Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз донишгоҳ то сарбозӣ ва маҳбас


Масъулони созмони ҷамъиятии ҳуқуқшиносони ҷавон мавсум ба «Ампаро» дар Хуҷанд, аз ҳабси як даъватшавандаи хизмати ҳарбӣ иттилоъ медиҳанд.

Дилрабо Самадова як масъули ин созмони ҷамъиятӣ дар Хуҷанд гуфт, ки дар мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, додгоҳи ҳарбии Хуҷанд як ҷавон, сокинони устони Суғдро, ки феълан ба хотири нигоҳ доштани сирри шахсӣ аз ӯ ном бурда намешавад, барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ барои ду сол равонаи зиндон кардааст.

Ба гуфтаи хонум Самадова, ин ҷавон баъди хориҷ шудан аз донишгоҳ, иҷборан ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб шудааст ва ба ҳангоми фиристодан ба сафи артиш ӯ рагҳои хунгарди баданашро буридааст.

Аммо ин амалаш низ ӯро аз хизмат раҳо накарда, баръакс боис шуд то ӯ ба маҳкама кашида шавад. Дилрабо Самадова мегӯяд:

«Аз сабаби он, ки ин ҷавон аз донишгоҳ хориҷ шудааст, ӯро кормандони комиссариат ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, аммо худи ин ҷавон мехост, ки аввал донишгоҳро пурра хатм кунад ва баъд ба хизмати ҳарбӣ равад. Қонун пешбинӣ накардааст, ки донишҷӯёне, ки аз донишгоҳ хориҷ шудаанд, бояд, ки ба қувваҳои мусаллаҳ даъват карда шаванд.

Хонум Дилором дар идомаи суханаш гуфт: "Новобаста аз шикояту арзҳояш ин ҷавоноро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, ин ҷавон намехост, ки нисбати худ қонунвайронкуниҳоро раво бинад, бинобар ҳамин дар вақти фиристодан ба хизмат вай рагҳои хунгардашро буридааст ва ҳоло барои чунин амалаш ӯро барои ду сол ҳабс кардаанд".

Афзоиши ҳодисаҳои нақзӣ ҳуқуқи ҷавонон

Хонум Самадова мегӯяд, ки қазияи ба маҳкама кашидани ин ҷавонон аз рӯи даъвои волидон дар ҳоли баррасӣ аст ва барои исботи бегуноҳӣ ва раҳо ёфтани вай аз зиндон ба додгоҳи олӣ шикоят хоҳанд бурд. Кормандони Созмони ҳуқуқшиносони ҷавони Суғд мавсум ба «Ампаро» мегӯянд, ин танҳо як ҳолати нақзи ҳуқуқи ҷавонон ба ҳангоми даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ аст.

Ҳомиёни фаъоли ҳуқуқ дар Хуҷанд аз афзоиши қонуншиканиҳо дар масоили даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ изҳорӣ нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, беш аз 30 дарсадӣ даъватшавандаҳои маъракаи баҳору тобистонаи хизмати ҳарбӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз ҷонибӣ кормандони комисариатҳо ва дигар афроди мансабдор сурат мегирад. Шавкат Умаров, вакили мудофеъ дар Хуҷанд дар ин замина меафзояд:

«Кормандони комисариатҳои ҳарбӣ ва дигар шахсони мансабдор, барои нақшаи даъватро ба иҷро расонидан, дар бархе ҳолатҳо аз чаҳорчӯбаи қонун мебароянд. Масъалан, то судури фармони раиси ҷумҳур, даъватномаҳо аз ҷониби масъулин тақсим карда мешаванд. Чунин кор мувофиқи қонун нест, зеро баъди баромадани фармони президент маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ расман бояд ки оғоз шавад».

Кормандони комиссариат: ҷавонон ба хизмат омодаанд

Аммо дар ҳамин ҳол, додгоҳи ҳарбии Хуҷанд аз ифшои шумори парвандаҳои маъмурӣ ва ё ҷиноӣ нисбати даъватшандаҳо худдорӣ меварзанд. Ва масъулини комисариатҳо мегӯяд, солҳои охир масоили даъвати ҷавонон ба сафи нируҳои кишвар беҳбуд ёфта, таваҷӯҳи ҷавонон барои хизмат дар сафи артиш афзун шудааст.

Муллоқурбон Тоҳиров, ҷонишини масъул дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Масҷоҳ дар ин зимн гуфт, ки «Худи ҷавонон барои ба хизмат сафарбар шудан омода ҳастанд. Шароит ҳоло беҳтар шудааст. Волидон ҳам қонунҳои кишварро дарк кардаанд ва онҳо барои фиристодани фарзандон ба хизмат монеъ намешаванд».

Магар хизмат танҳо барои камбағалҳост?

Аммо ба ҳангоми сӯҳбат худи ҷавонон изҳор мекунанд, ки адами шароит дар қисмҳои низомӣ ва аз ҷониби дигар мушкили пайдо кардани ҷои кор, пас аз хизмати аскарӣ аз мушкили аслиест, ки бисёриҳоро аз хизмат дар сафи артиш нохушбин кардааст.

Анвар Баротов як ҷавонӣ суғдӣ дар сӯҳбат ба Ояндасоз гуфт: «Агар ман ба хизмат равам, баъди хизмат боз, дарёфти кор маро азоб медиҳад ва аз сабаби пайдо карда натавонистани кор эҳтимол баъди хизмат ба муҳоҷират рафтани ман лозим меояд. Хуб мешуд, агар баъди хизмат барои ҷавонон ҷои кор таъин карда шавад. Дар дигар давлатҳо барои ҷавононе, ки як сол ба аскарӣ мераванд, ҷои кор муҳайё аст, аммо дар мо ин иқдом дида намешавад».

Вай дар идомаи суханаш афзуд: «Як чизи дигарро мехоҳам зикр намоям, ки бояд дар кишвари мо ҳам хизмат кардан барои ҳама баробар бошад. Чанд боре, ки ба облава дучор шудам, мушоҳида кардам, ки зиёд ҷавонон, хоса фарзандони мансабдорон аз хизмат озод карда мешуданд. Аммо фарзандони оилаҳои камбизоат ба хизмат фиристода мешаванд» .

Анвар Баротов ҳамчунин изофа мекунад, ки дар бисёр ҳолатҳо ба мушоҳида мерасад, ки танҳо фарзандони афроди камбизоат ба хизмат бурда мешаванд, аммо сафарбаркунии фарзандони афроди мансабдор ба чашм намехурад.

Ӯ мегӯяд, дар ҳоле теъдоде аз ҷавонон аз хизмат саркашӣ мекунанд, ки умдатан ба далели вазъи бади иқтисодӣ онҳо масъулияти таъмини хонаводагиро бар душ гирифта, ба умеди муҳоҷирати корӣ дар берун аз кишвар ҳастанд.

"Хатти доғ"

Ба ин тартиб масъулони созмони ҳуқуқшиносони ҷавонон дар Хуҷанд тасмим гирифтаанд, як ҷо бо даъвати кормандони комиссариат, волидон, ҳуқуқшиносону коршиносон ва худи ҷавонон сари як мизи гирд, масоили ҳуқуқии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро баррасӣ кунанд. Ҳамчунин ин ташкилоти ҷамъиятӣ, барои даъватшавандон ва ҳам хизматчиёни артиш «хатти доғ» ро ташкил намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд, бо муроҷиат ба ин шумораҳо (92) 741 99 95 ва (92) 815 16 46) атрофи мушкили худ кӯмаки ҳуқуқии ройгон бипурсанд.
XS
SM
MD
LG