Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матлуба Раҳимова: Тараннумгари навои қалби хеш


Матлуба Раҳимова
Матлуба Раҳимова

Аз ҳунари овозхонии Матлуба Раҳимоваи 24- сола чанд соли пеш танҳо хонаводаву ҳамдеҳагонаш хабар доштанд, аммо пас аз ширкати ӯ дар ҷашни «Фалак» дар соли 2008-ум ҳоло аз садои марғуби ин ҷавондухтари нобино дар сар то сари кишвар ҳарф мезананд.

Маҳз дар ҳамин ҷашнвора ҳунари ӯро президенти кишвар баҳои баланд дод ва дар пойтахти кишвар барояш манзили якҳуҷраӣ тақдим кард.

Матлуба мегӯяд, ҳарчанд аз дидани рӯшноиву зебоиҳои табиат маҳрум аст, вале шунидани садои мурғону вазидани бод барояш илҳоми хонданро медиҳад.

Матлуба ҳамагӣ то синфи 5 дар мактаб-интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор таҳсил кардааст ва мегӯяд, хатту саводӣ кофӣ надорад. Вале новобаста аз ин ҳама ҳунари суханварӣ ва шеърнависии Матлуба то ҳаддест, ки бештариҳо ба ӯ ҳасад мебаранд.

Ин овозхони ҷавон дар ҳама жанрҳои мусиқӣ қобилияти суруд хонданро дорад. Ӯ то имрӯз қудрати овози худро дар таронаҳои мардумиву Шашмақом ва поп санҷидааст. Аммо, мегӯяд Матлуба, Фалак барояш наздиктар аст.

Матлуба дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст ва ҳоло дар дастаи «Фалак»-и назди Кумитаи радио ва телевизион фаъолият мекунад. Ҳанӯз ҳеҷ албоме сабт накардааст, ҳарчанд оҳангҳои зиёд дорад. Сабабашро ҳамин гуна шарҳ медиҳад, ки маблағ ва сарпарасте надорад. Вале ҳамоно умед бар он дорад, ки рӯзе ҳатман сабтҳояшро нашр хоҳад кард.

Матлуба Раҳимова дар меҳмонии Ситораборон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:14 0:00
XS
SM
MD
LG