Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳюман Райтс" аз ҳукумати Қирғизистон интиқод кард


Дар натиҷаи таҳқиқи тӯлонӣ, дидбони ҳуқуқи башар ё "Ҳюман Райтс Вотч" қароргоҳаш дар Ню Йорк гуфт, баъзе воҳидҳои низомии ҳукумати Қирғизистон дар ташкили хушунат алайҳи узбактаборон дар моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷануби ин кишвар мусоидат кардаанд.

Дар гузориши худ, ки “Адолат куҷост: хушунатҳои байниқавмӣ дар ҷануби Қирғизистон ва арзёбиҳои он” унвон шудааст, дидбони ҳуқуқи башар навиштааст, ки таҳқиқи ҳодисаҳои хунин, ки аз ҷониби мақомоти Бишкек сурат гирифт, мунсифона набуда, саршор аз тақаллуб аст.

Дар натиҷаи ҳодисаҳои хунини моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон садҳо нафар кушта, ҳазорон нафар маҷруҳ ва садҳо ҳазор узбактабори он кишвар маҷбур ба тарки ҷойҳои зисти худ шуданд.

Гузориши “Ҳюман Райтс Вотч” дар асоси пажуҳишҳо ва беш аз 200 мусоҳиба бо қирғизтаборон, ӯзбактборон, шоҳидони айнӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар, мақомоти ҳукуматӣ ва кормандони полису ниҳодҳои амниятӣ таҳия шудааст.

Дидбони ҳуқуқи башар далелу бурҳон пеш меорад

Муаллифони ин гузориш аксҳо аз кайҳон, наворҳои видеоӣ, ҳуҷҷатҳо ва мадракҳои додгоҳиро низ мавриди пажуҳиш қарор додаанд.

Оле Солванг, пажуҳишгари “Ҳюман Райтс Вотч” ва яке аз муаллифони гузориш гуфт, таҳқиқи дидбони ҳуқуқи башар нишон дод, ки баъзе ин нерӯҳо дар ивази ҳали ин мушкил дар ин хушунатҳо саҳм гирифтаанд.

Солванг ба радиои Озодӣ гуфт, созмон умед дорад, ки ҳукумати Қирғизистон хулосаҳои гузоришро ҳангоми анҷоми таҳқиқи худаш ба инобат мегирад: "Илова бар ин, мо умед дорем, ки бозрасии байналмилалӣ ва комиссияи миллӣ таҳқиқи одилонаи худро анҷом хоҳанд дод. Ва агар онҳо ба ин кор пардозанд, дар ин сурат ман фикр мекунам, ки онҳо ба хулосаҳои ҳамсон мерасанд.”

Хушунатҳо 10 июн дар шаҳри ҷанубии Ӯш сар зад. Он замон гурӯҳи бузурги узбактаборон дар вокуниш ба задухурд миёни узбакҳо ва қирғизҳо гирдиҳам омада буд. Он шаб алайҳи қирғизтаборон чандин ҳамла сурат гирифт ва ин воқеа қирғизҳо аз деҳоти гирду атрофро ба ҳаракат ба самти Ӯш ангезиш дод.

Аз 11 то 14 июн, маҳаллаҳои ӯзбакнишин мавриди ҳамлаҳо қарор гирифта манзилу корхонаҳои хусусии онҳо ба коми оташ кашида шуда баъзе маҳаллаҳо бо хок яксон шуда буд.

Дар натиҷа, беш аз 400 нафар кушта шуд ва ғоратҳои густардаи молу амволи узбактаборон ба амал омад. Даҳҳо ҳазор узбактаборон ба Узбакистон фирор карданд ва ин мунҷар ба бӯҳрони амиқи паноҳандагӣ шуд.

Дидбони ҳуқуқи башар бо чандин шоҳидони айни сӯҳбат кардааст, ки гуфтаанд мардони либоси низомӣ бар тан, савор ба мошинҳои зиреҳпӯш деворҳои аз ҷониби узбактаборон барои муҳофизати худ бунёдкардаро тахриб ва роҳро барои ғоратгарон ва авбошон ҳамвор мекарданд.

Ҳюман Райтс: Мақомоти қирғиз дар нооромиҳо даст доштанд

Ин шоҳидон инчунин иттило доданд, ки ба думболи ин мошинҳои зиреҳпӯш, афроди силоҳбадаст вориди маҳалаҳо шуда ба тарафи узбактаборони боқимонда оташ мекушоданд ва онҳоро таъқиб мекарданд. Баъд аз ин, ба ин маҳаллаҳо издиҳоми мардум мерехт ва онҳо манзилҳоро ғорат мекарданду оташ мезаданд.

Ҳукумати Қирғизистон иддао дорад, ки ғоратгарон силоҳу мошинҳои дуздидашударо истифода мебурданд аммо дар гузориш гуфта шудааст, ки намешавад гуфт, ки ҳамаи мошинҳои низомӣ дуздӣ буданд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки бино ба мадракҳо, дар баъзе маҳалаҳо ин мошинҳоро нерӯҳои интизомии ҳукумат идора мекарданд, ки барои истиқрори вазъ ба онҷо равона шуда буданд. Ин нерӯҳо дар баъзе мавридҳо ба ғоратгарон ва афбошон ёрӣ медоданд.

Солвангдар гуфтугӯ бо радиёи Озодӣ изҳорӣ боварӣ намуд, ки мақомоти Бишкек қобилият дорад таҳқиқи дақиқ ва одилонаи хушунатҳоро анҷом диҳад. Аммо ҳукумат барои анҷоми чунин таҳқиқи майле намоиш намедиҳад. Дар гузориш омадааст, ки дар дохили ҳукумати Қирғизистон дар робита бо таҳқиқи ҳодисаҳо мушкилиҳои ҷидди вуҷуд дорад.

Ва ин дар ҳолест, ки Роза Отунбоева президенти Қирғизистон гуфтааст, ки шахсан ба додситонони маҳалӣ, полис ва бозрасон таъкид намудааст, ки ба таври пурра мувофиқи қонун амал кунанд.

Азобу шиканҷа ҳанӯз идома дорад

Аммо Солванг гуфт ин падидаро мушоҳида накардааст: “Дар онҷо шумораи зиёди боздоштҳои ихтиёрии шубҳанок ба амал омад. Мо шоҳиди истифодаи густарда аз бадрафторӣ ва азобу шиканҷаи боздоштшудагон будем. Ва мо дар нисбати то чи андоза одилона будани бозрасӣ саволҳои ҷиддӣ дорем.”

Кормандони “Ҳюман Райтс Вотч” мегӯянд, ки дар бораи азобу шиканҷаи беш аз 60 боздоштшуда шикоят гирифтанд ва аз ҷумла яке аз ин боздоштшудагон бар асари захмҳои дар зиндон бардоштааш ба ҳалокат расидааст.

Дидбони ҳуқуқи башар ҳушдор дод, ки идомаи азобу шиканҷа танишҳоро афзоиш медиҳад.

Тибқи омори дафтари Додситони кули Қирғизистон, ки ба тозагӣ интишор гашт, аз 243 нафари боздоштшудаи баъд аз хушунатҳо, ҳамагӣ 29 нафарошон қирғиз ва боқимонда узбактаборонанд.

Дидбони ҳуқуқи башар аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо даъват намуд, барои коҳиши танишҳои байниқавмӣ дар минтақа, эъзоми гуруҳи хурди машваратии неруҳои полиси байналмилалиро суръат бахшад.

“Ҳюман Райтс Вотч” инчунин аз СММ хост ба таҳқиқи байналмилалии хушунатҳо ва арзёбии он кӯмак расонад.
XS
SM
MD
LG