷик аст, вале ҳеҷ гоҳ ягон ҷизб ҳуқуқи аз номи миллат ҳарф заданро надорад. Ҳуқуқи аз номи миллат ва халқи Тоҷикистон ҳарф заданро Конститутсияи кишвар ба Президент ва Маҷлиси Олӣ додааст. Хоҳиш мекунам, ба ҳаққи халқ ва миллат худсарона даст назанем. Камбудию қонунвайронкунии худро бо ҳасоссияти динӣ вобаста накунед. Холиқов агар қонунро вайрон кунад, ин маънии онро надорад, ки миллати тоқик қонуншикан аст. Ҳар ҳодисаи иҷтимоӣ марзи худро дорад.

-Гуфта мешавад, ки қонуне ки ҳоло Кумитаи дин иҷрои онро аз ҲНИТ талаб мекунад, дар вақташ «ҳадафмандона» таҳрезӣ шуд ва имрӯз он ҳадафҳо ҳукми амалро гирифтанд. Бардоштҳо гуногун аст ва бояд, ки қонун ислоҳ шавад. То барои ҳама як хел фаҳмида шавад?

-Мебахшед, нишонаи демократия бо аксарияти овоз қабул кардани санад аст. Нуқсон қар қонун нест, балки дар мо шањрвандон аст, ки онро ба манфиати худ шарҳ доданӣ мешавем. Қонун аниқ ва равшан меъёрро навиштааст, онро бояд риоя кард, на мавриди баҳс қарор дод. Истисно аз меъёр низ ба истиснои қонун бурда мерасонад, маънии содакардашудаи он бетартибӣ ва анархия аст.

-Қонун догма нест. Имрӯз, ки бардоштҳо аз қонун гуногун аст пас зарурати дубора такмил кардани он аст. Шояд ин ташаббусро Шумо ба роҳ монед?

-Дуруст аст, ки қонун догма нест, вале ин маънои онро надорад, ки ҳар касе бо таври фаҳмиши худ онро муҳокима кунад. Тибқи моддаи 58 Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба субъектони махсус дода шудааст. Ин ҳуқуқроо тибқи талаботи моддаи мазкур ман надорам, вале мўҳтарам Кабирӣ М. ҳамчун вакил дорад. Вале, ин маънои онро надорад, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ норасоии аслии қонунро ба пуррагӣ дарк кардан аст. Ин танҳо ҳаққи пешниҳоди назар аст, масъала расмиёти ҳуқуқиро мегузарад, ҳамаҷониба таҳлил мешавад, агар аксарияти вакилон дастгирӣ кунанд сипас зинаҳои дигари қонунгузориро мегузарад. Қонунҳо бо тағйирёбии арзишҳо ва гузашти солҳо такмил меёбанд. Аммо, ҳоло муҳим риоя кардани қонун аст.

-Коршиносон бар ин назаранд, ки манъ кардани хондани намоз дар мақари ҲНИТ аз тарафи Кумитаи дин идомаи инзивоҳо нисбат ба ҲНИТ дар пайи интихоботи парлумонӣ аст, ки ҳизб ҳукумат ва ҲХДТ ро ба чолиш кашид?

-Мебахшед, ҲНИТ ҳамон миқдор раъйе гирифт, ки ҳамагон медонанд ва он расман эълон шуд. Яъне беш аз 8 дарсад. Ин раъйе нест, ки аз пирӯзии ҳизбе дар давлати демократӣ дарак диҳад. Умуман, камбудии худро бо муваффақиятҳо рўпуш намудан пешаи оқилон нест.
XS
SM
MD
LG