Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз тарҳи андози аксизии телефони ҳамроҳ


Палатаи бозаргонии Амрико дар Тоҷикистон тасмими роҳандозии молиёти аксизии 3-дарсадӣ барои истифода аз телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистонро мухолифи барномаи рушди ин кишвар унвон кардааст.

Тарҳи молиёти аксизӣ барои телефонҳои ҳамроҳ моҳи гузашта аз сӯи Вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод шуд ва он норизоятии ширкатҳои телефонӣ ва мардумро ба бор овард. Қарор аст, ин пешниҳод дар парлумон баррасӣ шавад.

Раҳбарияти Палатаи бозаргонии Амрико дар изҳороти худ дар робита ба ин мавзӯъ гуфтааст, андози аксизӣ аз маводҳои зараровар ба ҷомеа ва табиат, ба мисли сӯзишворӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку ситонида мешавад. Вале Тоҷикистон талош дорад, телефони ҳамроҳро низ чун моли зараровар андозбандӣ кунад.

Тасмими ҷорӣ кардани андози навро ин ниҳод натиҷаи тарғибу ташвиқи зарари телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Дар бораи зарари телефони ҳамроҳ мақомоти баландпояи Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд. Ахиран раисиҷумҳур зимни суханронӣ дар бораи ширкатҳои мобилии кишвар телефони ҳамроҳро барои сиҳатии мардум зараровар эълон кард. Пас аз чунин изҳороти раисиҷумҳур шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба тарғиби зарари телефон пардохтанд.

Палатаи бозаргонии Амрико мегӯяд, роҳандозии молиёти аксизӣ барои телефони ҳамроҳ боиси болоравии нархи хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон хоҳад шуд, ки бар зарари мардум хоҳад буд.

Шумори муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6 миллион, ё 80 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад
Дар ин изҳорот шабакаҳои мобилӣ рушдкардатарин бахши иқтисоди Тоҷикистон ва яке аз роҳҳои муассири пешрафти Тоҷикистон унвон шудааст. Ин ниҳод аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз ҷорӣ кардани андози нав худдорӣ ва баръакс барои пешбурди ин бахш мусоидат кунанд.

Вазорати молия: Ба буҷа як танга ворид шавад

Аммо Вазорати молияи Тоҷикистон ҳадаф аз ҷорисозии андози аксизиро пур кардани бахши даромади буҷа меномад.

Фазлиддин Шомуродов, масъули идораи андозу аксизи Вазорати молия, дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ гуфт, "мо инро манбаи даромади буҷа мегӯем, ки ба буҷа як танга ворид шавад. Ин мавзӯъ матраҳ аст, ки ҳамин аксизи 3-дарсадӣ пешниҳод шавад. Мо агар ин лоиҳаро пешниҳод кунем, аввал бо вазоратхонаҳои зидахл онро мувофиқа мекунем. Як бор ин пешниҳод сурат гирифта буд, вале ҳоло аз вазорати молия берун нашудааст".

Вокуниши ширкатҳои мобилӣ

Фирӯза Раҳимова, масъули Палатаи бозаргонии Амрико, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, роҳандозии аксизи 3-дарсадӣ ба сарозер шудани сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон низ монеа эҷод хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, ки бо сармояи хориҷӣ кор мекунанд, мухолифи ин иқдоми давлат ҳастанд.

Ғафур Эркаев, раиси ассотсиатсияи ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон, гуфт, "агар ин андози аксизӣ ҷорӣ шавад, дар навбати аввал муштариёни телефони мобилӣ зарар хоҳанд дид ва ин амрро метавон нақзи ҳуқуқи истифодабарандагони телефони ҳамроҳ аз сӯи давлат донист.

Ҷаноби Эркаев мегӯяд, ин пешниҳод қабл аз ироа шудан ба давлат ва парлумон бояд аз сӯи мутахассисон ва иқтисоддонҳо баррасӣ шавад. Утоқи бозаргонии Амрико низ ба ҳамин назар аст.

Ҷанг бо ширкатҳои мобилӣ?

Масъалаи роҳандозии андози аксизӣ барои телефонҳои аз соли 2007 дар Тоҷикистон матраҳ буд, вале пуштибонӣ намеёфт. Коршиносон дубора матраҳ шудани ин масъаларо ба изҳороти ахири раисиҷумҳур дар бораи зиёни телефони ҳамроҳ рабт медиҳанд. Дар пайи ин изҳорот дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ маъракаи густардаи тарғиботӣ алайҳи телефони ҳамроҳ оғоз шуд.

Шаҳрдории Душанбе дар ҳошияи ин тарғибот барои барчидани рекламаи ширкатҳои мобилӣ аз кӯчаҳои пойтахт дастур дод, ки боиси сарусадоҳои зиёде дар миёни ширкатҳои мобилӣ ва сармоягузорон шуд.

Ба гуфтаи бархе дигар аз коршиносон норизоятии давлат аз ширкатҳои телефони ҳамроҳ ин аст, ки ин ширкатҳои мустақил оидоти зиёд ба даст меоранд, дар ҳоле, ки ягона ширкати давлатии мобилӣ - «Тоҷиктелеком» беш аз 50 миллион қарздор ва дар ҳоли варшикастан аст. Коршиносон мегӯянд, давлат талош дорад ширкатҳои телефонии мобилиро таҳти назорати худ бигирад ва аз ин ҳисоб қарзҳои худро бипардозад.

Соҳаи пешрафтаи Тоҷикистон

Ин дар ҳолест, ки фанновариҳои мухобиротӣ рушдкардатарин соҳаи иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва дар ин самт Тоҷикистон за аксари кишварҳои собиқ Шӯравӣ пешрафта аст.

Дар ҳоле, ки дар аксари кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумл дар Русия, барномаи гузариш ба системаи рақамии телефонӣ ҳанӯз идома дорад, Тоҷикистон ба сурати куллӣ ба низоми телефони рақамӣ ва ҳатто дар аксари маврид ба навъи пешрафтаи он гузаштааст.

Шумори муштариёни телефони ҳамроҳ низ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Бино ба иттилои вазирати нақлиёт ва коммуникатсия, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 5 миллиону 924 ҳазор муштарии телефонӣ мобилӣ сабт шудааст, ки баробар ба 80 дарсади аҳолист.

Коршиносон мегӯянд, ҷоришавии андози аксизӣ барои истифода аз телефони ҳамроҳ ва фишор болои ширкатҳои мобилӣ метавонад то ҷое боиси кундии кори онҳо ва ақибмонии ин соҳаи нисбатан муваффақи Тоҷикистон низ бишавад.
XS
SM
MD
LG