Дар посухи Вазорати маориф омадааст, ки ҳукми додгоҳи иқтисодӣ дар мавриди донишкада дар чаҳорчӯби Сарқонун ва дар асоси далелҳои ироакардаи ин вазорати сурат гирифтааст. Ба навиштаи вазорат, ин далелҳо собит кардааст, ки шароити Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот мутобиқи меъёрҳои муассисаҳои омӯзишии олии кишвар нест.
Вазорати маориф мегӯяд, қатъи кори донишкада ба таҳсили донишҷӯён таъсир нахоҳад гузошт ва тамоми муҳассилини ДНФИ ба дигар макотиби олии кишвар интиқол дода хоҳанд шуд. Ҳамчунин, ба гуфтаи вазорат, устодони донишкада дар дигар муассисаҳои таълимӣ бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Нигаронии сафирон аз сарнавишти ДНФИ
Сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе дирӯз бо ирсоли як номаи дастаҷамъӣ унвонии ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба фармони Вазорати маорифи ин кишвар дар бораи манъи фаъолияти Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот изҳори нигаронӣ карданд.
Дар ин нома, ки аз сӯи сафирони Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо имзо шудааст, гуфта мешавад, вазорати маориф бидуни ироаи далели сареҳ дар мавриди манъи фаъолияти ин донишкада тасмим гирифтааст.
Намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ аз ДНФИ ҳамчун донишкадаи бонуфуз ва маркази омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ ном бурдаанд. Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон имрӯз ба чунин марказҳо ба мисли Донишкадаи навовариҳои фаннӣ сахт ниёз дорад ва баста шудани донишкада ин нигарониро дар пай дорад, ки дигар марокизи хусусии таълимӣ дар Тоҷикистон ҳар гоҳ метавонанд ба чунин мушкил рӯбарӯ шаванд.
Намояндагони дипломатии хориҷӣ ба ношаффофии бозрасии парвандаи Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот дар додгоҳ ишора кардаанд. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки ин парвандаро таҳқиқ намояд ва донишҷӯёни ин донишкадаро аз таҳсил маҳрум накунад.
Раиси донишгоҳ: Вазорати маорифро ба додгоҳ мекашем
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот бархе аз меъёрҳои муайяншуда дар иҷозатномаи ин донишкадаро риоят накардааст. Ба гуфтаи вазорат бинои ин донишкада низ ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест. Ахиран вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов дар ин робита гуфта буд: "Бинои ин донишкада хобгоҳи собиқи Донишгоҳи миллист ва пас аз се дафъаи харидуфурӯш дар ихтиёри ин донишкада қарор гирифт. Бастани ин донишкада бар асоси қонун сурат гирифтааст ва дар ин ҷо дигар мавзуе матраҳ нест".
Аммо раёсати ДНФИ амри вазорат дар мавриди бастани донишкадаро ғайриқонунӣ медонад ва мегӯяд, ин донишкада як сол қабл пас аз санҷишу баррасӣ аз сӯи вазорати маориф иҷозатномаи фаъолият гирифтааст. Садриддин Акрамов, раиси Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот, гуфт, "мо бо Вазорати маориф шартномаи имзокарда дорем ва агар фаъолияти моро манъ кунанд, мо вазоратро барои иҷро накардани шартнома ва ҷуброни масрафҳои кардаамон ба додгоҳ мекашем".
Баҳси вазорат бо донишкада
Вазорати маориф моҳи июли соли ҷорӣ фармони баста шудани донишкада ва манъи қабули ҳуҷҷатҳоро барои соли таҳсили 2009-2010 содир кард, аммо сарфи назар аз ин, раҳбарияти ин мактаби олӣ имсол беш аз 400 нафар донишҷӯи навро қабул кардааст. Дар умум, теъдоди донишҷӯёни ин ҷо беш аз 1500 нафар аст.
Баҳси миёни вазорати маориф ва ягона донишкадаи хусусии марбут ба ширкати "Садр" дар ҳоле дубора гарм мешавад, ки қаблан додгоҳи иқтисодии Душанбе баҳси рӯзада миёни ин ҳардуро ба фоидаи мақомоти донишкада ҳал карда буд. Вале Шӯҳрат Қудратов, вакили ҳуқуқии ин донишкада мегӯяд, додраси ин додгоҳ ҳамагӣ пас аз як рӯзи содир кардани ҳукмаш, таъиноти худро рад кардааст.
Таҳлилгарон ин мавзӯъро ҳам ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Ашурбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик, ба ояндаи ин кашмакашҳои додгоҳӣ хушбин нест. Вай мегӯяд, "ин охирин ягона донишкадаи ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон аст ва кашмакашҳои додгоҳӣ бенатиҷа аст. Зеро сиёсати давлат ҳамин аст, ки намехоҳад ба муассисаҳои мустақил иҷозаи фаъолият бидиҳад".
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки қазияи мутаваққиф шудани донишкадаи хусусии марбут ба ширкати “Садр”, аз як сӯ, ба рақобатҳои ба гуфтаи онҳо носолим дар миёни муассисаҳои омӯзишу парвариши давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ҷалби донишҷӯён марбут аст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи онҳо, ҳузури фаъоли мухолифони давлат дар ин донишкада мақомоти давлатиро нороҳат кардааст.