Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи як гурӯҳи ноболиғон дар Қурғонтеппа


Баррасии парвандаи ҷиноии як гурӯҳи 9 нафарӣ, ки 6 нафари онҳо ноболиғ ҳастанд, дар толори додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ҷараён дорад. Ин парванда за сӯи ҳайати ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Дар курсии айбдоршавандаҳо Зафар Сатторов-хизматчии низомии яке аз воҳидҳои ҳарбии вазорати мудофиъа ва чанд ноболиғ нишастаанд.

Ба иддаои додситонии ҳарбии минтақа, Зафар Сатторов баъди фирор аз хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, як гурӯҳи ноболиғонро ҷиҳати анҷоми корҳои ғайриқонунӣ ҷалб кардааст.

Ин афрод аз ҷумла дар роҳзанӣ, сӯиқасд ба ҷони одамон, дуздии моликияти шаҳрвандон муттҳам мешаванд. Аксари муттаҳамон аз 14 то 17 сол умр дошта толибилмони макотиби ҳамагонии Қурғонтеппа мебошанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ тақозо кардааст, ки Зафар Сатторов- роҳбари ин гурӯҳро, ки аскари Вазорати Мудофиъа будааст,ба 30 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кунанд. Мурофиъа ҳамин ҳоло идома дорад.

Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG