Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳо ба Покистон афзоиш меёбад


Покистон кӯшиш дорад то ҷомеъаи байналмилалиро мутмаъин кунад, ки ёрии онҳо ба дасти миллионҳо афроде, ки аз обхезӣ осеб дидаанд, хоҳад расид.Раҳмон Малик, вазири корҳои дохилии Покистон гуфт, ки ҳукумат мехоҳад аудиторҳои мустақилро даъват намуда нишон диҳад, ки пулҳо ба мақомдорони фасодзада ва ё ошубгарони толиб интиқол наёфтааст.

Ин мақоми олирутба изҳори умедворӣ намуд, ки тазмини ӯ, ихтисоси кӯмаки хориҷиро ба аҳолии осебзада суръат мебахшад.

Зиёнбортарин обхезӣ дар таърихи Покистон

Дар натиҷаи шадидтарин обхезӣ дар таърихи муосири Покистон, дастикам 20 миллион сокинони ин кишвар осеб дидаанд. Бо вуҷуди он, ки Мауризио Ҷулиано, сухангӯи СММ гуфтааст, ки ихтисоси сармояи кӯмакрасонон афзоиш меёбад, вале то ба ҳол танҳо нисфи маблағи заруррӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо дирӯз эълом намуд, ки ба ҳайси кӯмак ба Покистон 39 миллион доллар ҷудо кардааст. Қарор аст 23 август Кристина Георгиева, комиссионери иттиҳодия дар умури кӯмаки башардӯстона аз минтақаи осебдида боздид кунад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гузоришҳо, вазъи минтақаҳои офатзада рӯз ба рӯз бадтар мешавад. СММ хабар медиҳад, ки то ба ҳол танҳо 700 000 нафар бо хӯрокворӣ ва оби ошомидании соф таъмин шудаанд.

Биби Зайнаб, яке аз қурбониҳои офати табии аз вилояти Панҷоб аз ҳамагон ёрӣ хост:
“Кудакони мо беморанд. Об ҳатто дар лӯлаҳои об ифлос аст. Шумо метавонед бинед, ки ин ҷой то чӣ андоза чиркин мебошад. Пиронсолон ва кӯдакон оби ифлосро менӯшанд ва ин сабаби сарзадани маризиҳои гуногун мешавад. Аз ҳама илтиҷо мекунем, ки ба мо обӣ тоза диҳед. Ҳукумат бояд ба мо ёрӣ диҳад.”

Идомаи боришот сабаби ба вуҷуд омадани мавҷи дувуми обхезӣ дар рӯди Ҳинд шуда кори гурӯҳҳои наҷоторо мушкилтар кардааст. СММ гуфтааст, ки масоҳати минтақаи офатзада ба масоҳати се кишвари Аврупо- Швейтсария, Австрия ва Белгия баробар аст.

Крис Лум, сухангӯи дафтари маҳалии Созмони байналмилалии муҳоҷират зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт:

“Бино ба оморӣ расмӣ, наздик ба 891 000 манзил осеб дида ё ин, ки тамоман тахриб шудааст. Ин омор дар асоси тахмини он оварда шудааст, ки қариб нисфи ин манзилҳо дар вилояти Панҷоб воқеъ мебошад. Дар айни ҳол тасдиқи ин омор бисёр мушкил аст,чун он минтақа бо сабаби тағирёбии сатҳи об дастнорас мебошад. Аммо агар мо ин оморри тахминиро қабул кунем ин маънои онро хоҳад дошт, ки 446 000 хонаводаи дигар аз набудани паноҳгоҳи изтирорӣ азият мекашад”.

Осебдидагонро беморӣ ва гуруснагӣ таҳдид мекунад

Ба назар мерасад, ки офати табии ҳатто ба ҷангиёни исломигаро низ таъсир расонидааст, чун ба назар мерасад, ки задухӯрдҳои онҳо бо нерӯҳои ҳукуматӣ коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти беҳдошт дар мавриди паҳншавии маризиҳо изҳорӣ нигронӣ мекунанд. Даниел Тул, мудири дафтари Бунёди кӯдаки СММ ё ЮНИСЕФ дар Осиёи Ҷанубӣ гуфт, касалиҳои сирояткунанда ба миллионҳо нафар таҳдид мекунад.

“Занону кӯдакон дар хатаранд, на садҳо ё ҳазорон балки миллионҳо нафар. Занону кӯдакон аз ҳама бештар осебпазиранд, онҳо ба уфунатҳо ҳасостаранд ва онҳо дар шароитҳои ваҳшатнок зиндагӣ мекунанд.”

Ин дар ҳолест, ки Созмони озуқа ва кишоварзии СММ гуфтааст, ки агар кишоварзони Покистон дар вақташ киштукорро анҷом надиҳанд хатари он вуҷуд дорад, ки тамоми кишвар бо гуруснагӣ рӯбарӯ шавад.
XS
SM
MD
LG